05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ФАРОҒАТГОҲҲОИ ТОБИСТОНА НАҚШИ УМДА ДОРАНД

Вазифаи асосии фароғатгоҳҳои тобистона ғанӣ гардонидани камолоти маънавӣ ва ахлоқии хонандагон, хулқу одоби ҳамида, ташаккули фаъолиятнокӣ, инкишофи маҳорат ва амсоли инҳо буда, маърифати кӯдакону наврасонро бо беҳтарин фазилатҳои инсонӣ, амсоли рӯҳияи худшиносӣ, ифтихори миллӣ дучанд менамояд.

Аз ин рӯ, тамоми мудирони Шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муваззаф гардидаанд, ки мутобиқи Қарори номбурда ва Қарори Пленуми Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактабҳои дорои шароити мусоиди маҳалҳо фароғатгоҳҳои тобистонаи кӯдакону наврасонро ташкил намоянд.

Дар ин иқдом Шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода низ саҳм гирифтааст. Бо ташаббуси директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №101-и шаҳри номбурда Парвина Бобоева дар назди мактаб фароғатгоҳи таълимии наздимактабӣ дари хешро ба рӯйи 100 нафар кӯдакону наврасон боз кардааст. Нақшаи кории фароғатгоҳ мавзӯъҳои амиқу умда – «Баррасии Қарори Шӯрои шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода ва Кумитаи иттифоқи касабаи коркунони маориф ва илми шаҳри Турсунзода аз 25 апрели соли 2013 «Дар бораи тадбирҳои ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2013», «Ороиши бинои истироҳатӣ.

Ташкил кардани чорабиниҳои саёҳативу кишваршиносӣ», «Тайёр кардани ҷойи истироҳати кӯдакон ва синфхонаҳо барои машғулиятҳои таълимӣ ва фароғатӣ», «Омода сохтани рӯйихати мураббиён ва бо онҳо гузаронидани семинар дар мавзӯи «Ташкили кор, ҳифзи ҳаёт ва саломатии кӯдакону наврасон», «Ба хонандагон фароҳам овардани шароити мусоид барои хониши китобҳои бадеӣ, луғатомӯзӣ, аз худ кардани формулаву қоидаҳои математикӣ, физикӣ, биологӣ, химиявӣ, таҳлили ҷумлаҳо, қироати шеърҳо» ва амсоли инҳоро дар бар гирифтааст. Роҳбари гурӯҳ ва мураббӣ дар қабули кӯдакону наврасон ба фароғатгоҳ ва санҷиши вазъи саломатии онҳо, гузаронидани машғулиятҳои варзишӣ ва ғайра саҳм мегузоранд.

Рӯзи 10-уми июни соли ҷорӣ дар таърихи он кӯдакону наврасоне, ки дар фароғатгоҳи ин мактаб номнавис шудаанд, фаромӯшнашаванда аст. Зеро дар ин рӯз саҳни мактаб бо гулу байрақчаҳо оро дода шуда, истироҳаткунандагон ва падару модарони онҳо саф кашида, аз даровардани Парчамҳои Ҷумҳурии Тоҷикистону Созмони талабагӣ ва садои форами Сурудҳоии милливу Суруди Созмони талабагӣ баҳраҳо бурданд. Суханони табрикотии директори мактаб – Парвина Бобоева, намояндаи шуъбаи маориф – Муҳайё Холтӯраева ва намояндаи Кумитаи падару модарон – Далатбегим Давлатшоева   ҷолиб ва пурмуҳтаво буданд. Аз ҷумла, сарвари мактаби номбурда П. Бобоева иброз намуд: «Аҳамияти фароғатгоҳҳои тобистона дар он аст, ки хонандагон на танҳо ба фароғату истироҳат, балки ба меҳнати муфиди ҷамъиятӣ машғул гардида, дар ҳаёти амалии созандагии мамлакат фаъолона ширкат меварзанд».

Сипас истироҳаткунандагон дар мавзӯъҳои Ватан, модар, мактаб, китоб ва илму дониш шеърҳо қироат карданд. Рақсу сурудҳои онҳо хотири ҳозиринро болида сохт. Дар охир падару модарон бо нақшаи кори фароғатгоҳ шинос гардида, аз ғамхории Ҳукумати ҷумҳурӣ ва соҳибкори варзида – духтури беморхонаи хусусии шаҳр Назирова Нилуфар, ки хӯроки гарми истироҳаткунандагонро ба зимма гирифтааст, изҳори миннатдорӣ намуданд.

 

Сайфуллоҳ МАҲКАМОВ,

номзади илмҳои филология

:.  Аз ҳар боб 12.07.2013 11:17 2968

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz