Мардуми қарни санг маводи мухаддир, аз қабили афюн, гашиш, кокаинро медонистанд ва ин чизҳоро барои тағйир додани ҳолатҳои рӯҳии худ ё дар вақти омодагӣ ба ҷанг истеъмол менамуданд.
Дар натиҷаи юришҳои салибдорон ва саёҳатҳои Марко Поло мардуми қитъаи Аврупо дар бораи афюн ва гашиш, ки дар Шарқ васеъ истеъмол карда мешуд, маълумот ба даст оварданд. То оғози қарни 20 дар истеҳсолу истеъмоли воситаҳои нашъадор маҳдудият вуҷуд надошт. Баъзан кӯшишҳои кам кардан ва ё умуман манъ намудани истеъмоли маводи муайяни нашъадорро ба роҳ мемонданд, вале ин корҳо кӯтоҳмуддат буда, чун қоида бе натиҷа анҷом меёфтанд.
Тибқи маълумоти археологҳо, башарият бо маводи нашъадор тақрибан 40 ҳазор сол пеш ошноӣ пайдо карда буд. Дар маданияти қадимаи Месопотамия, Миср, Юнони Қадим, Ҳиндустон ва Хитой мардуми Майя ва атсекҳо аллакай медонистанд, ки баъзе аз рустаниҳо қобилияти беҳуш кардан ва ё маст намудан ва замбурӯғҳо бошанд, хусусияти бой гардонидани хаёлотро доранд. Ин замбурӯғҳои дорои қувваҳои ғайритабииро онҳо ҳадяи Худо ва ё зодаи шайтон мепиндоштанд. Онҳоро дар маросимҳои ҷодугарӣ ва динӣ, баъзан барои табобат истифода мебурданд. Вале дар истифодаи он маҳдудият муқаррар менамуданд. Бо ин мавод танҳо одамони махсус – «шаманҳо» сару кор мегирифтанд.
Тавре, ки аз маъхазҳои илмӣ бар меояд, ин намуд рустаниҳоро табиби бузург, файласуф ва фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абӯалӣ ибни Сино дар тиб истифода бурдааст. Ӯ маводи нашъаовари афюнро ҳамчун маводи карахткунанда ё худ бедардкунандаи беморон истифода мебурд.
Тавре, ки дар боло зикр намудем, ба Аврупо маводи мухаддири маҳдудро салибдорони ҷангҷӯ аз Шарқи Наздик дар асри XIII ворид карданд. Маҳалли истифодаи ин мавод танҳо соҳаи тиб буд. Гардиши он дар асри XIX тавсия дода шуд, чунки стимуляторҳои психикӣ дар натиҷаи рушду нумуи тиҷорат дар саросари дунё паҳн гардида буду ин мавод бо мақсади ғайритабобатӣ мавриди истифода қарор мегирифт. Гоми дигари худкушии башарият ин созмондиҳии экстрактҳои пурзӯри нашъадор дар асоси нашъаи рустаниҳо (морфия аз афюн, кокаин аз баргҳои кока) ва баъдтар синтез кардани маводи сахттаъсири сунъӣ буд.
Дар асри XX маводи нашъадор дар ҳақиқат ҳам бар зидди насли нави инсоният «юриши салибӣ» оғоз намуд. Дар ин замон дар аксар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Шарқу Ҷанубӣ истеҳсоли маводи мухаддир хусусияти оммавӣ касб намуд.
Агар ба сарчашмаҳои таърихӣ назар андозем, шоҳиди он хоҳем гашт, ки ягон давлати ҷаҳон, аз ҷумла давлатҳои пуриқтидор мушкилоти вобаста ба маводи нашъадорро дар алоҳидагӣ аз байн бурда натавонистаанд. Агарчанде дар баъзе давлатҳо қонунҳои алоҳида маҳз ба ҳамин масъалаҳо бахшида шуда бошанд ҳам, ин мушкил ҳалли худро пайдо карда наметавонист. Чунин вазъият тасбит намуд, ки давлатҳо танҳо дар якҷоягӣ метавонанд ин мушкилиро аз байн баранд.
Комиссия оид ба афюни Шанхай дар соли 1909, қабули Конвенсияи соли 1912 дар Гаага ва дигар ҳуҷҷатҳои дар сатҳи байналхалқӣ қабулшуда, ки ба ҳалли ин масъалаҳо равона карда шуданд, далели ин гуфтаҳост. Имрӯз се Конвенсияҳои амалкунанда дар ин самт аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид ба тасвиб расидааст, ки ҳуҷатҳои асосии танзимкунандаи муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо дар миқёси ҷаҳон ба шумор мераванд. Аз ҷумла, Конвенсияи ягонаи СММ «Оиди воситаҳои нашъадор» соли 1961 (Ню-Йорк), Конвенсияи СММ «Оиди моддаҳои психотропӣ» соли 1971 (Вена) ва Конвенсияи СММ «Оиди мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ» соли 1988 (Вена).
Дар даврони мо низ маводи мухаддир асосан дар соҳаи тиб мавриди истифодаи қонунӣ қарор дода шуда, тибқи конвенсияҳои байналмилалии мазкур меъёрбандӣ гардидаанд. Муҳимияти қабули ин конвенсияҳо пешгирии суйистеъмоли маводи нашъадор ва оқибатҳои онро дар бар мегирад. Новобаста аз андешидани чораҳои зиёди дастаҷамъона ва алоҳида тайи солҳои охир ҷаҳонро амали номатлуби нашъамандиву нашъаҷалобӣ ба таҳлука овардааст.
Ҷумҳурии мо низ аз ин “вабо” дар канор монда натавонист. Мавқеи ҷуғрофӣ, бахусус марз бо яке аз давлатҳои истеҳсолкунандаи ғайриқонунии маводи мухадир, омили асосии ривоҷи нашъамандиву нашъаҷалобӣ дар кишвари мо мебошад. Бо назардошти ин омил ва пешгирии таҳдиди бехатарии саломатии ҷомеа дар давраҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур шуморид шомили ин конвенсияҳои байналхалқӣ гардида, як қатор санадҳои меъёриро ба тасвиб расонида, сохторҳои алоҳидаро, ки самти фаъолияташон ба ин масъалаҳо равона гардидааст, ташкил намояд. Имрӯз кишвари мо дар муқоиса ба дигар давлатҳо, аз ҷумла давлатҳои ҳамсоя дар муқобилият бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва пешгирии бемории нашъамандӣ ба нишондодҳои назаррас ноил гардидааст.
Яке аз чорабиниҳои сатҳи байналмиллалӣ ин аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид муқарар намудани рӯзи 26 июн ҳамчун рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи маводи нашъадор ва нашъамандӣ мебошад, ки сар аз соли 1987 инҷониб ҳамасола дар тамоми ҷаҳон қайд карда мешавад. Мақсади аз тарафи ҷомеаи ҷоҳонӣ қабул гардидани чунин рӯз аз он шаҳодат медиҳад, ки танҳо муқобилияти дастаҷамъона бар зидди ин падидаи номатлуб метавонад натиҷаи дилхоҳ ба бор орад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамасола бахшида ба ин рӯз сохторҳои марбута чарабиниҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ ва иттилоотӣ доир менамоянд.
Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамаи кӯшишҳоро ба харҷ дода истодааст, ки саҳми худро оиди ин масъала дар доираи имкониятҳои мавҷуда ба анҷом расонад.
Айни ҳол Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурустӣ дар самти коҳиш додани талабот ба маводи нашъадор фаъолияти дақиқ ва муассире ба роҳ мондааст, ки натиҷаи он рӯз ба рӯз коҳиш ёфтани нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад. Агар соли 2002 дар ҷумҳурӣ 6496 нафар нашъаманд ба қайд гирифта шуда бошад, то соли 2007 он ба 8744 нафар расид, ки хеле нигаронкунанда буд. Вохӯриҳо бо мардум ва матраҳ сохтани масоили фаҳмондадиҳӣ ба он мусоидат намуд, ки аз соли 2008 то 2012 сатҳи нашъамандӣ аз 8744 то 7232 нафар коҳиш ёфт. Соли 2007 дар кишвар 8308 нафар мард ва 436 нафар зани нашъаманд ба сабт расида буд. Теъдоди он дар соли 2012 ба 7013 нафар мард ва 219 нафар зан расид, ки ин нишондодро метавон ба унвони пешрафт дар масъалаи коҳиш додани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва сатҳи нашъамандӣ матраҳ намуд.
Фароруни Сабзқадам