Шояд, ҳар як зане, ки дӯстдори хонаи зебо ва муҳити оличаноб аст, дар умри худ мебели мулоимро интихоб намудааст, хусусан матои онро. Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки нигоҳубини мебели мулоим пас аз пайдо шудани доғҳо оғоз намешавад, балки он аз харидории он дар толори мебелфурӯши оғоз мегардад.
Орзуманди онем, ки фурӯшандаи толори мебелфурӯши метавонад талаботи шуморо қонеъ гардонад ва дар бораи нигоҳубини дурусти мебел ба шумо маълумот дихад, то ин ки чизи харидаатон шуморо на танҳо рӯзи харид, балки солҳои дароз шодмон созад. Агар шумо ин чизҳоро фаромӯш намоед ва ё ба нигоҳубини мебел диққати ҷидди надода бошед, боке нест, ин масъаларо якчоя ҳал мекунем.
Асосан аз ҳалкунандаи перхлорэтилен истифода мебаранд. Ҳалкунандаҳо доғҳои равғаниро бартараф месозанд, аммо аз ухдаи тозасозии чиркҳое намебароянд, ки танҳо дар об ҳал мешаванд. Барои ҳалли масъалаи мазкур каме детергентро бо об омехта месозанд. Баъзан ба ҷараёни тозасозии хушк аз бартарафсозии доғхои махсус ба таври локали истифода мебаранд.
Чараёни сиқонидан ва хушксози дар зери шуоъҳои офтоб ба ҳолати матоъ таъсири бад мерасонад. Асосан ин ба матоъҳое, ки дар таркиби худ нахҳои табии доранд, дахл дорад. Онҳоро дар ҷои торик ва салқин хушк намудан лозим аст.
Ҳифозати рӯи мебел тавассути мум:
Дар замонҳои пеш рӯи мебелро бо мум рӯпӯш намуданро дӯст медоштанд. Чунин коркард чубро боз ҳам ҳифз мекунад ва ҳамоно онро аз гармии табииаш маҳрум намесозад. Ин коркард нисбати мебели локдодашуда ва полиронидашуда ҷоиз нест.
Мебели замонавиро низ бисёрии вақт бо мум рӯпӯш месозанд. Албатта он чӯбро ҳамчун лак хуб ҳифз намекунад, аммо бо рӯпӯши муми низ мебел солҳои зиёд хизмат хохад намуд.
Мумкин, коркарди мебел тавассути мум ин усули хеле куҳна гаштааст: мум -маводи табии, ки аз мавҷудияти он дар замонҳои қадим воқиф буданд. Медонистанд, ва онро чи хеле ки тавонанд хусусияти обтеладиҳии онро истифода менамуданд. Ҳарчанде, ки имрӯз якчанд усулҳои замонавии ҳифзи мебел мавҷуд аст, аммо мумро барои коркарди маҳсулоти тайёр истифода мебаранд. Махсусияти бартариятноки мум дар он аст, ки он ба чӯб дохил мегардад ва дар рӯи он намемонад. Пас аз коркард чӯбро муоина намудан мумкин аст. Инчунин мебеле, ки бо мум коркард гаштааст, ба сарбориҳои ҳаррӯза тобовар аст. Кариб ҳамаи дигар усулҳои ҳифз барои пайдосозии пардае истифода мегардад, ки гармии табиии чӯбро пинҳон месозад.
Агар рӯи мебеле, ки ба он лак ва ё полирол дода шудааст, молиш диҳед, ҳис мекунед, ки гуё ба шиша мерасида бошед. Мум ба чӯб мулоимат, нармиро мебахшад ва ин барои бисёрихо аз дигар усулхо беҳтар аст.
Агар худи шумо аз чӯби яклухт мебел месохта бошед, коркарди муми арзандаи охири кори шумост. Агар шумо мебели соддаи бустонсарои месохта бошед, инчунин онро низ бояд бо мум коркард намуд, то ин ки он намуди табиии худро нигоҳ дорад. Фирмаҳои гуногуни истеҳсолкунанда анвои гуногуни мумии мебели ва малҳами мумиро пешниҳод менамоянд, ки онҳо намуди моеъ ва ё паста мебошанд.
Агар шумо нахохед, ки аз маводи тайёр истифода намоед, омодасозии пастаи муми мушкил нест. То ин ки мумиро мебел ҷабад, сурохиҳои он бояд кушода бошад. Маҳсулоти нав аз чӯб тайёршуда барои коркарди муми бе коркарди пешаки мутобиқ аст. Рӯпӯши мебели локдодашуда ва ё полиронидашуда бо маводҳои ҳалкунанда хуб тоза мекунанд. Ба мавзеи тозамешуда ҳалкунандаро якчанд маротиба молиш медиҳем, то он даме ки лак ва ё полирол тамоман равад. Баъд бо оби гарм шуста, боқимондаҳои онро бо сунбода тоза мекунанд.
Муми мебели метавонад моеъ бошад, зеро дар таркибаш қисми зиёди ҳалкунанда дорад. Чунин намудро бояд тавассути мукаллам молид. Инчунин тавассути мукаллам ба мавзеъхои дастнорас низ молиш додан мумкин аст.
Фотима С.