Мардони муҳтарам, шояд надонед, ки як ҷумлаи сода чӣ қадар метавонад рӯйи зиндагии муштарак таъсир бигзорад ва эътимоди ҳамсаратонро ба шумо ва зиндагӣ бештар созад. Мардҳое ҳастанд, ки фикр мекунанд, сухан аҳамияте надорад ва танҳо чизе, ки муҳим аст, ботини онҳост, комилан дар иштибоҳанд.
То вақте бо эҳсосоти даруниатон ҷумлае насозед ва ҳамсаратонро аз онҳо бохабар накунед, ҳеҷ иттифоқи хубе дар зиндагии муштаракатон нахоҳад афтод. Агар аз аҳамияти волои ин ҷумлаҳо бохабаред, аммо намедонед, чӣ бигӯед ва аз куҷо шуруъ кунед, пас ин мақоларо ҳамчун роҳкорие бихонед.
«Чӣ қадар зебоӣ»
Занҳо дӯст медоранд, ки зоҳирашонро ситоиш кунед ва гоҳе ба онҳо бигӯед, ки чеҳраи зебое доред. Ҳатто, агар ҳамсари шумо зебо набошад, аз ин эҳсоси ғурур хоҳад кард. Албатта, беҳудаву баҳуда ӯро тавсиф накунед ва бидуни он ки барои ҳарфатон далеле дошта бошед, ӯро ситоиш насозед. Зеро дар баъзе маврид ба ҳамсаратон мегӯед, ки «чӣ қадар зебоӣ». Ӯ далел хоҳад пурсид ва хоҳад гуфт аз кадом ҷиҳат? Пас, саъй кунед, то барои ин иддао ҷузъиётеро ҳам матраҳ намоед ва пеш аз гуфтан атрофи нукта фикр ронед, ки чӣ чиз дар ӯ зеботар аст. Оре, дар ҳама маврид нахуст андеша бояд, баъд гуфтор.
«Ту хеле хосӣ»
Вақте ки ҳамсар аз забони шумо мешунавад, ки ӯ фарди беҳамтост ва ҳеҷ зани дигаре наметавонад шуморо ба ин андоза хушбахт кунад, як ҳисси фавқулоддае ӯро фаро мегирад. Зеро занҳо дӯст медоранд бидонанд, ки дар нисбат ба дигар заноне, ки шояд ҳамсарашон ба онҳо барои издивоҷ омада буд, фарқ мекунанд ва онҳо вижагиҳое доранд, ки аз назари шавҳарашон дар ҳеҷ зане вуҷуд надоранд. Шумо бояд ин хос буданро ба ӯ хотиррасон кунед ва таъкид намоед, ки кадом вижагии ҳамсаратон шуморо таҳти таъсир қарор додааст. Ин мавзуъ боис мешавад, ки ӯ диққати бештаре бар вижагиҳои мусибаташ дошта бошад ва барои пурранг кардани онҳо талош варзад. Занҳо дӯст медоранд аз забони шавҳарашон бишунаванд, ки онҳо пур аз сифатҳои мусбатанд ва дар зиндагии муштарак боиси хушбахтии ҳамсарашон гаштаанд.
«Бо ту будан хушбахтист»
Занҳо одатан дӯст медоранд, ки ҳамсарашон ба робитае, ки доранд, ифтихор намоянд ва ба далели оромише, ки дар ин робита доранд, аз онҳо қадрдонӣ кунад. Ин қадрдонӣ мумкин аст ба шаклҳои мухталифе сурат бигирад. Масалан, вақте марде зудтар аз кор ба хона бармегардад ва ба ҳамсараш мегӯяд, ки «хостам имрӯз канори ту бошам», ё «мехоҳам бештари вақтамро бо ту бигзаронам ва боқимондаи корамро ҳам канори ту анҷом диҳам» метавонад як ҳисси фавқулоддаеро дар занон эҷод созад. Бо шунидани ин қадрдониҳо зан барои бештар дарк сохтани ҳамсараш талош хоҳад кард. Зан ба хотири он, ки шавҳараш мехоҳад ва дӯст медорад, ки қисмате аз рӯзро танҳо канори ӯ сипарӣ кунад, беш аз ҳар чизе хушҳол мешавад.
«Дӯстат медорам»
Агар мехоҳед мутмаин шавед, ки ҳамсаратон дӯстдории шуморо эҳсос мекунад, чорае ҷуз гуф-тани ин ҷумла надоред. Ҳарчанд гоҳе аз гуфтани ин ҳарфҳо дида, амал кардани шумо муҳимтар аст. Дар бисёр маврид занон дӯст медоранд, ки дар баробари гуфтор ҳақиқати ишқатонро бо корҳоятон нишон диҳед. Додани як шохаи гул, як ҳадяи муносиб, паёмакҳои аҳволпурсӣ дар давоми рӯз ва хеле корҳои содаи дигар, метавонад таъсири хосе бар робитаи шумо бигзорад ва зиндагиро дар чашми ҳамсаратон ифтихоромезтар кунад. Муҳимтар аз ҳама муроқиби қавлҳое бошед, ки ба ҳамсаратон медиҳед, зеро посухи мусбати шумо ба хостаҳои ҳамсаратон ҳарчанд ӯро хушҳол созад ҳам, аммо амал накардан ба ваъдаҳои хурду бузургатон муш-килро чанд баробар хоҳад намуд ва таъсири манфӣ бар нигоҳи ҳамсаратон хоҳад гузошт.
«Афсӯс мехӯрам»
Барои занҳо муҳимтарин иттифоқе, ки метавонад баъд аз як даъво ё нофаҳмие пеш биёяд, бе шак шунидани узрхоҳии мард аст. Онҳо дӯст медоранд, ки таассуфи воқеии шуморо бубинанд ва баъд аз он ҳама даъво мавриди дилҷӯйӣ қарор гиранд. Ғуруратонро канор бигзоред! Агар иштибоҳ кардаед, пеш аз тавзеҳ додани далеле аз ӯ узр хоҳед. Бе изҳор намудани пушаймонии худ ба тавзеҳ додан ва далелтарошӣ шуруъ накунед, зеро чунин иқдоми шумо метавонад баъд аз даъво нороҳаткунандатарин вокуниш барои зан бошад. Пас, агар намехоҳед авзоъро аз будаш бадтар кунед, бо як ҷумлае изҳори таассуф намоед.
«Ҳама чиро дуруст мекунам»
Бояд ба ҳамсаратон итминон диҳед, ки ҳама чиз таҳти назорат аст ва то замоне, ки дар канораш ҳастед, намегузоред, ки зиндагиатонро чизе таҳдид кунад. Пеш аз ҳама, шумо бо рафторҳоятон бояд ин итминонро дар ӯ эҷод созед, аммо дар лаҳзаҳое, ки ӯ аз таҳти дил ғамгин аст ва эҳсоси изтироб мекунад, бояд ин ҷумлаи сеҳрангезро ба кор бубаред ва ба ӯ оромиш диҳед. Агар фикр доред, ки танҳо фароҳам овардани имконияти зиндагӣ барои шод кардани ҳамсаратон кофист, пас иштибоҳ намудаед. Эҷоди эҳсосу оромиши итминон ва гоҳе баён сохтани ин ҷумлаҳо ӯро бисёр ором ва эътимодаш ба зиндагии муштаракро бештар хоҳад кард.
«Биё, суҳбат кунем»
Агар ҳамсаратон чанд муддатест, ки нороҳат ё парешон аст, аммо тавзеҳе дар ин маврид ба шумо намедиҳад, бояд худатон пешқадам шавед. Шояд ӯ мушкили бузурге дорад, ки гуфтанаш барояш осон нест ва шояд ҳам мунтазири шарорае аз тарафи шумост. Аз ёдатон наравад, ки ҳеҷ нороҳатӣ бесабаб нест ва ин ки шумо аз канори ин парешониҳо бигзаред ва онҳоро ҷиддӣ нагиред, метавонед ҳамсаратонро аз он чӣ ҳаст, нороҳаттар кунед ва ҳатто гоҳе зиндагии муштаракатонро ҳам зери суол баред. Пас, баъд аз ҳар даъво ва нофаҳмие, ки байнатон сурат мегирад ва ё мушоҳида мекунед, ки рафтори ҳамсаратон дигаргун шудааст, аммо сабабашро намедонед, ба ӯ пешниҳоди гуфтугӯ кунед. Агар аз гуфтугӯ баҳона ҷӯяд, барояш тавзеҳ диҳед, ки шунидани ҳарфҳо ва эҳсосоташ барои шумо аҳамият дорад ва барои беҳтар кардани зиндагии муштаракатон иштиёқ доред.
Таҳияи Самариддин Мирзоев,
сармутахассиси шуъбаи ахбори илмию техникии ДМТ