Ман туро дӯст медорам ,ҳатто вақте, ки ту аз ман дурӣ. Муҳаббати ман ҳама вақт бо туст.
Агар дар ин гетӣ ман метавонистам фарзандеро барои худ интихоб намоям, ман боз туро интихоб мекардам.
Туро ҳамчун моҳтоби гирди ситораҳо дӯст медорам.
Ташаккур.
Ба ман бо ту имрӯз бозидан хуш омад.
Хотираи фараҳбахши имрӯзаи ман он лаҳзаҳоест, ки мо бо ту кореро анҷом додем.
Нақл кунед:
Саргузашти таваллуд ва ё писархонд карданро.
Аз он, ки чӣ тавр шумо « нозбардорӣ» мекардед, вақте ки онҳо хурд буданд.
Саргузашти онеро, ки чӣ тавр барояш ном интихоб кардед.
Дар бораи худ, замоне чун онҳо хурд будед.
Дар бораи чӣ тавр вохӯрдани бобову бибии онҳо
Кадом рангҳоро дӯст медоред.
Ки баъзан ба шумо низ мушкил аст…
Вақте, ки аз дасташон медоред ва 3-маротиба дасташонро мефишоред, ин рамзи сирест,ки он маънои «Ман туро дӯст медорам»-ро дорад.
Чӣ нақша доред.
Ҳамин замон бо кадом кор машғулед.
Гӯш кунед:
Фарзанди худро дар нақлиёт.
Фарзандатон дар бораи бозичаҳояш чӣ мегӯяд ва то чӣ андоза ин барои ӯ муҳим аст.
Саволест, ки фарзанди шумо дар ҳақиқат ҳам ниёзманди ёрии шумост.
Аз 1сония зиёд чӣ миқдоре, ки асабатон мебардорад.
Ҳиссиёте (эҳсосоте), ки дар сухани фарзанди шумо ҷой дорад.
Пурсед:
Чаро фикр мекунӣ, ки ин рух дод?
Ба фикри ту чӣ мешавад….?
Чӣ тавр мо инро муайян кунем?
Дар бораи чӣ фикр мекунӣ?
Хотираи фараҳбахши ту барои имрӯз?
Ба фикри ту «он» чӣ гуна мазза дорад?
Нишон диҳед:
Чӣ бояд кард ба ҷои он, ки чизеро манъ кард.
Чи тавр бо хас ҳуштак кашид.
Чӣ гуна хӯрок мехӯранд.
Чӣ тавр таҳ кардани либосҳо.
Чӣ тавр маълумотро ҷустуҷӯ кард вақте, ки шумо ҷавобашро намедонед.
Меҳрубонӣ ба ҳамсари худ.
Ғамхорӣ ва нигоҳубин кардан ба худ муҳим аст.
Вақт ҷудо кунед:
Назорат бурдан ба майдони сохтмонӣ.
Ба парандаҳо назар кардан.
То ки фарзандатон ба шумо барои пухтупаз ёрӣ диҳад.
Якҷоя рафтан ба ҷойҳои дигар.
Якҷоя кофтани лойқа.
То ки бо суръати фарзанди худ иҷро кардани вазифа.
Дар вақти бозии кӯдак дар назди ӯ нишастан
Чанде таваққуф кардан дар назди фарзанди худ вақте, ки ӯ бозӣ мекунад.
Фарзандатонро хурсанд кунед:
Ҳуҷраашро рӯбучин намоед, ин барояш тӯҳфаи ғайри чашмдошт хоҳад буд.
Дар дохили чалпак шоколад монед.
Хӯрок ва ё хӯришро ба намуди смайлик сохта гузоред.
Вақте ки ба фарзандатон барои кореро кардан ёрӣ медиҳед, он вақт мусиқиеро ҳам замзама намоед.
Бо онҳо дар рӯи замини хона бозӣ кунед.
Аз худ дур кунед:
Ҳисси гуноҳро.
Фикри худро, аз он кӣ, чӣ тавр бояд мебуд.
Талаботи ҳамеша ҳак будани Шумо .
Кӯшиш намоед:
Ба сӯи фарзанди худ бо чашми пурмеҳр нигоҳ кунед.
Вақте фарзанди шумо вориди хона мегардад, ба сӯяш нигариста табассум намоед.
Агар хоҳед, ки фарзандатон сухани шуморо гӯш кунад , кори фармудаатон ва ё хатогияшро ислоҳ намояд, бо муомила ва сухани хуб муроҷиат намоед.
Пеш аз кӯмак кардан ба фарзандатон барояш имкон диҳед, то ки эътироз (ғазаб,қаҳр)- и худро фурӯ барад.
Баъд аз рӯзи тӯлонӣ оббозӣ доред.
Тарзи меҳрубон будан нисбати фарзандро худ интихоб намоед.
Фотима С.