05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

УЗРИ БАЪДТАР АЗ ГУНОҲ

Баъд аз чанд лаҳзаи дигар ҳамаи сокинони даҳлез дар табақаи аввал ҷамъ шуданд, то бифаҳманд иллати ин сару садо чӣ будааст. Дар миёни ҷамъи ҳамсояҳо як навҷавони тақрибан 14-15 сола суханбозӣ мекард. Маълум гардид, ки ин ҳама сару садо ва даву тозро ин наврас бо чанде дигар аз рафиқонаш бардоштаанд. Он ҷисми вазнин ҳам санги 5 килоие будаст, ки ба маҳзи бархурдан ба дари оҳанини ҳамсоя, аз худ осори намоёне гузоштааст.

Навҷавон мегуфт, ки ӯ танҳо нафаре набуд, ки ба ин даҳлез ворид шудааст. Ва ҳам ӯ набудааст, ки сангро ба дари ҳамсоя задааст. Ба суоли ҳамсоягон, ки дар ин даҳлез чӣ кор мекард ва назди кӣ омада буд, бо маккорӣ посух мегуфт. Аз ин ки бори аввал набуд, ки ҳолати сару садои ногаҳонӣ ва фаҳшу дашномдиҳӣ шабу нимшаб дар даҳлези мо ба вуқуъ мепайваст ва дар дафъаҳои гузашта ҳич нафарро ҳамсоягон дастгир накарда буданд, бинобар ин бор хостанд, то тавассути милиса муайян кунанд, ки ин навҷавон кист ва дар ин даҳлез чӣ мекобад?

Тавассути сардори бино, нозири минтақавиро даъват карданд. Нозири минтақавӣ ҳозир шуд ва навҷонро барои муайян кардани шахсияти худу волидайнаш ба шуъбаи корҳои дохилӣ бурд.

Тақрибан баъд аз соате дубора аз даҳлез садои баҳсу ҷадал ба гӯш расид. Ин дафъа навҷавон бо 3 рафиқи дигараш ба узрхоҳии ҳамсоягон омада буданд. Нозири минтақавӣ баъд аз пурсуҷӯ муайян кардаст, ки воқеан навҷавон танҳо не, ҳамроҳи 3 рафиқи дигараш дар даҳлези мо сару садо бардоштаанд ва боиси зарари моддӣ расонидан ба ҳамсояи табақаи аввал шудаанд. Нозир ҳамроҳи волидайн ва худи навҷавонон, ки ҳамагӣ дар синфи 8-и яке аз мактабҳои пойтахт таҳсил мекардаанд, ба ҳузури ҳамсоягон омадаанд.

Волидайн аз номи писарҳояшон бахшиш мепурсиданду илтиҷо мекарданд. Ба ин маънӣ, ки ҳамсояи зарардида ба нозири минтақавӣ бигӯяд, ки нисбати наврасон даъво надорад. Хуллас, ин баҳсу ҷадал бо гузашти ҳамсоя ва қабули бахшиши волидайн ба анҷом расид. Аммо ин узру маъзарати волидайн ҳамон масали «узри бадтар аз гуноҳро» ба хотир меорад.

Дар аввал фарзандони ноболиғи худро бе назорат гузошта, парво надоштанд, ки шабу нимшаб куҷо мегарданд, вале ҳангоме ки фарзандонашон дарди сар сохтанд, акнун бахшишу гуноҳ мепурсиданд.

Дар бораи қонуни «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бисёр гуфтему хеле зиёд шунидем, аммо суол ин ҷост, ки чаро бо ин вуҷуд меъёрҳои ин қонун то кунун амал намекунад? Волидайн дар назораи фарзандони ноболиғи худ чаро бемасъулиятӣ мекунанд? Ҳангоме, ки барои фарзандон ба дари милисахона гарданкаҷу сархам омаданд, баъд узру маъзарат пеш меоранд, ки надидему нашунидем, ки онҳо куҷо буданду чӣ кор карданд, аҷиб!

 

Ё. Ҳалимов

:.  Аз ҳар боб 12.04.2013 11:24 2140

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz