- Яке аз сабабҳои асосии вайроншавии оилаҳоро коршиносон дар рашк мебинанд. Чаро он дар сархати сабабҳои ҷудоӣ ва бадбахтии инсон қарор дорад?
- Рашк ҳиссиётест, ки ба устувории муносибати байнишахсии дилдодагону ҳамсарон рахна зада, бовариро ба якдигар аз байн мебарад. Пас рашкро сабаби вайроншавии оилаҳо баҳо додан хулосаи мантиқист.Боварӣ ва муҳаббат бо мафҳумҳое, ки хоси рашк мебошанд, аз қабили шубҳа, таъқиб, таъна ва маҳдудкунӣ мухолиф буда, якҷо бо онҳо вуҷуд дошта наметавонад. Ҳамин тавр дар оилае, ки муносибати байниҳамии ҳамсаронро чунин мафҳумҳои манфӣ тавсиф медиҳанд, зуд-зуд низоъҳои оилавӣ сар зада, аз як ҷониб муҳаббатро (агар он вуҷуд дошта бошад) тадриҷан ба нафрат табдил медиҳанд ва аз ҷониби дигар ба рӯҳияи аъзои оила, хусусан кӯдакон осеби равонӣ мерасонанд.Ҳамчунин ҳисси рашк метавонад ба вайроншавии рафтор дар намуди бадахлоқӣ (хиёнат ба ҳамсар бо мақсади «қасосгирӣ»), ҷиноят (кӯшиши қатл намудани худ, ҳамсар ва ё «рақиб») ё ихтилоли равонӣ (бадхашмӣ, фишори равонӣ, таҳрифи идрок (иллюзия, галлютсинатсия) ва сафсатаи рашк) оварда расонад, ки ба устувории муносибатҳои оилавӣ ва худи оила хатари ҷиддӣ доранд.
- Рашкро баъзе мутахассисон беморӣ меноманд, баъзеҳо хислати ноҷо ва дигарон чун эҳсоси табиии инсон баҳо додаанд. Аслан он чӣ аст?
- Рашк аз як навъ талабот ва майлу хоҳиши соҳиб будан, фармонравоӣ кардан ва ё мавриди таваҷҷуҳ қарор доштан сарчашма мегирад, ки он заминаи модарзодӣ дорад. Ҳамин тавр, рашк ба дараҷаи муайян ҳамчун рафтори табиӣ дар ҳамагон мавҷуд аст, аммо он дар давоми ҳаёт, зери таъсири омилҳои иҷтимоӣ ,хусусан тарбия ташаккул ва ё таназзул ёфта, ҳамчун хислати характери шахс устувор мегардад. Дар натиҷа одамон аз рӯи ифодаёбии рашки худ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Аз рӯи ин хусусият тамоми одамонро дар нуқтаҳои гуногуни шкалае гузоштан мумкин аст, ки ҳадди ниҳоии поёнии онро берашкии мутлақ, бешарафӣ, беномусӣ ва ҳадди ниҳоии болоияшро рашки ифротӣ ё рашк ҳамчун бемории рӯҳӣ ташкил медиҳад.
- Миёни мардум, бахусус бонувон, ақидае ҳаст, ки «агар дӯст дорад, ҳатман рашк мекунад» ё «агар рашк кунад, пас дӯст медорад!» Оё ин бовар асос дорад?
- Олими рус И.Шевелев рашкро ба заҳре монанд карда буд, ки дар аввал гӯиё ишқро қувват мебах-шад, вале минбаъд онро мекушад. Дар асл одамон на аз дӯстдорӣ, балки аз хоҳиши дӯстдошта будан рашк мекунанд. Шахс мехоҳад, ки ҷониби муқобил ӯро дӯст дорад, аммо худаш ба ин шубҳа мекунад – ин аст заминаи рашк. Агар ҳамсаратон ба шумо рашк мекунад, пас ӯ ба муҳаббати Шумо ва сазовор будани худ шубҳа дорад! Шахсоне, ки ба худ боварӣ надоранд ва худбаҳодиҳиашон паст аст, бештар рашк мекунанд.Аз ҷониби дигар рашк дар заминаи худхоҳию худпарастӣ ба вуҷуд меояд, ки ҳамчунин ба андешаҳои суолшуда мухолиф аст, шахс дар объекти дилбастагии худ таассуроти мувофиқро ба вуҷуд оварда наметавонад ва мехоҳад ба таври иҷборӣ ҳиссиёти ӯро назорат кунад. Вале, чӣ тавре ки маълум аст, ишқро ба таври маҷбурӣ ба вуҷуд овардан ғайриимкон аст. Ин маъниро ҳанӯз дар асри XVII Франсуа Ларошфуко дарк намуда, қайд карда буд, ки аз даҳ нуҳ ҳиссаи рашкро худхоҳӣ ва танҳо як ҳиссаи онро муҳаббат ташкил медиҳад.
- Рашкро метавон таҳаммул кард?
- Бале, аммо дар ин ҷо омилҳои гуногун, аз қабили сабабҳои ба вуҷуд омадани он, такроршавии таъсири онҳо, сифатҳои равонӣ ва сатҳи маданияти шахс нақш мебозанд. Дар мавриди вуҷуд доштани рашк пеш аз ҳама бояд сабабҳои онро ҷустуҷӯ намуд. Дар назар доштан лозим аст, ки бавуҷуд омадани зуҳуроти мушаххаси рашкро ду гурӯҳи омилҳо сабаб шуда метавонанд:
1. Омилҳои обйективӣ: дурӣ ҷустани ҳамсар, муносибати сард ва пинҳонкории ӯ, «далелҳои шайъӣ» ва ғайра;
2. Омилҳои субйективӣ: ҳамчун хислати характер устувор гардидани рашк ё бадрашкӣ, мавҷудияти майли хиёнат ба ҳамсар дар худи шахс ва монанди инҳо.
Доир ба гумону шубҳаҳои хеш ва сабабҳои он бо ҳамсар, маъшуқа ошкоро, вале оромона суҳбат кардан лозим аст. Дар сурати содиқ будан, ӯ беасосии онҳоро исбот мекунад ва рафтореро, ки боиси рашки шумо гардидааст, ислоҳ месозад. Агар шубҳаҳои беасос шуморо ором намегузоранд, пас кӯшиш кунед, ки худхоҳиро канор гузошта, шахсияти дигаронро низ эътироф намоед, кӯшиш кунед, ки ҷозибу назаррас ва сазовори дӯстдорӣ бошед. Барои аниқ кардани шубҳаҳои хеш гузаронидани ҳар гуна «санҷишҳо» тавсия дода намешавад. Онҳо метавонанд рашки шилқинро ба вуҷуд оварад, ки он бо вайроншавиҳои равонӣ хешӣ дорад.
„Бонувони Тоҷикистон“