Арзандатар аз ишқ ба олам гуҳаре нест,
Покиза бидораш, ки ба ҳастӣ сабаб аст ин.
Мутаассифона, ин вожаи муқаддас, мадори зиндагӣ ва шерозаи умеду орзуро дар замони мо хор кардаанд. Агар дар қадим ва дар гузаштаи на чандон дури мо ба номи ишқ қаҳрамониҳои нотакрор зоҳир мекарданд, имрӯз бадахлоқии бархе аз ҷавонон ба номи ишқ доғи сиёҳи нангин гузоштаанд.
Байни ишқ ва шаҳват
«Ишқ ҳамеша оғуштаи табиатҳои нозук буда, ба зеҳнҳои латиф пайваст мешавад. Маҳз ишқ ошиқонро ба тозагӣ, хушзабонӣ ва зебоиҳои ҳаёт сафарбар мекунад. Онҳо тавассути ғазалиёт ва шеърҳои пурбалоғат, ки дар боби ишқ гуфта шудаанд, ақидаҳои худро паҳн мекунанд»-гуфтааст мутафаккири бузурги миллати мо Закариёи Розӣ. Аммо имрӯз ворисони ин абармардони миллат ишқро аз ниҳонхонаи қалбҳои худ ба гулгашту хиёбонҳо ва салони нақлиёту кӯчаҳо баровардаанд. Боре дар дохили нақлиёт шоҳид будам, ки ҷавони 18-20 сола ва духтараки навраси 15-16 сола бепарво аз он ки 10-12 нафар шоҳиди бӯсобӯсии онҳоянд бо шавқ аз лабони якдигар бӯса меситонданд. Ман дар паҳлӯи онҳо будаму рӯямро ба тарафи дигар гардонда, хомӯширо авло донистам, аммо зани миёнасоли зиёинамо оташин гашта онҳоро сарзаниш кард: -ҳой шумо дар хонаи модаратон не, дар ҷои ҷамъиятӣ ҳузур доред, гузашта аз ин мусулмонед, шарму ҳаёро гум кардаед? Духтар аз эродгирии зан парвое накарда танҳо дастонашро аз гардани ҷавон гирифт, аммо «ошиқ» бо як густохӣ овоз баланд кард: -Хола худатон давратонро гузарондед, акнун ба ҷавонҳо рӯз намедиҳед?! Занро ин беодобӣ оташинтар карда бошад ҳам ин даъфа насиҳатомез гуфт, ки дар замони мо байни ишқу шаҳват фарқ мемонданд. Агар ҷавони дӯстдоштаамон дасти моро дорад, инро дар шахси худ таҳқир меҳисобидем, бӯсобӯсӣ он тараф истад… Ба баҳси бонуи миёнсол ва ҷавони «ошиқ», садои хиррии марди айнакии солхӯрда нуқта гузошт, ки гуфт: Афсӯс имрӯз ишқро шаҳват мефаҳманд.
Тарбияи ахлоқӣ дар оила
Волидони моро зарур аст, ки дар баробари назорат аз рӯй таҳсил ва кору бори фарзанд, ҳангоми ба балоғат расидани ӯ ба тарбияи ахлоқияш низ аҳмият диҳанд. Писарон дар оила бештар бо падар ҳамсуҳбат мешаванд, сарварони оиларо зарур аст, ки дар даврони бисёр ҳам нозуки балоғат ба эшон сифатҳои мардӣ, муҳаббати байни зану мард ва бисёр чизҳои дигарро омӯзанд. Модарон бошанд ба духтаронашон дар хусуси покии муҳаббати инсонӣ сухан кунанд. Дар байни мардуми тоҷик ишқи Тоҳиру Зуҳро, Лайлию Маҷнун, Фарҳоду Ширин ва вафодории онҳо ба якдигар афсона гаштаанд. Аз адабиёти тоҷик, афсонаҳои халқии ниёгонамон аз боби ишқу вафодорӣ, муҳаббати самимии инсонӣ мисолҳои зиёде оварда фарқи ишқ ва шаҳватро ба ҷавонон омӯзонидан лозим аст. Чуноне ки огаҳ ҳастем Лайлию Маҷнун ҳангоми таҳсил дар мактаб ба ҳам ошиқ шуда буданд ва ишқашонро то охири умр покиза нигоҳ доштаанд. Муносибати Лайлию Маҷнун, он покию вафодорӣ, самимияту садоқат барои ҷавонони замони мо боиси пайравӣ аст. Ҷавонону наврасон бояд донанд, ки яке аз зуҳуроти оддитарини ишқ меҳри бепоёну хушмуомилагӣ мебошад. Анъанаҳои миллии тоҷикон тақозо мекунад, ки шахс ҳиссиёти худро бояд пинҳон дошта тавонад, зеро ишқи соддаю кӯдакона низ метавонад боиси бадному бадбахт гардидани инсон, бахусус, духтарон гардад.
Ноболиғони сабукпо
Яке аз падидаҳои номақбули солҳои ахир ба кӯйи фоҳишагӣ афтидани духтаракони дар ҳукми гул мебошад. Бархе аз волидон гумон мекунанд, ки пас аз хатми синфи нуҳ аз мактаб гирифтани духтар ва ба шавҳарбароӣ тайёр намудани ӯ тарбияи ахлоқӣ мебошад, аммо ин ҳаргиз роҳи ҳалли масъала нест. Чуноне, ки аз рӯйи мушоҳидаҳо медонем духтарони соҳибҳунар хеле кам ба тори анкабути фисқу фуҷур меафтанд ва аксари бадроҳаҳо аз ҳисоби он бонувони роҳгуме ҳастанд, ки на дар мактаб хондаанду на ҳунареро аз худ намудаанд. Ин гуна бонувон, ки ҳунаре надоранд, ягона роҳи даромадро дар фурӯхтани ҷисми нозуки худ ба мардони айшхоҳ мебинанд. Духтари бемаълумот бо пайдо шудани аввалин монеа дар роҳи зиндагиаш руҳафтода шуда сарриштаи корашро гум мекунад, аммо духтаре ки соҳиби касбу ҳунар аст метавонад зиндагиашро аз саҳифаи тоза оғоз намояд. Духтаракеро мешиносам бо исми зебои Фарангис, тақдир ба сари ӯ чӣ қадар ҷабру ҷафоҳое овардааст. Модараш хеле ҷавон аз дунё гузаштаю ӯро модаркалонаш ба воя расонидааст, Фарангис бо ҷидду ҷаҳди худ Донишгоҳро бо дипломи сурх хатм намуда имрӯз дар яке аз бонуфузтарин ширкатҳои мобилии кишвар ифои вазифа карда истодааст. Дар хонаи иҷора танҳо зиндагӣ мекунад, зеро синну соли модаркалонаш рафтаасту ӯ зиндагии деҳаро пазируфт. Ман пеши ин духтараки камгапу хоксор, вале оҳанинирода сари таъзим фуруд меорам, зеро агар ақлу дониш ва шарму ҳаёи тоҷиконаи ӯ ҷавшанаш набошанд, дар ин шаҳри пурғавғо танҳо умр ба сар бурдан осон нест.
Дар забони миллати ман…
Дуруст аст, ки имрӯз ба суннатҳои миллии тоҷикӣ, анъанаҳои наву пешқадами инсонӣ зам гардидаанд. Баробарҳуқуқии мардону занон ба кирдору рафтори ҷавонон дигаргуниҳо ворид намудаанд, аммо ин чунин маъно надорад, ки онҳо шарму ҳаёро аз ёд бурда, афкори умумро ба назар нагиранд. Одоб ин меъёри рафтори оқилонаест, ки дар асоси анъанаҳои ҳазорсолаи халқ ба вуҷуд омадааст. Пайғамбари дини мубини ислом ҳазрати Муҳаммад дар як ҳадисашон гуфтаанд: «Касе, ки ошиқ бошаду бо он ишқаш бимирад ба ҷаннат хоҳад рафт». Аз ин бармеояд, ки фош накардани муҳаббати инсонӣ яке аз хислатҳои ҳамидатарин ба шумор меравад. Шоири зиндаёди тоҷик Файзулло Ансорӣ дар бораи покиза нигоҳ доштани ин гавҳари пурқиммати инсонӣ чунин мегӯяд:
Дар забони миллати ман ишқ ин покизагист,
Ҳар кӣ ин маънӣ надонад, одами покиза нест….
Ҷавҳари Саидназар