Чаро боре ҳам ба ёдам нарасидааст, ки ба ту номае нависаму ҳама меҳру ихлосу муҳаббатамро ифшо созам? Намедонам. Шояд ҳамеша бо ман будию бо ту будам ва хаёле ҳам надоштам, ки рӯзе ҷудо мешавем, аммо имрӯз менависам ва онро албатта хоҳӣ хонд, очаҷон, зеро дар руъёҳои ширинам мо бо ҳам ҳастем ва гоҳу ногоҳ ту ба дидорам меойӣ.
Сар зи модар макаш, ки тоҷи шараф,
Гарде зи роҳи модарон бошад.
А. Ҷомӣ
Он қадар пазмонат шудам, ки гоҳ-гоҳе мехоҳам суйи кӯят биравам ва соатҳо бишинаму бо ту ҳарф бизанам. Гоҳе дар кӯчаҳо хаёлан симои нурониатро ҷӯё мешавам…
Гоҳи шабҳо ба осмони пурситора менигараму шарори хотираҳо қалбамро мефишорад. Ёдам меояд шабҳо рӯйи ҳавлӣ, рӯ ба осмон паҳлуи ту хобидану бо ту ситора шумурданҳоям.Ту ситораи маро меҷустию ман ситораи туро ва гӯё меёфтем ситораҳоро…
Баъди солҳо боз имшаб ба осмони пурситора менигарам , аммо паҳлуи ман ҷойи ту холист ва ман ситораи туро меҷӯям.Ситораи аз ҳама бузургро мебинаму ба дил мегӯям: «Ана, ситораи очаҷонам» Ва бовар мекунӣ, дар рӯйи ситора чеҳраи ту пайдо мешавад ва сӯят даст боло мекунаму «салом, очаҷон» мегӯям… Табассуми малеҳат пеши чашмам меояд. Ашк ҳалқа мезанад дар чашмҳо ва зери пардаи ашк нури ситораат ба умқи қалбам панҷа мезанад ва ман ором мешавам…
Туро ёд кардам.Зери беди сари роҳ, пушти ҳавлӣ интизориҳоятро ёд кардам.Сарзанишу насиҳату қаҳру нозатро, ки ба сари мани кӯдаки шӯху беғамат мерехтанд , пазмон шудам. Дар оғӯши гармат хобиданҳоям ёдам меоянду дилам гум мезанад. Қиссагӯиҳоят то ҳанӯз дар зеҳну хотирам мондаанд. Ёд дорӣ, очаҷон, вақте кокулонамро мебофтию бори аввал ба абрувонам ӯсма кашидӣ, гуфтӣ: «Арӯси зебо шудаӣ» . Аз ин суханонат қаҳрам омад ва бо ноз гиря кардам, аммо ту ба ин қаҳру нозу гиряҳоям механдидӣ. Нодону содда будам он вақт, очаҷон.Танҳо имрӯз дарк сохтам, ки ту бо ин суханон ба ман дуои нек дода будӣ.
Ёд кардам куртадӯзиҳоятро, сари дастархон нишастанатро, очаҷон… Ҳазорон бор аз ту миннатдорам, ки бароям дунёю ҳастию ҳаёти худро бахшидӣ, аммо натавонистам подоши ин ҳама заҳмату меҳру муҳаббататро баргардонам.Шояд як умр наметавонистам.
Арӯсиамро дидӣ, армон шикастӣ, аммо умр вафо накард…
Очаҷон, замоне бароят нома менависам, ки ба даргоҳи муқаддасе қадам гузоштам. Ба даргоҳе, ки замоне ту ҳам дар он орзую армон ва сӯхтану сохтан доштӣ. Ман модар шудам,очаҷон, аммо ту ин бахту тахтамро надидӣ. Вақте тифлакам ба дунё омад, баробари ӯ гиристам. Гиряи талх ва ширин. Ҳам аз хушбахтиам ва ҳам аз фироқи ту, очаҷон. Мехостам, ки он лаҳзаҳои пур аз дарду ҳам нишот сари болини ман бошию бо меҳр боз мисли кӯдакиям марову тифлакамро навозиш кунӣ, аммо қисмати нодида ҳамин будааст.
Очаҷон, ман бо ҳазор меҳру муҳаббат ва эҳтиром ба тифлакам номи туро гузоштам ва ӯро ҳама «Очаҷон!» мегӯем. Ӯ ба ту хеле монанд аст. Бубин, ҳоло дар паҳлуям ором хоб асту гоҳ-гоҳе табассум мекунад.
Шояд туро хоб мебинад?
Биё, очаҷон, ба руъёҳои тифлакам, навозишаш кун, дуои некаш бидеҳ, то дар зиндагӣ хушбахту хушрӯз гардад. Мисли ту сабуру дурандешу баиффат бошад. Мисли ту, очаҷони ман, ки беҳтарини беҳтаринҳо будӣ! Ин номаро ба рӯйи дастакони кӯчаки Очаҷонам мегузорам.Медонам, ки меоӣ ва дидори ҳам хоҳем дид дар руъёҳои ширини ману тифлакам
Очаҷон, биёву бубину бихону бидон,ки туро ҳамеша дар радифи офаридгор дӯст медорам ва парастиш хоҳам кард.
Ту ҳамеша бо манӣ!
Нозанини ту