05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

СУОЛҲОИ КӮДАКОНА ЧӢ ГУНА ПОСУХ МЕХОҲАНД?

Бо ин ҳол, модарони фарзанддор дар як сол ба бештар аз 100 ҳазор суоли кӯдакона посух мегуфтаанд. Дар пайи ин назарсанҷиҳо маълум гаштааст, ки зиёда аз 80 дарсади модарон эътироф кардаанд мавридҳои зиёд посухи суолоти кӯдакони 9-10 солаи худро намедонанд.

Ин вижагии тамоми кӯдакони ҷаҳон, новобаста аз миллату нажодашон, будааст. Аммо дар Тоҷикистон як падидаи дигар боиси таассуф аст, ки бештари вақт волидайн бар ивази ин ки ба суоли кӯдак посух бигӯянд, ӯро ба хомуш нишастану бисёр ҳарф назадан ҳидоят мекунанд.

Бардошт аз ин навъи муносибат бо атфол чунин мешавад, ки ё волидайн посухи суолҳои соддаи кӯдаконро намедонанд ва ё ҳавсалаи посух гуфтанро надоранд. Агар қисмати дувуми ҷумла дақиқ бошад, волидайн бехабар аз ҳавсалаи костаи худ, боиси падид омадани уқда дар зеҳни атфолашон мегарданд.

Бинобар навиштаи равоншиносон, ҳар суоли бепосухи кӯдак монеъи рушди ба мавқеи зеҳни ӯ мегардад. Вале суол ин аст, ки посухи қобили қабул ба пурсишҳои кӯдакона чи гуна бояд бошад?

Дар робита ба ин аз таҷрибаи худам мехоҳам мисол биорам. Рӯзе аз рӯзҳои истироҳатӣ ҳамроҳи духтарчаи 3 солаам нишаста, оинаи нилгунро медидам. Дар оина саҳнаи ба ҳавзи пури об даромадани марде намоиш дода мешуд. Ин ҳангом суоли навбатии духтарчаам бо забони шикаставу бастаи тифлонааш садо дод:

- И малдак чи кол мекуна?

Гуфтам:

- Ба ҳавз медарояд.

Ҳамин ки мард ба ҳавз ворид шуду об фишор хурд ва қатраҳои он дар экран бузургтар нишондода шуд, духтарчаам дар ҳол гуфт:

- Да ов медулоя гу…

Намедонам, ки оё хонанда аз ин муколама ончиро дар назар доштам пай бурд ё хайр, ба ҳар сурат мехоҳам каме тавзеҳ бидиҳам. Фикр мекардам, ки ба ин суоли кӯдакона посухи саҳеҳ ва нишонрас додаам. Бехабар аз он ки дар ин синну сол шояд тифл ҳанӯз ба чӣ будани ҳавз сарфаҳм наравад, чунин як ҷавоби нофаҳморо ироа карда будам. Дар ниҳоят ба ин натиҷа расидам, ки посухи дурустро духтарчаам худ гуфта будааст: яъне он мард ба ҷуз аз ба об даромадан кори дигаре накарда буд.

Ҳамин тавр, гоҳо худро олиму файласуф ангошта, посухҳоеро ба кӯдакон медиҳем, ки на сар доранду на нӯг.

Маслиҳат ин аст, ки барои дар суолҳои кӯдакона танҳо ҳавсалаи посух гуфтан кифоят намекунад. Бар илова, бояд бе муболиға, набояд печидаву номафҳум ва содда посух гуфт.

Тавре ҷомеашиносону равоншиносон машварат медиҳанд, набояд бо ҳадафи гурез аз масъулияти посух гуфтан ба суолҳои кӯдакон, онҳоро ба дидани оинаи нилгун, машғул шудан ба бозӣ ва ё хомӯш истодан қаноат кунонид. Дар ин сурат тафаккури кӯдак аз рушд хоҳад монд.            

                                                          

Ё. Ҳалимов

:.  Аз ҳар боб 23.04.2013 09:46 2330

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz