Аз бозе, ки худро мешиносам, касе ба дастонам об нарехтааст, вале баъди зангирӣ раваду дастонамро худам шӯям - ман занкалон.
Хоҳарам, ки 14 сол боз хона меруфт, пас аз янгадориаш, агар як саҳар бо ҳамин ният аз хоб хезад - ман занкалон.
Оби таҳоратро, ки келин аз бегоҳ печонда монда буд, касе барвақттар хеста дасту рӯ шустааст. Арӯс бехабару намози хушдоманаш қазо - ман занкалон.
Келини аз гиряи кӯдак бехабар дар оғили поёни ҳавлӣ гов ҷӯшаду Худо накарда гаҳвора ҷунбонам - ман занкалон.
Ба ҳамаи меҳмонҳо - ҳам язнамуллову ҷиянчаҳоям кӯрпаи нав расаду тасодуф ба пушти апаам болишти кӯҳна - ман занкалон.
Сабил, ҳатто то истгоҳ намедонам кӯдакро гирам ё буғча бардорам, мабодо ҳамсояҳо бинанду занкалонам нагӯянд. Охир аз ин калима ва аз ин зиндагие, ки барои як гуруҳи тангназар дорам, ба дод омадаву безорам...
Хиромон аз номи модараш тӯйхат гирифт. «Духтарам, ту ва аҳли оилаи домодро ба ҷашни арӯсии бародарат даъват менамоем», - навишта шуда буд дар он...
Бечора хонду аз хурсандӣ қариб шодикаф мешуд. Охир, дидори волидайнашро ҳашт моҳ боз интизорӣ мекашиду шавҳараш ҳар дафъа ба ниятҳои ӯ оби сард мерехт. Бечора нав-арӯсак дарун-дарун сӯхта, лаб фурӯ мебаст, зеро бо шавҳари бадҷаҳлаш ҷуръати рози дил гуфтан надошт...
Бегоҳӣ Хуршед худаш суханро оғоз кард.
– Шунидам, ки тӯй доштаед?
– Бале, ҳамин ҳафта, - хурсандияшро пинҳон карда натавониста, гуфт Хиромон.
– Рӯзи шанбе меравем.
– Барои чӣ шанбе? Ин қадар барвақт рафта, чӣ кор мекунем? Якбора ҷиддӣ шуд Хуршед.
– Модарам навиштаанд, ки имкон бошад, як-ду рӯз пештар рафта, ба пухту паз ёрӣ расонам, - нимшунаво гуфт Хиромон. Гуфту дар бало монд.
Чашмони Хуршед хун гириф-танд ва садои гӯшхарошаш ба осмон печид.
Хиромони аз гуфтааш пушаймон сарашро якбора хам кард.
– Ба ту дар таги чодар гуфта будам, ки ман занкалон не, агар гапам дуто шавад, пушаймон мешавӣ, –гуфтани шавҳарашро дар ёд дораду халос, зеро зарбаи сахт ҳамон лаҳза ӯро аз пой афтонд ...
Хиромон вақте ба ҳуш омад, ки шавҳараш бо рӯйкаши болишт лабу даҳони хунолуди ӯро тоза мекард. Хост аз ҷой бархезад, вале сардиеро дар даҳон ва дарди сабукеро дар миён эҳсос намуд ва фаҳмид, ки танҳо як шаппотӣ нахӯрдааст. Мадори хестан, ки надошт, каме нолиду ба хоб рафт.
Шаб аз нисф гузашта буд, ки Хиромон аз дарди сахти миён бедор шуд. Дарди даҳонаш низ дигар сардӣ надошт, месӯхт. Чашмонаш аз алам ашк гириф-танд ва беихтиёр ба гирду атрофи хона чашм давонд. Ногаҳ пораҳои дандонашро парешон дар замин диду даст сӯйи даҳон бурд. Не, ӯ намедонист, ки чанде аз дандонҳояш шикаставу рехтаанд, вале дарк мекард, ки ин пораҳои танҳо як дандон нестанд...
Болои диван Хуршедро дид, ки гӯё ҳеҷ коре нашуда бошад, печида хобидааст. Диду худро мисли як ҷиҳози нодаркор болои фарш хобида ёфт. Ҳатто болояшро напӯшонидаанд, ки захмҳо шамол хӯрдаву авҷ нагиранд. Сабил «болои сӯхта намакоб» ақаллан ягон ҷонзод аз дар надаромад ва напурсид, ки чаро арӯс вақти хӯроки шом набуд. Дар доми ҳазор андеша аз ҳоли табоҳе, ки дошт, гирист. Гирист бо алам ва хеле дароз...
Илоҷи дигар набуд, арӯсро ба маркази ноҳия назди духтури дандон оварданд. Воқеан, дар ҳашт моҳи зиндагӣ ин бори аввал баромадани арӯс аз ҳавлии хушдоман буд. Ва он ҳам бо дандонҳои шикаставу лаби кафида.
Духтур аҳволи беморро дида, дар бораи часпондани дандонҳои нав ҳатто гап задан намехост.
– Камаш як ҳафта барои муолиҷа даркор, –таъкид мекард ӯ. Вале Хуршед ӯро бо зораву тавалло розӣ кунонд, ки як рӯз пеш аз тӯй дандонҳои завҷаашро часпонад...
Хиромон ба ҳавлии падар бо лабони пурханда даромад. Лаби кафидаашро ба баҳонаи он ки дандонҳои наваш мабодо бод нагиранд, мепӯшонд. Аҳли хонавода ва хешу табор дандонҳои зарди ӯро дида, гумон мекарданд, ки Хуршеди нав аз Русия омада бо ҳавас дандонҳои ягона келини хонадонашонро тилло кардааст. Охир, ҳама медонистанд, ки Хуршед то ин ки «занкалон» набуданашро назди ҷӯраҳояш «исбот» кунад, панҷ рӯз баъд аз хонадорӣ ба Русия рафта, пас аз панҷуним моҳ баргашта буд... Аз муборакбориҳои зиёд домод шарм дошт ва сурхии рӯямро набинанд гуфта, сарашро хам мегирифт.
Арӯсро оварданд. Садои карнаю сурнай ба ҳаво пешид, Хуршеди ширамаст миёни анбуҳи моҳрӯёни яврозӣ бо фаромӯшӣ аз худу Худо ба рақс омад. Тӯйхона саҳнаи калонеро мемонд, ки дар он ҳам худию бегона ва ҳам меҳмону мизбон майли худнамоӣ доштанд. Вале Хиромон дар ин миён набуд. Даводави рӯзона ба ҷойҳои латхӯрда таъсир кард, ки дарди ҷонкоҳе ранҷаш медод. Мехост сир бой надиҳад, аниқтараш аз гуфтани он, ки чизи дуруште вуҷудашро аз дарун канда хӯрдан дорад, шарм дошт. Худоё, ба кӣ ҳам мегуфт...
Баъди лаҳзае фиғони Хиромон шавҳари ба ҳайратафтодаашро ба хона хонд. Хуршед вақте ворид шуд, ки арӯсаш болои пойандози келин ним-ҷон ва лаби домонаш олудаи хун мехобид. Хиромон бача партофта буд...
Аз тамошои ин манзараи ҳузнангез Хуршед нола кард ва ҳамовоз бо даҳҳо нолаи дигар садои ҳанӯз осмонкафи гулбазм хомӯш шуд...
Бечора арӯс аз хонаи хушдоман бо дандони шикаста берун омаду бо дили шикаста баргашт. Дигар сари Хуршед ҳам хамзада буд. Ӯ акнун дарк кард, ки ба гапи чанд ҳамсояи забондарозу ҷӯраҳои «таҷрибадор»- аш рафта, то чӣ андоза иштибоҳ намудааст. Вале ҳеҷ гумон надошт, ки «занкалон» нашудан барои ӯ то ин дараҷа гарон меафтад...
Рӯзҳо гузаштанд, моҳҳо низ. Овозаи бачапартоии Хиромони шӯрбахт аз дару дарвозаҳо гузаш-та, ба лаби об ҳам расид. Вале касе аз мардуми қишлоқ - на хурд, на калон, на пир ва на ҷавон ба шавҳари ӯ нафрат нахонд. Баръакс, имрӯз Хуршед барои ҷавонони деҳаи Қориён намуна, балки идеал аст. Зеро ӯ «занкалон» нест ва аз имтиҳони ҳамсояҳо «сарбаландона» гузаштааст. Аз имтиҳони «зиндагӣ барои дигарон».
Бале, ана ҳамин имтиҳонҳои бемаънӣ солҳост, ки моро дар зиндагӣ пешпо медиҳанд ва чуноне ки дидем, баъзан анҷоми фоҷиабор низ доранд. Бахусус барои мо, ки то имрӯз барои худ зиндагӣ карданро наомӯхтаем. Аксар никоҳҳои мо ҳукмномаҳоеанд, ки ҳамсарони моро якумрӣ ба хизматгорӣ маҳкум мекунанд. Ва дурӯғ аст, вақте ҳангоми хостгорӣ мегӯянд, ки хоҳиши духтари шуморо ба фарзандӣ қабул кардан доранд. Дурӯғ аст, дурӯғи содаву сохта.
Тасаввур кунед, келини хона ҳуқуқи пештар хобидану баъди дигарон хестанро надорад. Нисбати духтарони хона баланд хандидан, ба табақ пештар даст дароз кардан, пеши хурдтарини хона нахестани ӯ низ ба соҳибхонаҳо хуш намеояд. Пас ӯ на фарзанд, балки келин аст. Келине, ки дар баробари хизмати шавҳар нози аҳли байти ӯро низ ҳамчунон бардорад.
Ҳар соҳибҷони оила ҳуқуқи комили кор фармудани келини хонаро дорад, вале сухани келин ба хурду калони хона бояд тобиши эҳтирому фурӯтанӣ дошта бошад. Пас, ӯ на фарзанд, балки келин аст. Келине, ки ҳатто дар сармои зимистон, вақте зану марди хона ба тамошои сериалҳои беохир банданд, на танҳо корҳоро бояд пурра анҷом диҳад, балки лозим шавад, вақт ёфта гаҳвораи хоҳарзодаҳои шавҳарашро ҷунбонад. Пас, ӯ на фарзанд, балки келин аст. Келине, ки дардаш аз дарди духтари хона фарқ дорад, ранҷаш низ. Келине, ки бояд зиёдтар кор кунаду камтар монда шавад. Пас, ӯ на фарзанд, балки келин аст. Келине, ки...
Ва агар ҳамаи ин корҳоро ба табъи дили ҳамаи аъзои оила анҷом дода натавонад, шавҳари ӯро ном «занкалон» аст. Бале, ҳам дар хона ва ҳам дар кӯча ӯро ҳама «занкалон»-аш меноманд. Аламовар ин аст, ки бештари ҷавонон аз тарси ҳамин чиз бинои азим ва муқаддаси оилаву муҳаббатро бо хишти зулму ситам поя мегузоранд ва аз беақлтарин воситаҳо истифода намуда, худро аз гапи мардум ҳимоят кардан мехоҳанд. Зеро барояшон қадри зану зиндагӣ пеши гапе, ки як гуруҳи тангназар мегӯянд, ночиз аст, ночиз.
P.S. Памфлет жанри ҷанговар аст, мегӯянд. Жанрест, ки ҳама ноҷӯриҳои ҷомеаро товони сӯзонда нобуд кардан дорад. Агар воқеан ҳамин қудратро соҳиб бошад, мехостам ин ва даҳҳо фаҳмишҳои тангназаронаеро, ки даҳсолаҳо теша ба решаи фарҳанги оиладорӣ зада, ағлаби ҷавонони моро ба кӯйи беақлӣ ва худписандию гумроҳӣ мебаранд, сӯхта, бенишон созад. Зеро мо дар маҷмуъ, агар нисбати зан эҳтироми самимӣ қоил бошем, хоҳарони мо ҳам аз ҳурмату меҳрубониҳои ҳамсарони худ баҳра хоҳанд бурд. Вагарна ҳамсарони худ ва дигар хоҳаронро дар оташи зулму беақлӣ минбаъд низ месӯзему месӯзанд. Месӯзанд, то «занкалон» набошанд ва месӯзем то «занкалон» набошем.
Бо ихлос аз модару хоҳарони тоҷик,
Қурбон Шарифӣ