Номаи Чарлз Чаплин ба духтараш
Чарлз Чаплин яке аз навобиғи мусаллами синамост. Ӯ дар замоне, ки дар авҷи муваффақият буд, бо Униел издивоҷ кард ва соҳиби 8 фарзанд шуд, вале танҳо яке аз онҳо - Ҷералдина истеъдоди ҳунарие аз падараш ба ирс бурд ва чанд сол дар дунёи синамо машғули фаъолият буд.
Замоне Ҷералдина, духтари Чарлз Чаплин мехост тоза вориди олами ҳунар шавад, Чарлз барои ӯ номае навишт, ки дар шумори зеботарин ва шӯрангезтарин номаҳои дунё қарор дорад ва, бидуни шак, ҳар хонанда, ё шунавандаеро ба тафаккур водор мекунад.
Ҷералдина, духтарам:
Ин ҷо шаб аст. Дар қуллаи кӯчаке ману ҳамаи сипоҳиёни бе силоҳ хуфтаанд. На бародар, на хоҳари ту ва ҳатто модарат, ба заҳмат тавонистем бе ин ки ин парандагони хуфтаро бедор кунам, худро ба ин утоқи кӯчаки нимарӯшан, ба ин утоқи интизори пеш аз марг бирасонам. Ман аз ту дурам, хело дур... аммо чашмонам кӯр бод, агар як лаҳза тасвири туро аз чашмони ман дур кунанд.
Тасвири ту он ҷо рӯйи миз ҳаст.Тасвири ту ин ҷо рӯи қалби ман низ ҳаст, аммо ту куҷоӣ? Он ҷо дар Парижи афсунгар бар рӯйи он саҳнаи пуршукӯҳи “Шонализа” мерақсӣ. Инро медонам ва чунин аст дар ин сукути шабонгоҳӣ, оҳанги қадамҳоятро мешунавам ва дар ин зулмати зимистонӣ, барқи ситорагони чашмонатро мебинам.
Шунидам нақши ту дар намоиши пурнур ва пуршукӯҳ нақши он шоҳдухтари эронӣ аст, ки асири хони тотор шудааст. Шоҳзодахонум бош ва бирақс. Ситора бош ва бидурахш. Аммо, агар қаҳ-қаҳаи таҳсиномези тамошогарон ва атри мастии гулҳое, ки бароят фиристодаанд, туро фурсати ҳушёрӣ дод, дар гӯшае биншин, номаамро бихон ва ба садои падарат гӯш фаро дор. Ман падари ту ҳастам, Ҷералдина, ман Чарлз Чаплин ҳастам. Вақте бача будӣ, шабҳои дароз ба болинат нишастам ва бароят қиссаҳо гуфтам. Қиссаи зебои хуфта дар ҷангал, қиссаи аждаҳои бедор дар саҳро, хоб, ки ба чашмони пирам меомад, таънааш мезадам ва мегуфтамаш, бирав. Ман дар руъёи духтарам хуфтаам. Руъё медидам Ҷералдина, руъё... руъёи фардои ту, руъёи имрӯзи ту, духтаре медидам ба рӯйи саҳна, фариштае медидам ба рӯйи осмон, ки мерақсид ва мешунидам тамошогаронро, ки мегуфтанд: “Духтареро мебинӣ? Ин духтари ҳамон Чарлз”.
Имрӯз навбати туст. Бирақс, ман бо ҷомаи кушоди пора-порае рақсидам, ту дар ҷомаи ҳарири шоҳзодагон мерақсӣ. Ин рақсҳо ва бештар аз он, садои каф заданҳои тамошогарон, гоҳ туро ба осмонҳо хоҳад бурд. Бирав. Он ҷо бирав, аммо гоҳе низ ба рӯйи замин биё ва зиндагии мардумро тамошо кун.
Зиндагии он раққосагони давру гирди кӯчаҳои торикро, ки бо шиками гурусна мерақсанд ва бо пойҳое, ки аз бенавоӣ меларзанд. Ман яке аз онон будам Ҷералдина ва дар он шабҳо, дар он шабҳои афсонаи кӯдакии ту, ки ту болои қиссаҳои ман, ба хоб мерафтӣ ва ман бедор мемондам дар чеҳраи ту менигаристам, зарбони қалбатро мешумурдам ва аз худ пурсидам: Чарлз, оё ин бача ҳаргиз туро хоҳад шинохт?
...Ту маро намешиносӣ Ҷералдина. Дар он шабҳои дур, бас қиссаҳо ба ту гуфтаам, аммо қиссаи худро ҳаргиз нагуфтаам. Ин достони шуниданӣ аст.
Достони он дилқаки гуруснае, ки дар Лондон овоз мехонд ва мерақсид ва садақа ҷамъ мекард. Ин достони ман аст. Ман таъми гуруснагиро чашидаам. Ман дарди бехонумониро чашидаам ва аз ин ҳама бештар, ман ранҷи он дилқаки давраи гирд-ро, ки уқёнусе аз ғурур дар дилаш мавҷ мезанад, аммо сиккаи садақаи раҳгузари худхоҳе онро мехушконад, эҳсос кардаам.
Бо ин ҳама ман зиндаам ва аз зиндагон, пеш аз он ки бимиранд, набояд ҳарфе зад. Бо ин ҳама ман зиндаам. Заминро хандондам, онон хандиданд ва бештар аз онҳо худ гиристам.
Ҷералдина, нимашаб, ҳангоме ки аз бинои пуршукӯҳи театр берун меоӣ, аз ҳоли он ронандаи таксӣ, ки туро ба манзил мерасонад, бипурс. Гоҳ ба гоҳ бо автобус гирди шаҳр бигард, мардумро нигоҳ кун ва дасти кам якбор рӯзе бо худ бигӯ: “Ман ҳам яке аз онҳо ҳастам”. Ту яке аз онҳо ҳастӣ-духтарам, на бештар. Ҳунар пеш аз он ки ду боли дурпарвоз ба одам бидиҳад, ағлаб ду пойи ӯро низ мешиканад.
Ва вақте ба он ҷо расидӣ, ки як лаҳза худро бартар аз тамошогарони рақси худ бидонӣ, ҳамон лаҳза саҳнаро тарк кун ва бо аввалин таксӣ худро ба “Шонализа”-и Париж бирасон. Ман он ҷоро хуб мешиносам, аз қарнҳои пеш он ҷо гаҳвораи ҳунармандон будааст. Дар онҷо раққосаҳои мисли худатро хоҳӣ дид. Зеботар аз ту, чолоктар аз ту ва мағруртар аз ту. Хуб нигоҳ кун, оё аз ту беҳтар намерақсанд?
Эътироф кун, духтарам. Ҳамеша касе ҳаст, ки беҳтар аз ту мерақсад. Ҳамеша касе ҳаст, ки беҳтар аз туст. Ва инро бидон, ки дар хонадони Чарлз ҳаргиз касе он қадар густох набудааст, ки ба як гадои канори рӯд ва ё як аробасаворе хайре накунад. Ман хоҳам мурд ва ту хоҳӣ зист. Умеди ман он аст, ки ҳаргиз дар фақр зиндагӣ накунӣ. Ҳамроҳи ин нома як чеке бароят мефиристам. Ҳар маблағе, ки мехоҳӣ, бинавис ва бигир, аммо ҳамеша вақте ду франкро харҷ мекунӣ, бо худ бигӯ: “Дувумин сикка моли ман нест”. Ин моли як фарди гумном бошад, ки имшаб ба як франк ниёз дорад. Ҷустуҷӯе лозим нест. Ин ниёзмандони гумномро, агар бихоҳӣ, ҳама ҷо хоҳӣ ёфт. Агар аз пул ва сикка бо ту ҳарф мезанам, барои он аст, ки аз неруи фиреб ва афсуни ин бачаҳои шайтон хуб огоҳам, ман замони дароз дар сирк зистам ва ҳамеша ва ҳар лаҳза ба хотири бандбозоне, ки аз рӯйи ресмони бас нозук роҳ мераванд, нигарон будаам, аммо ин ҳақиқатро ба ту мегӯям, духтарам: мардумони бар рӯйи замини устувор, бештар аз бандбозони бар рӯйи ресмони ноустувор, суқут мекунанд. Шояд, ки шабе дурахши гаронбаҳотарин алмоси ин ҷаҳон туро фиреб диҳад.
Он шаб, ин алмос, ресмони ноустувори ту хоҳад буд ва суқути ту ҳатмист. Шояд рӯзе чеҳраи зебои шоҳзодае туро гул занад, он рӯз ту бандбози ношӣ хоҳи буд ва бандбозони ношӣ, ҳамеша суқут мекунанд.
Дил ба зару зевар набанд, зеро бузургтарин алмоси ин ҷаҳон офтоб аст ва хушбахтона, ин алмос бар гардани ҳама кас медурахшад....
...Аммо, агар рӯзе дил ба офтоби чеҳраи марде бастӣ, бо ӯ якдил бош, ба модарат гуфтаам дар ин бора бароят номае нависад. Ӯ ишқро беҳтар аз ман мешиносад. Ва ӯ барои таърифи як дили шоистатар аз ман аст. Кори ту бас душвор аст. Инро медонам.
Ба рӯйи саҳна, ҷуз тиккаи ҳарири нозук, чизе туро намепӯшонад. Ба хотири ҳунар метавон урён ба саҳна рафт ва пӯшидатару бокиратар бозгашт. Аммо ҳеч чиз ва ҳеч кас дигар дар ин ҷаҳон нест, ки шоистаи он бошад, то духтар нохуни пояшро ба хотири ӯ урён кунад.
Бараҳнагӣ, бемории асри мост ва ман пирамардам, шояд ҳарфҳои хандадор мезанам, аммо, ба гумони ман, тани урёни ту бояд моли касе бошад, ки руҳи урёнашро дӯст медорӣ.
Таҳияи Абдуҷалили Амон