-То кашфи ин калидкалимаҳо аз устод Х. баҳо гирифтан баробар ба ҳимояи диплом буд,- мегуфтанд онҳое, ки пештар аз мо факултети гапро хатм карда буданд ва мо низ шашмоҳаи аввали донишҷӯиамон инро эҳсос ва тасдиқ намудем, аммо бахти мо «баландӣ» карду аз сместри дуюми курси аввал профессорро ду ассистенти нимошно ҳамроҳӣ мекардагӣ шуданд. Устод чизеро пай бурдагӣ барин пофишорӣ менамуд, ки имтиҳони забони тоҷикӣ ба таври тестӣ гузарад ва ҳамин тавр ҳам шуд.
Ассистентҳо ба тақдир тан дода бошанд ҳам, даст болои даст нанишаста, нақшаи чӣ тавр ба донишҷӯён «ёрӣ расонидан»-ро тарҳрезӣ мекарданд. Ниҳоят дар арафаи имтиҳон кашфиётеро бо унвони «Калидчаи заррин» анҷом доданд, ки ба мукофоти Нобел меарзид, агар мукофоти мазкур риштаеро бо номи «Кашфиёт дар соҳаи хиёнат» низ фарогир мебуд.
Инак, рӯзи имтиҳон ҳам омад ва кашшофон бояд нахустин бор кашфиёти худро дар амалия санҷанд…
Синфхонаи зебо омодашуда. Устод чун ҳарвақта ҷиддӣ, аммо чеҳраи гарму нурониаш умедворкунанда паси миз интизори вуруди донишҷӯён аст. Ду ёвар чун Мункару Накир каме қафотар ҳамчунон чеҳраҳои гирифтаи ҷиддӣ доранд. Ғайриинтизор аввалин шуда на панҷгонаи донишҷӯёни воқеан фаъол, балки онҳое вориди синфхона мешаванд, ки ба ҷуз дасту забони дароз чизи дигаре надоранд. Мани бехабар аз асрори имрӯза, қатори ҳамин гурӯҳ худро паси миз гирифтам.
«Бозӣ» сар шуд. Ҳамин ки шогирдон варақаҳои тестро гирифтанд, маслиҳат кардагӣ барин, ду нафар ба як ёвар ва ду нафари дигар ба дигараш чашм ба чашм шуданд. Нафари панҷум, яъне ман барои ёрдамчиҳои устод Х. вуҷуд надоштам.
Бозӣ авҷ мегирифт. Ман зуд пай бурдам, ки чӣ хел бо ишораи Мункару Накир донишҷӯён варақ сиёҳ мекунанд. Ҳарчанд ки муаллимаи У. ба даҳону бинӣ ва гӯшу мӯйҳояш зиёдтар даст барад, ҳамон қадар катакчаҳои холии варақаи савол бештар сиёҳ мешуд. Хуллас панҷгонаҳо даромадаву комёб мерафтанд ва он ду бозиро ончунон моҳирона мебурданд, ки ҳатто ҳангоми ба устод чой дароз кардану пиёлаи холиро аз дасташон гирифтан, фурсат ёфта, ба доди чанд донишҷӯи маҳтали ишора мерасиданд. Вале ман, ки ҳамчунон барои онҳо вуҷуд надоштам, аз тамошои ин бозӣ аз худ рафтам, ки саволҳои медонистаамро низ сиёҳ накарда мондам…
- Писарам, о бетайёрӣ омадаӣ-ку,- гуфтани устод маро ба худ овард ва аз хиҷолат, бе он ки чизе гӯям, бадар рафтам…
Асрори бозиро бароям хеле баъд дар як деҳаи дурдасти ноҳияи Файзобод кушоданд, вақте ба ҳолам механдиданд, ки собиқ сардори гурӯҳ аз забони модариаш ду бор ноком шудаву баҳои чор гирифтааст.
- Садои хуми холӣ баланд аст, -гуфтагӣ барин суханро Аскари Ҳазрати Мавлоно оғоз кард:
- О ҳамон 10 сомонӣ медодиву сразу баҳо мегирифтӣ, намешуд? Зато панҷ панҷи устод буд…
- Чӣ хел 10 сомонӣ, ба кӣ бояд медодам?
- Дар чунин ҳолатҳо бо ту барин донишҷӯи честный договорится намекунан. Агар ту гирифтаву дода метавонистӣ, аз сардории гурӯҳ намемондӣ. Старости ҳозира ҳам ту барин дилу гурда надорад. Барои ҳамин баҳои ҳамаи шербачаҳора ман гирифтам. Кани бинед, ягонтои ҳаминҳо баҳои се доранд? Кошки дафтари лексияра варақ зада бошанд. Проста бачаҳо «Калидчаи заррин» бозӣ карданд ё ба гуфти Ҳокими Кала «Поле чудес»…
-Чӣ хел «Калидчаи заррин», чӣ хел «Поле чудес»??? Охир устод Х-ро ман нағз мешиносам…
- Зато ёрдамчиёнашро намешиносӣ. Барои ҳамин гӯш кун сардори бесар. Як рӯз пеш аз имтиҳон муаллима У. фарёд карду гуфт, ки ҳамин хел бозӣ ҳаст. Бачаҳои боваринока бигу, ки касе бозӣ мекунад, 10 сомонӣ ҷамъ намоянд. Мо дарав 180 сомонӣ додем. Лекин шарти бозира муаллима ҳамон рӯзи имтиҳон фаҳмонд. Гуфт, ки ба ҳар саволи тест 4 варианти ҷавоб ҳаст ва бо ҳарфҳои А,Б,В ва Г ишора мешаванд. Ҳамин ки варақаи саволро гирифтед, ба мо нигоҳ мекунед. Агар ба даҳон ишора кардем, варианти А-ро сиёҳ мекунед, бинӣ варианти Б, волосы (мӯи сар)- варианти В ва гӯш варианти Г, фаҳмидед? Мо ба тамоми саволҳо ҷавоби аниқ мегардонем, вале шумо аз пеши худ чанд катакчаро нодуруст сиёҳ кунед, то устод шубҳа накунанд… Ана инро «Калидчаи заррин» мегӯянд рафиқ сардор…
Ростӣ аввал бовар накардам, чун дидам, ки ҳама ба ҳолам механданд, беихтиёр хандидам, аммо баъди фурсате намедонам интизориҳои зиёди устоди воқеан серташвишам ба ёд омад, ки ғазабам боло гирифт ва бехуд ҳарчи ба даҳонам омад, дар ҳаққи он ду ассистенти хиёнаткор гуфтам. Ончунон бешарм гуфтам, ки ҳатто духтарҳои шӯхи паҳлӯям аз шарм хонаи гармро шаби сербарфу шамолдори Файзобод ба ҳар баҳона тарк гуфта, ба ҳавлӣ баромаданд…
Ва имрӯз ҳам мегӯям, ҳар гоҳе ки яке аз он ассистентҳоро дар шабакаҳои телевизионӣ зиёдтар аз устодам Профессор Х. мебинам. Ва мебинам, ки чӣ гуна бо пуштибонӣ аз тозагии забони ноби тоҷикӣ ҳарф мезанад. Ва мебинам, ки мегӯяд: «агар хоҳем забони мо аз олоишҳои бегона тоза бошад, бояд ҳам дар хона ва ҳам дар мактабҳои миёнаву олӣ ҷавононро натанҳо дар роҳи забоншиносӣ, балки забондӯстию ҳимояти устувор аз он тарбия намоем...»
Бале «устод», бале, ҳамроҳи муаллима У. хуб тарбия кардед ва сад дар сад бовар дорам, ки имрӯз ҳам ҳамчунон «тарбия» кардан доред. А-даҳон, Б-бинӣ, В-волосы, Г-гӯш. Хайрият, дар тест танҳо чор варианти ҷавоб аст, в-арна кӣ медонад то кадом узвҳоятонро пеши чашми шогирдон ишора мекардед?! Офарин, «устодон». Унвонҳо муборак..!
Баҳоваддини Б.,
довталаб