Дар тӯли таърих нақши мардон ва занон дар ҷомеа яксон набудааст ва нависандагону файласуфону шоирону аҳли илму адаб назариёти гуногун дар мавриди моҳият, вазифаҳо, хусусиятҳо ва ҳуқуқи онҳо дар ҷомеа ва зиндагӣ баён кардаанд. Аммо он чи ба таври махсус ва айнӣ ба чашм мерасад, ин аст, ки дар аксари кишварҳо ва ҷомеаҳои имрӯзӣ, занон ҳанӯз ба пойгоҳ ва ҷойгоҳи шоистаи худ даст наёфтаанд ва ба шакле дучори табъизи ҷинсиятӣ ва ба навъе ситамдида ва мазлум воқеъ шудаанд ва мардсолорию ҳокимият бар зан ба назар мерасад. Ҳарчанд аз назари хилқату офа-риниши ҷисмонӣ ва равонӣ фарқиятҳое байни занон ва мардон вуҷуд дорад ва бисёре аз корҳое, ки мардон анҷом медиҳанд, занон қодир ба иҷро кардани он нестанд ва ё баръакс, аммо ҳаргиз ин тавр нест, ки занон пойинтар аз мардон бошанд ва имтиёзоту ҳуқуқи иҷтимоии занон камтар аз мардон бошад ва ба қавли Парвини Эътисомӣ:
Ба ҳеҷ дафтару дебочаи қазо нанвишт,
Барои мард камолу барои зан нуқсон.
Бинобар ин, он чи имрӯз бояд ба он таваҷҷуҳ шавад, баробарии ҳуқуқ ва имтиёзоте аст, ки бояд барои занон ҳамчун мардон риоят шавад ва шароиту имконоти бештаре барои рушду боландагӣ ва тараққии занон фароҳам оварда шаванд. Ҳамчунин навъи нигоҳи мардон ва бардошту дарёфти онҳо нисбат ба занон тағйир ёбад ва ба мақому манзалати воқеии зан арзиш ва аҳамияти бештар бидиҳанд, зеро дар гузаштаи таърихӣ бисёре аз занон ҳатто ба ҳукумат расидаанд, монанди Пурондухт ва Озармидухт- духтарони Хусрави Парвизи Сосонӣ ва ё Томирис подшоҳи Мосогетҳо, ки бо Куруши Кабир ҷангид ва ӯро шикаст дод ва ба қатл расонд. Занон нақши муассире дар сиёсат доштаанд, монанди Клеопатра дар Миср ва ё дар Русия, ки панҷ зан ба муддати 70 сол бар ин кишвар ҳукумат рондаанд, аз ҷумла Екатерина ва Анна Иванова. Дар даврони муосир Индира Гандӣ дар Ҳиндустон, Беназир Бҳуто дар Покистон, Куразун Актив, раиси ҷумҳури Филиппин, Маргарита Тедчер, сарвазири Англия, Голда Майер, сарвазири Исроил, ки ҳар кадом нақши шоиста ва муассир дар дунёи сиёсат ва кишвардорӣ доштаанд. Имрӯз бисёре аз занон дар шуғлҳои гуногуни иҷтимоӣ, пизишкӣ, иқтисодӣ, илмӣ, технологӣ, адабӣ ва ғайра нақшҳои муассир доранд ва аз миёни 500 нафар барандагони ҷоизаи Нобел ҳудуди 28 нафар занон будаанд, ки дар риштаҳои гуногуни пизишкӣ, физика, кимиё, адабиёт ва сулҳ ба дарёфти ҷоизаи Нобел муваффақ гардидаанд. Ин рақами чандон боло нест ва ҳанӯз шароит ва имконоти мусоиде барои занон фароҳам нашудааст, ки битавонанд баробари мардон ҳунар ва истеъдоду илму маърифати худро ба намоиш бигзоранд. Бархе аз занони барандаи ҷоизаи Нобел:
Сало Логерлуф, барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт, 1909, Шветсия.
Гратсия Делдо, барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт, 1927, Италия.
Зигрид Андест, барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт, 1928, Дания.
Ирен Кури, барандаи ҷоизаи Нобели кимиё, 1935, Фаронса.
Перл Баг, барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт, 1938, Амрико.
Габзила Митрол, барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт, 1945, Чили.
Эмили Гринболк, барандаи ҷоизаи Нобели сулҳ, 1946, Амрико.
Грати Терзокури, барандаи ҷоизаи Нобели пизишкӣ, 1947, Чехословакия.
Марго Перт Мобре, барандаи ҷоизаи Нобели физика, 1963, Олмон.
Друти Крафутҳаҷкин, барандаи ҷоизаи Нобели кимиё, 1964, Миср.
Нели Загс, барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт, 1966, Олмон.
Бети Вилямс, барандаи ҷоизаи Нобели сулҳ, 1976, Ирландия.
Ширин Ибодӣ, барандаи ҷоизаи Нобели сулҳ, 2003, Эрон.
Мори Кури, барандаи ҷоизаи Нобели физика дар 1903 ва барандаи ҷоизаи Нобели кимиё дар соли 1935, Полша.
Ҷин Одомз, барандаи ҷоизаи Нобели сулҳ, 1931, Амрико.
ва дигарон.
Мори Кури
Мори Эскило Дуфеско маъруф ба Мори Кури (Мария Кюри) соли 1867 дар Варшава, пойтахти Полша ба дунё омад. Хонаводаи вай монанди тамоми меҳанпарастони дигар дар мубориза барои дифоъ аз истиқлолу озодии Полша ҳузури фаъол доштанд. Хонаводаи ӯ зиндагии фақирона дошт. Падараш қодир ба идораи зиндагии хонаводагии онҳо набуд ва модараш ба бемории сил гирифтор буда, соли 1878 вафот кард ва вазъи зиндагии онҳо сахттар гардид. Мори Кури маҷбур шуд аз синни 15- солагӣ ҳамчун муаллимаи хусусии оилаҳои деҳотӣ бар кор машғул шавад. Ӯ ба забонҳои фаронсавӣ, русӣ, олмонӣ сухан мегуфт ва шавқи зиёде ба мутолиаи адабиёт ва ҷомеашиносӣ дошт ва бахусус ба физика ва математика ишқ варзида, таҳқиқоти зиёде дар бораи табсанҷ (градусник), электроскоп ва лӯлаҳои газ намуд.
Мари Кури соли 1891 ба Фаронса рафта дар донишгоҳи Сорбони Париж дар риштаи физика ва математика машғул ба таҳсил шуд. Ӯ соли 1859 бо Пиер Кури физикдони фаронсавӣ ва барандаи ҷоизаи Нобели физика издивоҷ кард. Вале аз таҳқиқ ва таҳсилоти илмии худ кам накард ва дар соли 1897 барои такмили рисолаи доктории худ таҳқиқоте дар мавриди уран ва партовзоӣ намуд ва ҳамроҳ бо ҳамсараш шабу рӯз дар озмоишгоҳ кор мекард, то ин ки дар соли 1903 муваффақ ба дарёфти ҷоизаи Нобели физика шуд.
Таҳқиқот ва дастовардҳои Мори Кури дар заминаи радиоактивизатсия хизматҳои фаровоне ба илми пизишкӣ ва дармони бемории саратон намуд. Соли 1911 Мари Кури ба хотири қадрдонӣ аз заҳмату талошҳои шабонарӯзии илмиаш ва ба поси кашфи унсурҳои радиум ва полониум бору дуюм барандаи ҷоизаи Нобели кимиё шуд. Хеле кам ин иттифоқ шудааст, ки донишманде барандаи ду ҷоизаи Нобел гашта бошад. ҷои таъкид аст, ки аз ин оила се нафар дорандагони ҷоизаи Нобел мебошанд.
Перл Бок
Перл Бок барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт, 1938, Амрико. Соли 1892 дар иёлати Верҷиния ба дунё омад. Падараш Абсалем ва модараш Королин ҷузъи мубаллиғони мазҳабӣ дар Чин буданд, вале баъдҳо ба хотири ошубҳои сиёсӣ ва инқилоби Чин дубора ба Амрико бозгаштанд. Аз ин рӯ, Перл Бок бо зиндагии мардуми Чин комилан шинос буд ва пеш аз англисӣ забони чиниро омӯхта, чунон ба он алоқаманд буд, ки бо ин забон фикр мекард. Бо ин ҳама сарзамини бумии Амрико барояш як сарзамини афсонавӣ буд. Дар воқеъ Перл Бок духтари амрикоӣ-чинӣ шуда буд. Ва чиниҳо, ки аз 2- солагӣ ӯро пазируфта буданд, бисёр дӯсташ медоштанд.
Аввалин романашро бо номи «Боди Шарқ, боди Ғарб» соли 1930 мунташир сохт. Дар ин китоб ӯ ба тазоди миёни фарҳанги куҳани Чин ва Ғарб пардохта, масоили мухталифи ҷомеаи он рӯзи Чинро ба тасвир мекашад. Дар соли 1931 китоби «Замини хуб»-ро мунташир сохт, ки беҳтарин романи ӯст. Дар ин китоб вай достони мардеро баён мекунад, ки барои зиндагӣ ва муваффақият ва хушбахтӣ талош меварзад. Усули зербинои ин талош як кишоварзи чинӣ аст, ки дар маҳдуди хоси худ ҳаракат мекунад, аммо талоши ӯ барои зиндагии ҷаҳонӣ ва оламгир аст ва танҳо бо марзҳои ҷуғрофиёии Чин маҳдуд намешавад. Муваффақияти ин роман боиси эътои ҷоизаи Политизер дар соли 1932 гардид ва нақду назарҳои мухолиф ва мувофиқи бисёр дар бораи ин роман навишта шуданд.
Аз ҷумлаи осори дигари ӯ китобҳои «Писарон», «Хонаводаи аз ҳам пошида», «Хонаи гилӣ», «Модар» ва «Табъидӣ» мебошанд. Перл Бок соли 1938 ба хотири маҷмуаи «Чиннигориҳо» барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт гардид. Аз дигар осори ӯ «Меҳанпараст», «Насли аждаҳо», «Ваъда», «Кушки занон», «Чин дар сиёҳу сафед», «Хешовандӣ» ва «Шақоиқ», ки ба шарҳи яҳудиёни Чин пардохта аст ва пажуҳиши дақиқ дар таърихи 100-солаи ахири Чин аст. Осори дигари вай «Қалби мағрур», «Худоёни дигар», «Афсонаи Амрико», «Достони як заношӯйӣ», «Кӯдаке, ки ҳаргиз рушд накард», ки шарҳи ҳоли таассуфбори духтари ақабмондаи ӯ мебошад.
Ҷин Одомз
Ҷин Одомз, баранди ҷоизаи Нобели сулҳ, 1931. 6 сентябри 1860 дар Амрико ба дунё омада аст. Пас аз хатми коллеҷи «Рокфеллер» соли 1881 вориди донишгоҳи пизишкии занон дар Филаделфия шуд, вале ба иллати беморӣ тарки таҳсил намуд. Соли 1889 муассисаи «Ҳулҳовес»-ро, ки як муассисаи некӯкорӣ буд, таъсис дод.
«Ҳулҳовес» барои беҳбуди вазъияти фақирон ва бечорагон фаъолият мекард. Вале боз ҳам фақру танг-дастӣ ва ихтилофи табақотӣ ва беадолатиҳои иҷтимоӣ рӯз ба рӯз бештар мешуд.
Ҷин Одомз ҳамроҳи дигар озодихоҳон ва гурӯҳҳои ислоҳотталаби иҷтимоӣ фаъолияти густардаеро оғоз кард. Қонунҳое чун издивоҷи ҷавонон, аввалин қонуни нафақаи модарон, қонуни 8 соат кори рӯзона барои занон ва пардохти зарару зиён ба коргаронро тасвиб карданд. Ҷин Одомз дар ҳимоят аз ҳуқуқи занон ба суханрониҳои зиёд иқдом намуд ва дар соли 1915 раёсати Кунгураи ҷаҳони занон дар шаҳри Ҳоги Голландияро бар уҳда гирифт. Ӯ аввалин зане буд, ки ба унвони сарпарасти Конфронси миллии кор дар соли 1910 интихоб шуд. Ҷин Одомз дар тасвиби қонунҳои муҳоҷирон, сиёҳпӯстон, таъмини ҳуқуқи занон ва кӯдакон талоши зиёд намуд ва ба ҳамин далел дар соли 1931 барандаи ҷоизаи Нобели сулҳ гардид. 21-уми майи соли 1935 дар шаҳри Чикаго аз олам даргузашт.
Муҳаммадризо Тоҷиддинӣ, шоир,
нависанда ва пажӯҳишгари эронӣ