Аз шарора аланга бармехезад
Оташ манзили истиқоматии сокини Хоруғро дар назди Хадамоти оташнишонӣ дар рӯзи рӯшан сӯхта нобуд кард. Гарчанде оташнишонҳо ва мардуми зиёде барои кумак расиданд, вале дар хомӯш кардани оташ оҷиз монданд. Сӯхтор аз расиши кӯтоҳи ноқили барқӣ сар зада, дар оғоз соҳибхонаҳо хатару оқибати онро нодида гирифта, мустақилона ба хомӯш кардани он машғул шуданд. Вақте забонаи оташ ба атроф доман зад, соҳибмулк ба хадамоти оташнишонӣ занг зад, аммо робитаи телефонӣ кор надод ва нафаре сӯйи идораи хадамот шитофт. Вақте гурӯҳи сӯхторнишонӣ ба ҷойи ҳодиса ҳозир гардид, алангаи оташ баланд шуда буд. Азбаски гидранти кӯча об надошт, баъди ду дақиқаи обпошӣ оби мошинаи сӯхторнишонӣ холӣ шуду он барои гирифтани об ба маҳаллаи дигар равон гардид.
–Магар дар ин шаҳр оташро бо равған хомӯш мекунанд, ки лӯлаҳои обгузар кор намекунанд, маъюсона ба ҷумак нигоҳ карда гуфт як бонуи афсари хадамоти оташнишонӣ, ки дар қатори гурӯҳи аввалин ба манзури расондани кӯмаки равонӣ ба ҷойи ҳодиса омада буд.
Барои хомӯш кардани оташ ҳар лаҳза ғанимат аст. Кормандони хадамот то омадани об бо табару мисрон ва дигар таҷҳизоти бо худ оварда, ба кандани чӯбу тахтаи оташгирифта сар карданд, то аз паҳншавии оташ ба манзилҳои ҳамшафати он ҷилавгирӣ шавад.
Ҳавзҳои хушку кӯчаҳои танг
Собиқадори хадамоти оташнишонӣ Қишкор Одинаев шаҳрдориро муттаҳам мекунад, ки сӯхторнишонҳоро қариб беоб гузоштааст.
–Қаблан дар маркази вилоят, ки аҳолии он ду маротиба камтар буд, 76 обанбор, 54 гидрант ва ё лӯлаи махсуси обгузар ва 24 ҳавз фаъолият мекарданд ва дар сурати сар задании сӯхтор мошини сӯхторхомӯшкунӣ имкон дошт, ки ба манбаъ дастрасӣ дошта бошад. Аммо дар ҳоли ҳозир дар ҳудуди шаҳри Хоруғ ҳамагӣ 5 ҳавзи об ва 20 гидрант корошоям буда, сӯхторнишонҳо барои гирифтани об маҷбуранд, ки вақт сарф кунанд. Ҳол он ки бо мурури афзоиши аҳолӣ ҳодисаҳои сӯхтор зиёду имкониятхои пешгирӣ аз он маҳдуд шудаанд.
Зан агар оташ намешуд…
Дар Хадамоти оташнишонии Бадахшон сафи бонувон ба 14 нафар мерасад. Роҳбарият иҷрои бархе аз вазифаҳои масъули хадамоти мазкурро ба занон бовар мекунад. Ба гуфтаи сардори хадамот айни ҳол муҳандисони назорати бехатарӣ, танзимгарон ва дигар вазифаҳои масъулро бонувон ба уҳда дошта, одоби муошират, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, тамкин ва садоқати касбӣ ба бонвон имконият медиҳад, ки вазифҳояшонро дар мавриди пешгирӣ аз сӯхтор дар сатҳи баланд иҷро намоянд.
Афсари хадамот Маликаноз Абдурасулова пешгирӣ намудани сӯхторрро чораи муассиртарини мубориза бар зидди сӯхтор арзёбӣ менамояд:
Сухторе, ки дар бозори Хоруғ сар зад, ба бештар аз 64 соҳибкор зарари моддӣ расонд. Мағозаҳоеро, ки соҳибкорон дар ин ҷо иҷора гирифта буданд, асноди қонунӣ надошта, бе иҷозати хадамоти сӯхторнишонӣ фаъолият менамуданд. Аксари мағозаҳо аз фанеру картон ва дигар масолеҳи тунуки чинӣ сохта шуда, бархе аз намудҳои маводи ғазоии пастсифат, ки дар таркибашон моддаҳои синтетикӣ доштанд, аз таф оташ гирифта, ин ҳолат боиси зуд паҳн гардидани сӯхтор ва зиёд шудани ҳаҷми зарар гардид.
Зан-афсари хуб, ҳамсари хуб ва модари хуб- шиори бонувони хадамоти оташнишонӣ аст. Раиси ташкилоти занони хадамот Шамсия Қурбонҷонова мегӯяд: «Фаъолият дар хадамот аз бонувон ҷиддият, муносибати касбӣ ва интизомро талаб мекунанд. Дар баробари сахтгирӣ дар фаъолияти касбӣ латофати бонувони оташнишон зоҳир аст. Кормандони хадамоти оташнишонӣ ва собиқадорони соҳа дар арафаи ҷашнҳои расмӣ, ба хусус иди касбӣ аз таомҳои болаззати бонувони ҳамкасбашон баҳравар мешаванд. Шуҳрати ҳунари бонувони оташнишон дар тайёр намудани таомҳои болаззат ва хуришхои гуногун аз доираи хадамот берун рафта, тамошобинони барномаи ҷумҳуриявии «Кошона » ба сухандонӣ, маҳорату малакаи баланди кадбонугии бонувони афсар офарин хондаанд».
Дар хадамот ба такмили малакаи касбӣ ва ҳунариии бонувон диққати махсус дода, барояшон шароити хуб муҳайё кардаанд.
Об диҳед, об…
Ба гуфти бонувон беҳтарин туҳфаи шаҳрдорӣ ба ифтихори ҷашни 85- солагии таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонӣ ин таҷдиди шабакаи обрасонӣ ва фароҳам сохтани имонияти бештари дастрасӣ ба об аст. Зеро агар кадбонуҳои шаҳр аз камбуди оби тозаи ошомиданӣ ранҷ баранд, бонувони хадамот аз хушк будани лӯлаҳои махсуси обрасонӣ нигаронанд. Шабакаи обрасонии шаҳр, ки 40 сол қабл роҳандозӣ шудааст, куҳнаву фарсуда аст. Ҳамасола дар арафаи иди касбии оташнишонҳо сару садоҳо дар бораи азнавсозии шабакаи обрасонии шаҳри Хоруғ зиёд мешаванд, вале баъдан ба ҳукми фаромӯшӣ меравад. Аммо ҳисороти ҳамасола аз сӯхтор бештар аз 1 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ш.Мирзоҷалол