Ман низ аз номи худ парвое надоштам то ба дирӯз. Дирӯз духтури ҳайвонот, ҷавони тахминан 25–30 сола, бо сару либос ва анҷоми духтурӣ барои эм кардани чорвои хонагӣ аз касалиҳои сироятӣ омад. Аҳли оила ба ӯ кумак кардем, то вай ба молҳои калону майда сӯзандору гузаронад. Баъди ҳисоб кардани мол духтур дафтаре бароварда, кори кардаашро қайд карда ному насаби маро пурсид.
Гуфтам.
–Мебахшед, муаллим, Тоиров насабатону Қӯчқор тахаллусатон бошад даркор? – бо тааҷҷуб пурсид вай.
–Не, додар, ин номи ман аст, –гуфтам.
–Ин писаронатон дар ягон донишгоҳ мехондагистанд? – пурсид вай.
–Оре,- бо тасдиқ сар ҷунбонидам.
– Пас, муаллимҷон, онҳо аз номи шумо, ки насаби онҳост, бисёр миннатдор бошанд даркор?
Писарҳоям беихтиёр хандиданд.
Ман бошам каме хиҷолат кашида, рости гап, дар қаҳр шудам.
„Аҷабо! Ҷойе, ки номи Бузаку Гургак ва Хасу Хошок ҳаст, номи ман он қадар ҳам бад садо намедиҳад- ку?“
–Муаллимҷон, наранҷед, – бо табассум гуфт молдухтур. – Шумо медонед, насаби ман кист?
– Не, -гуфтам.
– Бадарғаев, номам Табаррук. Яъне бадарға будан, ин худ табаррук будааст, – бо ханда гуфт вай.
Ман сабаби чунин ном гирифтани падарашро пурсидам.
– Медонед, муаллим, солҳои 50 –ум оилаи бобоямро ба водии Вахш муҳоҷир мекунанд ва ҳамон сол падарам таваллуд мешавад. Бобоям муҳоҷирро аз бадарға фарқ накарда падарамро Бадарға ном мемонад.
–Пас, насабатон боиси нороҳатиҳои зиёде шудагист?
–Нагӯед, муаллим. Солҳои бачагӣ, мактабхонӣ, донишгоҳ ва то имрӯз ман гӯё дар бадарғаам. Рости гап, оҳиста- оҳиста ба ин насаб одат ҳам кардам. Вале имрӯз фаҳмам дар ин мусибат танҳо набудаам. Мана дирӯз дар деҳаи ҳамсоя ба хонае даромадам. Соҳиби хона зани миёнсол, сафедпӯсту соҳибҷамоле будааст. Ду гӯсфандашро эм карда номи занро барои қайд пурсидам.
– Юсупова Ҷӯгӣ, - гуфт.
Ман ҳайрон шуда:
– Хола, шумо ҷӯгӣ – мӣ? –гӯям.
Худат ҷӯгӣ, тирмизак! Ту киро ҷӯгӣ мегӯӣ? – гӯён қариб буд ба ман ҳамла кунад.
–Хола хафа нашавед. Ҷӯгӣ миллати бофарҳанг, боҳунар ва хеле қадима аст. Аз ин фахр кардан даркор. Охир, номатон ҷӯгӣ - ку? – гӯям.
–Ҳа, номам Ҷӯгӣ, лекин худам ҷӯгӣ не, – мегӯяд.
–Иэ! Чи хел ҷӯгӣ не? Номатон Ҷӯгӣ бошад, пас шумо ҷӯгӣ ҳастед. Ҷӯгии ҳақиқӣ!
– Ин кори ту не, буздухтур! Кани харатро ҳай кун – чӣ! – гуфта маро дав –давон ба берун ронд.
Ҳама ба завқ хандидем.… Аҷаб замоне, аҷаб маконе ва аҷаб номҳое.
Қӯчқор Тоиров