Савори худрав ба самти ноҳияи Темурмалик равон будам. Дар канори роҳ мошини мусофиркашонии «Тангем» қарор дошт. Ронанда чархи мошинашро иваз мекард. Ӯ як зани тахминан 60-65 сола буд. Худравамро бо мақсади ба ин зан кӯмак кардан, қарор додам. Баъди васли чархи «Тангем» ҳарчанд хайру хуш кардам, вале дилам ором намегирифт. Худамро сарзаниш мекардам, ки бо ин зани тавони мардӣ дошта, чаро ошноии бештар пайдо накардам?
Ронандаҳои хатсайри Восеъ – Темурмалик барои бозёфтани ин бону кумакам карданд.
Ронандаи «Тангем» Сайсоро Қодирова будааст. Ҳамоне, ки солҳои 1984-1989 депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон буд. Бонуе, ки тӯли 30 сол мардона баҳри ободии Ватан меҳнат кардааст. Дар гузашта бригадирии комплекси пахтакории хоҷагии овозадори Ленини ноҳияи Восеъро бар уҳда дошт. Ордени «Меҳнати шоён» ва чандин ифтихорномаҳои Ҳукумати Шӯравиро соҳиб гардида буд.
Ҳоло барои пешбурди зиндагии худу панҷ фарзандаш ду мошини дар вақти саркорӣ тӯҳфа гирифтаашро ба кирокашонӣ табдил дода, аз ин роҳ маишати рӯзгорро таъмин мекунад.
Сайсоро Қодирова дар ноҳияи Восеъ ба дунё омада, соли 1976 мактаби миёнаро хатм кардааст. Вай мегӯяд:
– Духтари деҳқон будам ва ба пахтакорӣ сару кор доштам, ба болои ин дар корҳои ҷамъиятии мактаб низ фаъолона ширкат мекардам. Ҳамаи инро ба инобат гирифта, бо маслиҳати падар ва бобоям Миралӣ Маҳмадалӣ ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи агрономии шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ДХҚТ) супоридам.
Дар баробари таҳсил дар хоҷагии ба номи Ленин ба ҳайси агроном-энтимолог кор мекард. Нозукиҳои ин касбро аз агроном-энтимологи шинохтаи вилояти Кӯлоб, марди гурҷӣ Гугашвилӣ омӯхтааст. Соли 1981 баробари хатми ДХҚТ ӯро бригадири комплекси хоҷагӣ таъйин мекунанд.
– Бобои Миралӣ барои ёрӣ ду нафар марди ботаҷрибаро ба бригадаи ман ба ҳайси ҳисобчӣ таъйин кард, то ки дар рафти кор ба мушкилӣ рӯ ба рӯ нашавам. Он кас доимо таъкид мекарданд: «Духтарам, ҳама вақт дар андешаи меҳнати ҳалол бош, обрӯ мегирӣ!» Ман гуфтаҳои бобои Миралиро ба ҷо овардам ва ба мақсадам расидам, – ба ёд меоварад он рӯзҳоро Сайсоро.
Сайсоро Қодирова аз соли 1981 сар карда, чанд сол агроном-энтимологи колхоз, баъдан мудири боғчаи кӯдакони хоҷагӣ ва солҳои тӯлонӣ дар вазифаи бригадирии хоҷагии ба номи Ленин фаъолият кардааст. Аз солҳои 1993-1994 ба ин сӯ ба мусофиркашонӣ машғул аст. 20 сол аст, ки дар масири Восеъ – Темурмалик – Кӯлоб мусофиркашонӣ мекунад. Ҳамроҳи шавҳараш Бобоҷон Гулов аз панҷ фарзанд, чаҳор нафарро, ки духтаранд, маълумоти олӣ доданд.
– Дар зиндагӣ мубориз будан даркор аст. На ҳар зане дар байни мардҳо бо характеру рафтори мардона кор карда метавонад. Ман 64- сола шудам. Онҳоро ҳурмат мекунам, маро дастгирӣ мекунанд, эҳтироми якдигарро ба ҷо меорем. Мисли апаву додар, акаву хоҳар кор мекунем. Ҳар боре мошинам вайрон шавад, мардҳо ба кумакам мешитобанд. Бобои Маралӣ доим насиҳат мекард: «Ҷавонӣ мегузарад, лекин ҳунармандиву кордонии шахс ҳеҷ вақт намегузарад. Ҳама вақт масъулиятшинос ва донандаи кори худ бошед, ҳунарманд бошед ва ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ дилшикаста нашавед, ки сабр шахсро ба меваи мурод мерасонад!», – меафзояд Сайсоро Қодирова.
Дар вилояти Хатлон ронандазанҳои мошини сабукравро бисёр дидаам, вале бо бонуронандаи «Тангем»-и мусофиркашонӣ бори нахуст аст, ки рӯ ба рӯ мешавам. Аҳсант ба чунин бонувоне, ки дар ҳама давру замон роҳи зиндагии худро меёбанду мудом пайи беҳбуди ҳаёти худ ҳастанд.
Билоли Шамс