Шӯравиҳо мегуфтанд, агар шаҳреро обод кардан мехоҳед, онро ба уҳдаи олмониҳо гузоред. Дар Олмон ин андеша ғолиб аст: «Ҷомеа вақте обод мегардад, ки занон фаъол бошанд».
Аз мавриди амал қарор гирифтани қонуну барномаҳои давлатӣ бобати баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа чаҳордаҳ сол сипарӣ гардид. Тӯли ин муддат бо рӯйи кор омадани занони болаёқат дар идораву сохторҳои давлатӣ тағйироти ҷиддие ба амал омад. Мавзӯи баҳс кӯшиши посух ёфтан ба суолест, ки байни мардум халқ шудааст: чаро бонувон нозири роҳ намешаванд? Дар посух мусоҳибони мо иброз медоранд, ки ба ҳайси нозири БДА фаъолият кардани бонувон ба менталитети мо вобаста аст. Ронандагони мошинҳои мусофирбар бовар доранд, ки бо пайдо шудани бонувон дар ин сохтор на танҳо фарҳанги муошират боло меравад, балки набзи ҳаракат дар роҳҳо низ тағйир меёбад.
Аммо ба гуфти Саида Алиназарова, сардори шуъбаи кадрҳои Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, як сабаби камшумории бонувон ба ҳайси нозирони Хадамоти роҳбонии зерсохторҳои раёсати мазкур мушкил будани ин кор барои ҷинси латиф аст.
– Тӯли чандин сол мешавад, ки Раёсати БДА барои довталабон озмунҳо доир менамояд. Баъзе бонувон аз имтиҳон мегузаранд, аммо бинобар вазнин будани вазифаи нозири роҳ аз кор рафтанд. Роҳбарияти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ хоҳони он аст, ки сафи бонувон дар хадамоти роҳбонӣ зиёд шавад. Озмун барои қабули коргарон давоми сол идома дошта, довталаб ба вазифаҳои афсарӣ бояд маълумоти олии ҳуқуқӣ ё техникӣ дошта, барои вазифаҳои қаторӣ доштани маълумоти миёнаи касбӣ ва шаҳодатномаи ронандагии категорияи В/ С ҳатмӣ аст, – мегӯяд мусоҳиби мо.
Назокат Шоева, муовини декани факултаи нақлиёти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, иброз медорад, ки тафаккури «Роҳбонӣ кори мардона аст» дуруст нест ва барои ҷалби бонувон ба фаъолият дар сохтори БДА бояд қолабҳои кӯҳнаро шикаст. Зарфи даҳ соли охир як нафар бону донишгоҳро бо ихтисоси ташкили ҳаракати бехатарӣ дар роҳ хатм намуда, як духтари дигар дар факултаи нақлиёт таҳсил дорад. Бонувони ҳуқуқшинос ба БДА таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд, – мегӯяд ӯ.
Ба қавли Саида Алиназарова, сардори шуъбаи кадрҳои Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон, дар ҷалби бонувон ба назорати бехатарии ҳаракат бояд дар мавриди сару либоси мувофиқ таҷдиди назар кард.
Қолабшиканӣ ё намунаи ибрат?
Сокинони шаҳри Душанбе ҳарчанд назорати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳро вазифаи мардона ҳисобанд ҳам, мутмаинанд, ки бо пайдо шудани бону-нозирон қолабҳои шахшуда аз байн хоҳанд рафт. Шаҳло Абдуллоева, донишҷӯйи бахши аввали факултаи нақлиёти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, иброз медорад, ки баъди хатм ба сохтори БДА ба кор хоҳад рафт.
– Падарам корманди БДА буда, бо рафтору гуфтор ва хулқу ахлоқи ҳамидааш идеали ман аст. Аз тифлӣ орзу дорам, мисли ӯ нозири бехатарии ҳаракат дар роҳ бошам.
Ба гуфти Шаҳло Абдуллоева занон низ аз уҳдаи ин кор баромада метавонанд, агар азму иродаи қавӣ дошта бошанд. Сабаби камфаъолии бонувон дар БДА зодмандонанд, ки дар интихоби ин касби ба қавле мардона монеи духтарон мешаванд. Шояд бо зиёд шудани теъдоди ронандагон аз ҳисоби бонувон таваҷҷуҳи духтарон ба интихоби касби нозири БДА низ афзояд?
Заминаи кадрӣ муҳайёст, вале…
– Дар мавриди омодагии духтарон бояд корро аз мактаби миёна ба роҳ монд, – мегӯяд Юлдуз Ҷалилова, омӯзгори литсейи №2–и шаҳри Душанбе. Дар маҳфили наздимактабии нозирони наврас, ки бо дастгирии бевоситаи Раёсати БДА фаъолият мекунад, духтарони литсейи мо фаъоланд. Дар озмуни байналмилалие, ки аз 2 то 9-уми июни соли ҷорӣ дар Русия баргузор гардид, 4 нафар хонандагони литсейи №2 ширкат намуда, соҳиби медали тилло гардиданд. Дар омода намудани наврасони тоҷик дар озмуни мазкур Наргиза Тӯйчиева, сардори шуъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати БДА, нақши муҳим дорад.
Аз суҳбат бо Наргиза Тӯйчиева маълум шуд, ки тарбияи нозирони наврас як самти асосии ҳамкориҳои Раёсати БДА бо макотиби таҳсилоти миёнаи умумии кишвар мебошад. «Фаъолияти панҷ соли охири маҳфилҳои нозирони навраси ҳаракат дар наз-ди мактабҳои миёна собит месозанд, ки духтарони тоҷик низ вазифаи нозири ҳаракат дар роҳро иҷро карда метавонанд. Вақте зан - модар нозири роҳ бошад, муносибати ҷомеа нисбат ба кормандони БДА дигар мешавад», – мегӯяд ӯ. Аз ҷониби дигар зан табиатан таҳаммулпазиру масъулиятшинос мешавад ва маҳз ҳамин зарфиятҳо занонро дар корҳои ҷамъиятӣ, хосса сохторҳои низомии кишвар муваффақу соҳибмақом мегардонад.
Аз таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи дунё бармеояд, ки бо ҷалби бонувон ба соҳаи назорати ҳаракат дар роҳ ва дигар сохторҳои низомӣ муносибату мавқеъгирии ҷомеа нисбат ба фаъолияти сохторҳои қудратӣ, ки масъули ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон мебошанд, ба кулли тағйир хоҳад ёфт.
Чӣ бояд кард?
То куҷо дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон бонувон дар соҳаи назорати бехатарии ҳаракат дар роҳ комёб мешаванд? Суолест, ки посухи он вақт мехоҳад. Аксари мусоҳибони мо бо боварӣ мегӯянд, ки барои тайёр намудани бонувони ихтисосманд панҷ - шаш сол кофист. Зеро духтарони синни мактабӣ ба сохторҳои низомӣ таваҷҷуҳ доранд, вале барои ҷалби онҳо ба фаъолият дар сохторҳои қудратӣ ба роҳнамоӣ ниёз доранд. Хулоса, он рӯз дур нест, ки дар роҳҳо духтаронро бо чӯбдасти сафеду сиёҳ дида, ифтихор аз он намоем, ки бонувони тоҷик ба ҳама кор қодиранд. Он вақт ронанда ба тозагии мошину сару либоси хеш таваҷҷуҳ намуда, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя хоҳад намуд, то дар назди роҳбони нозанин дар хиҷолат намонад. Ва роҳ дар ҳаёти инсон на танҳо воситаи расидан ба манзили мақсуд, балки нақши тарбияву ташаккули инсонро хоҳад бозид.
Ҷамолиддин Сайфиддинов