05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

БУЗУРГОН ДАР ВАСФИ ЗИНДАГӢ

Афсӯс! Ҳамеша маҷбур мешавӣ бо онҳое, ки сахт дӯсташон медорӣ, дар муноқиша бошӣ, - ҳам дар ишқ ва ҳам дар муносибати модар бо фарзанд.

* * *

Зиндагӣ чизи аҳмақонаест; мо хеле зиёд ҳамдигарро мебинем, вале ҳаргиз фурсати онро надорем, ки ба таври лозимӣ ҳамдигарро наззора кунем.

* * *

Пул ҳамон қадаре лозим аст, ки худро таҳқиршуда ҳис накунӣ.

* * *

Бадбахтона, зебоӣ барои зан лозим аст. Ҳар қадар ӯ ботинан зани арзанда бошад ҳам, агар зоҳираш бо он мувофиқат накунад, мард ба арзишҳои ӯ пай нахоҳад бурд. Ин ақидаи маро дар хусуси он ки эҳсос дар ишқи мардҳо нақши муҳим дорад, тақвият мебахшад.

* * *

Ишқи ҳақиқӣ мегӯяд: «Маро дӯст дор, вагарна аҳволам бад мешавад». Вале эҳсоси кӯр-кӯрона мегӯяд: «Маро дӯст дор, вагарна аҳволат бад мешавад».

* * *

Бахт мисли шабпарак аст, аз қафои инсон намедавад, одам бояд аз паси вай бидавад.

* * *

Агар ба шумо матни суханронӣ навиштан лозим бошад, ба мардҳо муроҷиат кунед, вале агар кореро анҷом додан лозим аст, ба занҳо рӯ оред.

* * *

Мо наметавонем кай ва чӣ гуна мурданамонро интихоб кунем. Мо метавонем танҳо чӣ гуна зистанамонро муайян намоем.

* * *

Мо наметавонем корҳои бузургро анҷом диҳем, танҳо метавонем корҳои хурдро бо муҳаббати бузург иҷро кунем.

* * *

Агар шумо ба муҳокимаи одамон шурӯъ кунед, ба шумо барои дӯст доштани онҳо фурсат намемонад.

* * *

Ман худро қаламе дар дасти Худо эҳсос мекунам. Худо бо мо менависад ва хуб менависад, ҳарчанд мо он қадар олоти мукаммал нестем.

* * *

Дар нахустин фурсат мард ҳамаи масъулиятро ба дӯши зан гузошт.

 

Таҳияи Барнои Қодирдухт

:.  Аз ҳар боб 24.07.2013 10:43 5491

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz