05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ЯК ХАНДА КУН, ЭЙ ГУЛ

 

**************************************************************

Бемор аз дарди сар шикоят кард ва духтур пас аз муоина пурсид:

- Арақ менӯшед?

- Не, аз кӯчааш ҳатто раҳгузар нашудаам.

- Сигор мекашед?

- Худо нигоҳ дорад.

- Ба хонумҳо завқ доред?

- Ҳатто ба хаёлам намеояд.

- Ҳой, бародар! - Беихтиёр шӯрид духтур. - Офа-рини ин сар, ки накафида фақат дард мекунад. 

**************************************************************

Рафиқон аз ҳамкори бо сари кафида ба кор хозиргардида ташвишомез пурсиданд:

- Бахайр, чи ҳодиса рух дод?

- Тасодуфан ба лаълии паррон бархӯрдам.

- Наход? - Бо шавқ атрофии ӯ ҳалқа заданд ҳамкорон. - Дар куҷо?

- Дар ошхонаи худамон.

- Одами лаълии парронро ҳам дидӣ?

- Ҳа, ронандааш завҷаи худам буд. 

**************************************************************

Ман аблаҳ будаам, ки дар вақташ ба ту шавҳар баромадам, - бо алам арз кард зан.

Ва шавҳар бо таассуф изҳор кард:

- Соддагиро бин, ки ин нуқси туро ман ҳамон вақт дарк накардаам. 

**************************************************************

Очаҷон, моро дар мактаб духтурҳо санчиданд.

- Чиро санчиданд?

- Бодиққат санҷиданд, ки мо нафас мекашем ё не. 

**************************************************************

Зан пас аз моҷарои навбатӣ барои рашки шав-ҳарро санҷидан пурсид:

- Агар туро тарк карда ба шавҳар бароям, таассуф мехӯрӣ?

- Чаро барои марде, ки умуман намешиносам таассуф хӯрам. 

**************************************************************

Мард пас аз аёдати модарарӯси бемор ба зав-ҷааш иброз дошт:

- Ба назарам модаратро аз беморхона ҷавоб медиҳанд.

- Инро аз куҷо донистед?

- Духтур гуфт, ки ба ҳар гуна ғаму ташвиши зиндагӣ омода бошед. 

**************************************************************

Марде назди табиб меравад ва аз дарди тах-тапушт шикоят мекунад.Табиб ӯро муоина карда тавсия медиҳад, ки барои табобат малҳами аз заҳри мор омодашударо истифода барад.

Мард ба хона бармегардад ва ба завҷааш мегӯяд:

- Занак куртаи маро боло куну ба тахтапуштам туф кун.

- Чӣ, шумо девона шудаед, мардак?! - посух медиҳад заҷааш.

- Гуфтам, ба тахтапуштам туф куну бо дастат молиш деҳ, - истодагарӣ мекунад шавҳараш.

- Убол мешавад, мардак! Не, намекунам.

Мард қоматашро рост карда ба занаш мегӯяд:

- Гӯш кун, занак, табиб гуфт, ки ба дарди тахтапушти ту заҳри мор даво мебахшад. 

**************************************************************

Зан баробари ба хона ҳозир гардидани шав-ҳар шикоят кард:

- Мардакҷон, фавран худи ҳамин рӯз ронандаатонро аз кор пеш кунед. Вай ба ягон қоидаву қонуни роҳ риоя накарда, бо суръати баланд мошин меронад ва имрӯз қариб буд, ки маро ду карат ба ҷаҳаннам фиристад.

- Ҷони ширин, дар ҳар як кор саросема шудан хуб нест. Биё ӯро боз як бори дигар санҷида бинем.

 

Беҳрӯзи Шаҳриёр

:.  Аз ҳар боб 08.04.2013 06:48 2516

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz