Муаллима Савриннисо, ки ин дам аз мактаб бармегашт, ин ҳолатро дида ба ёрии Ҷамила шитофт ва ӯро бардошта беруни ҷӯй гузошту ба занҳое,ки бепарвоёна дар хараки рӯйи ҳавлӣ нишаста тухми офтобпараст мешикастанд, гуфт:
- Чаро ақаллан ба кӯдаконатон назорат намекунед. Бинед, бечора ба чӣ ҳол афтодааст.
Модари Ҷамила коҳилона аз ҷояш бархоста, тухми офтобпарастро аз даҳонаш дур андохта гуфт:
- Ҳеҷ гап не, обутоб меёбад.
- Гумон аст, ки дар байни ин ифлосӣ обутоб ёбад, баракс бемор мегардад. Ана, баъд касалхона ба касалхона гирифта мегардед.Модари Ҷамила оташ гирифта бо қаҳр гуфт:
- Муаллимаҷон, кӯдакони худатонро дуруст тарбия кунед, аз мо ҳамин тавр ҳам калон шудан мегиранд. Беҳтараш аз паи коратон шавед…
Савриннисо ба умеди имдод ба сӯйи занҳои дигар нигарист. Аммо онҳо офтобпараст шикаста бо писханд ба ӯ нигоҳ мекарданду дар атрофашон кӯдакони либосашон чиркин ва рӯяшон чанд рӯз боз обро надида қию чувкунон бозӣ доштанд. Савриннисо як бори дигар ба кокулчаҳои дар ҷӯйчаи ифлос таршудаи Ҷамила, ки аз онҳо ҳанӯз об мешорид, нигариста зери лаб «Ҳайфи шумо барин модарон» гуфту вориди хонааш шуд…
Чунин манзараро аксаран дар назди биноҳои баландошёна ва хусусан хобгоҳҳои шаҳр дучор омадан мумкин аст. Аксари занҳое, ки дар ин биноҳо истиқомат мекунанд, ба ҷуз кори хона дигар шуғле надоранд ва аз рӯйи мантиқ бояд фарзандони онҳо нисбат ба занҳое, ки кор мекунанд, бештар зери назорат ва тарбия бошанд. Аммо, мутаассифона, тавре, ки мутахассисон мегӯянд, бештар кӯдакони ана ҳамин зумра модарони хонашин гирифтори ҳар гуна беморӣ мешаванд ва баъдтар дар мактаб сустхону дарсгурез мегарданд. Табиби бачагонаи бемориҳои сироятӣ, Абдулмубин Ҳалимов мегӯяд:
- Ҳар сол дар мавсими бемориҳои сироятӣ, аз қабили дарунравӣ, зардча ва ғайра аввалин беморони касалхонаи мо аз зумраи оилаҳои дар назари аввал фарзандонашон зери назорат ворид мегарданд. Модарони бепарво, ки вазифаи худро танҳо дар таваллуд кардани кӯдак мебинанд, аз субҳ то шом саргарми машғулиятҳои гуногун, ба ҷуз назорат ба тифлон мешаванд. Дар натиҷаи беназоратӣ кӯдакон дар ҷойҳои ифлос бозӣ карда, ба микробҳои барангезанда сироят мешаванд.
Дар урфият «бача лой, оча кулол» мегӯянд. Яъне аз ин «лой» зодмадон бояд кӯзае созанд, ки ба зиндагӣ дар байни ҷомеа омода бошанд ва ба шикасту рехти рӯзгор тоб оварда тавонанд. Аммо модар ба умеди он, ки «худаш калон мешавад», ба ҳоли худ гузорад, он кӯза, ё каҷ мешавад ва ё бо вазиши аввалин боди сахти рӯзгор мешиканад.
Тавре, ки Гулҷаҳон Туманова, роҳбари Маркази солимии репродуктивӣ мегӯяд, аксаран баъд аз ба балоғат расидани чунин кӯдакон, байни онҳо ва модаронашон ягон навъ робитае, ки бо боварӣ ба ҳамдигар асос ёфта бошад, намемонад. «Онҳо ҳатто маълумоти аввалияро оид ба физиологияи зан ба духтарони худ намедиҳанд ва дар натиҷа вақте, ки ба шавҳар мебароянд, на аз ӯҳдаи шавҳардорӣ мебароянду на аз, оиладорию солим нигоҳ доштани кӯдак. Ба андешаи ман, яке аз сабабаҳои зуд вайрон шудани оилаҳои ҷавон дар ҳамин аст. Чун аксар вақт падарон ба кор машғуланд ва таъминоти оила ба дӯши онҳост, табиист, ки тарбияи фарзандон бештар вазифаи модар аст. Агар модар тарбиянодида бошад, вой бар ҳоли чунин оила».
То андозае ба андешаи ин мутахассис розӣ шудан мумкин аст. Аммо чунин модарони ба қавли Гулҷаҳон Туманова «тарбиянодида»-ро чӣ гуна бояд тарбия намуд ва ин вазифаи кист?
«Албатта, вазифаи ҷамъият ва пеш аз ҳама он сохторҳоест, ки бо зан сару кор доранд,-мегӯяд Раъно Охунова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Зан-интихобкунанда» -Агар дар маҳалли зист, дар ҷойҳое, ки он ҷо занон бештар ҷамъ мешаванд ва ҳатто дар саҳни ҳавлиҳое, ки он ҷо«занакои лаби об» гуруҳ-гуруҳ гирди ҳам омада, аз саҳар то бегоҳ машғули суҳбат мешаванд, корҳои фаҳмондадиҳӣ хуб ба роҳ монда шаванд, ба як натиҷаи мусбат расидан мумкин аст.»
Албатта, ин тарзи «тарбия» низ баҳсбарангез аст, зеро на ҳамаи ин занҳо тайёранд, ки суҳбати дӯстонаи чунин шахсонро, ки мехоҳанд ба онҳо дар мавриди тарбияи фарзандонашон мадад расонанд, ба хушӣ қабул кунанд. Дар ин маврид бояд «Қонуни Ҷ умҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амалӣ гардад. Онҳое, ки фарзандонашон мактабгурезанд ва ё дар натиҷаи беназоратии зодмандон ба корҳои беҳуда машғул шуда, ҳатто кирдори ғайриқонунӣ содир намудаанд, бояд мувофиқи муқаррароти ин қонун ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. «То сахт нагирӣ, хуб наояд» мегӯянд ва шояд сари вақт пешгирӣ намудани тарбияи нодуруст ҳаёти якумраи он фарзандро аз боди сарди номуродиҳо наҷот бахшад. Беҳтар аст, ки ҳар шахсе, ки чунин ҳодисаро мушоҳида мекунад ва эътимоди қавӣ дорад, ки ин модар нисбати фарзандони худ бепарвоӣ зоҳир карда, ояндаи онро зери хатар мегузорад, бояд бетарафиро як сӯ гузошта, ин ғалатро ба чунин модар фаҳмонад.
…Савриннисо сачоқи тоза дар даст ба назди Ҷамила омад ва бо он сару рӯй ва мӯйи таршудаи духтарчаро тоза кард. Занҳои рӯйи харак аз ин рафтори муаллима ба ҳайрат афтода, шикастани тухми офтобпарасторо бас карданду ба ҳамдигар маънидорона нигаристанд. Савриннисо аз дасти Ҷамила гирифта, ӯро ба назди обреза бурд ва бо ҳавсалаи тамом бори дигар дасту рӯяшро шуста, мӯйҳояшро аз нав бофт. Занҳо хомӯшона каме ба ин рафтори Савриннисо нигоҳ карданду ҳар кадоме бачаи худро ба наздаш хонда, хона ба хона парешон шуданд. Ҷамила пас аз тоза шудани дасту рӯ ва бофтани мӯйи сип - сиёҳаш ба назари модараш, ки ин дам худро хеле ноҳинҷор ҳис мекард, хеле зебо намуд. Ӯ ба духтараш нигариста гуфт:
- Ба холаат раҳмат гӯй.
- Лаҳмат, бо лафзи қӯдакона ба муаллима нигариста гуфт Ҷамила ва ҳар ду зан табассум карданд…
А. АҲМАДЗОДА