Кӯдакӣ
Соли 1960-ум. Ҳар вақте ки аз кӯчаҳои деҳаи «Коминтерн»-и ноҳияи Ҷиликӯл мошине мегузашт, шодию хурсандии кӯдаконро ҳадду канор набуд. Оқнаботи чолоку тездав ҳамеша дар сафи пеши бачаҳо мошинҳоро думбола мегирифт. Вақте кӯдакон дар саргаҳи кӯча нишаста, хорҳои дар пойҳояшон халидаро мебароварданд, ӯ аз шавқи тамошои мошини баландсуръат, ки хокро бод дода мерафт, дарди пой ва кӯфтагии нафасгирро фаромӯш мекард. Вақте бо сару рӯйи хоколуд вориди ҳавлӣ мешуд, аз зодмандон сарзаниш мешунид. Рӯзҳо мегузаштанду шавқу ҳаваси мошиндорӣ дар ӯ бештар мегашт. Ҳамин тавр, Оқнабот дар русто, ки манбаи даромади мардум замин аст, ба камол расид. Чанде аз орзуву ҳавасҳои наврасию ҷавониаш дар маҷрои зиндагӣ фаромӯш шуданд. Аммо дар бунёди оилаи солим, ки орзуи ҳар духтар аст, худро хушбахт шумурда, дар пайравӣ бо кору пайкори ҳамдеҳааш - Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Эргаш Султонов умре дар саҳро заҳмат мекашад.
Мероси падарон
Имрӯз дар хоҷагии тухмипарварии ба номи Эргаш Султонови ноҳияи Ҷиликӯл Оқнаботро бонуи пахтакор меноманд. Дар 17 соли сарварии бригадаи рақами 2, хосияти обу хоки диёрашро дар таҷрибаи парвариши зироатҳои кишоварзӣ, хосса пахтакорӣ, хуб омӯхт. Новобаста аз чанд соли номусоидии обу ҳаво аъзои бригада аз ҳар гектар 30- сентнерӣ ҳосил мегиранд.
– Пахта дар ҳама давру замон арзиши «тиллои сафед»-ро дорад. Даромад аз парваришу коркарди пахта манбаи боэътимоди ғанисозии буҷети кишвар буд. Омили муҳиме, ки дар кори саҳро ба пахтакорони бригадаи мо ҳисси меҳнатдӯстию руҳу илҳом мебахшад, кору пайкори падарону бобоёнамон мебошад, ки пахтакориро касби ифтихорӣ дониста, барои обрӯву нуфузи хоҷагӣ шабу рӯз заҳмат мекашиданд, – мегӯяд Оқнабот.
Эҳсоси ғолиб будан
Имрӯз дар ҳудуди хоҷагии тухмипарварии ба номи Эргаш Султонов обрӯмандтарин фард деҳқоне ба ҳисоб меравад, ки аз парвариши ин ё он навъи зироатҳои кишоварзӣ ҳосили баланд мерӯёнад. Қадрдонии пешқадамони истеҳсолот аз тарафи сарварони хоҷагии мазкур талоши мардумиро тақвият мебахшад.
Ба гуфти Оқнабот Навбатова сири пешрафту комёбиҳои хоҷагии тухмипарварии ба номи Эргаш Султонов ташкили мусобиқаву озмунҳо миёни коргарони саҳро аст, ки руҳияи меҳнатдӯстии деҳқононро баланд бардош-та, онҳоро ба заҳмати софдилона ва эҳтироми арзишҳои инсонӣ роҳнамоӣ месозад. Дар мусобиқаи имсолаи «Пахтакори асил», ки ғолиби ҷойи аввалро мошини сабукрав интизор буд, Оқнабот аз оғоз то анҷоми кишту кори пахта пешқадамиро аз даст надод.
– Вақте дар ҳамоиши ҷамъбастии мусобиқаи «Ҳосил - 2012» сарвари хоҷагӣ Бекмурод Холов калиди мошини сабукравро тақдимам кард, зери кафкӯбиҳои чинакчиён як эҳсоси бузурге фароям гирифт. Эҳсоси ғолибият дар мусобиқаи меҳнатие, ки як сол идома дошт ва беҳтарин пах-такори хоҷагии машҳури Эргаш Султонов эътироф шудан, расидан ба қуллаи комёбиҳоест, ки дар натиҷаи заҳматҳои чандинсола ба даст омадааст, – таъкид медорад ӯ.
Ҳикмати зиндагӣ
«Вақте бори нахуст паси чанбари мошин нишастам, дар оинаи он чеҳраи худро дида, тамоми ҳаёти гузаштаам мисли навори синамо аз пеши назар мегузашт. Кӯдак будаму аз паси мошинҳо давида, сару рӯям пури гарди роҳ мешуд, вале ба мошинҳо расида наметавонистам. Имрӯз аз он роҳҳои деҳа мошинсавор мегузараму «гард»-и зиндагиро, ки аз пайроҳаи умр бардоштаам, дигар бо оби ҷӯйи деҳа шуста намешавад», – шӯхиомез мегӯяд Оқнабот.
Сокинони хоҷагии тухмипарварии ба номи Эргаш Султонови ноҳияи Ҷиликӯл иқдоми сарвари хоҷагӣ Бекмурод Холовро бобати бунёди сехи коркарди афшураи анор бо хушнудӣ пазируфтанд. Зеро дар ноҳия анорпарварӣ як касби аҷдодии сокинон ба ҳисоб меравад ва аз ин рӯ, ташкили коргоҳҳои афшураи анор иқдоми ҷиддиест барои коркарди мева ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ватанӣ.
Хоҷагидорон ният доранд, ки як коргоҳи хурди коркарди чигити хушсифатро низ дар ҳудуди хоҷагӣ ба роҳ монанд. Зеро он тухмии хушсифатеро, ки мо парвариш намудаем, бояд мутобиқ ба хоку оби заминҳоямон коркард намуда, пешкаши пахтакорон намоем. Оқнабот Навбатова иброз медорад, ки дар мавриди рушди соҳаи кишоварзӣ ва эҳёи саноати хурд дар маҳал, фикру андешаҳо зиёданд, аммо амалӣ намудани онҳо вақт мехоҳад. Инсон бояд то лаҳзаи охири ҳаёт тамоми неру ва ақлу заковати хешро баҳри пешрафти зиндагӣ бахшад, то фарзандону пайравонаш рисолати ӯро барои наслҳои ояндаи сарзаминаш идома диҳанд.
Ҷамолиддин Сайфиддинов