Ин абри ҳаво дар дили зиндони манай,
Ҳар қатраи борон сари мижгони манай.
Ин қатраи борон дурру гавҳар гардад,
Ҳар ҷой равӣ, ғами ту дар ҷони манай.
Ин мисраъҳо сода бошанд ҳам, ҳар сатр тасвиргари як олам дард аст, ки аз пинҳонхонаи диле ба забони шеър тавлид шудааст. Вақте шунидам, ки муаллифи ин мисраъҳо пиразани 80-сола бо шӯру шари ҷавонӣ мис-раъҳоро рӯйи дафтар меорад, дидору суҳбаташро орзу кардам.
Муҳаррамаи Давлатро дар деҳаи Диамони Ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат Бибиҷони эҷодкор ном мебаранд. Аҷаб манзараҳои дилошӯбе дорад деҳа. Аз насими дарё, ки гули барфи ёлаҳои сармохӯрдаро болои деҳа меборид, рухсораҳои сокинони Симиганҷ арғувонӣ шуда буданд. Бори нахуст ба ин деҳа омада бошам ҳам, манзараҳои дилфиреби он бароям диёри ошноеро менамуд. Оре, ин ёлаву гулу дарахтон, чеҳраҳои орёии мардони бовиқору бонувони нуронӣ дар эҷодиёти шоираи ҳамдиёри онҳо рӯшан тасвир шудаанд. Ман рубоиеро аз эҷоди Бибиҷони эҷодкор зери лаб зам-замакунон симои ӯро пеши назар меорам:
Дар пуштаи ёлаҳо парешон гандум,
Рӯмоли сафеда ҳар саҳар мебандум.
Эй бача, биё қати ту аҳде бандум,
Моро куштай гапи дурӯғи мардум.
Воқеан ҳам Ваҳдат диёри шоирзод аст. Шаҳрест, ки фазои маънавиашро маҳфилҳои адабӣ пур мекунанду эҷодкорон байни мардум обруву эътибори хосса доранд. Бону Муҳаррама низ дар муҳите ба воя расидааст, ки табиати шоирона дораду мардумони шоиртабъ. Муҳаррама на дар донишгоҳе таҳсил кардаву на назди устоде илми шеър омӯхтааст. Аммо аз ҳар лаҳзаи рӯзгор, чӣ хушнудиву чӣ мусибат, тӯфони илҳомаш туғён мезанад. Вақте ҳамқисмати зиндагиаш - бобои Убайдулло дунёро падруд гуфт, дар дафтари хотироти Бибиҷони эҷодкор ҷойи шеъру таронаҳои ошиқонаро марсияҳои пурдард гирифтанд:
Зи дунё рафт ҷанговар, дилам аз ғусса пурғам шуд,
Сутуни хонадон бишкаст, зи бораш қоматам хам шуд
Муҳаррама дар ҳаёт бо Убайдуло Сангинов, собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ, соҳиби 5 фарзанду 22 набера шуд.
– Марги ҳамсари содиқу вафодор бароям гарон афтод, – мегӯяд ӯ. Нахустин шеърҳоямро дар васфи ҳамсарам навишта будам. Наварӯс будаму шавҳари аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргаштаам маро беҳад меҳрубонӣ мекард. Аз лутфу муҳаббате, ки нисбатам дошт, илҳомам меомад ва дар васфаш шеър менавиштам. Тамоми ҳаёти оилавии мо мисли як достони ширини ошиқонае буду фарҷомаш басо ғамангез, зеро ӯро аз даст додам. Боқии умрро ба эҷоди шеъру таронаҳо дар ёду фироқи ӯ мегузаронам. Шукронаи фарзандони барӯманди диёрам - раиси шаҳрамон Анвари Вайсиддин ва шоир Мирзо Файзалӣ, ки эҷодиёти чандинсолаи паҳну парешони маро китоб карда, бароям ҳадя намудаанд ва имрӯз ҳар нафаре ба меҳмониам меояд, як китоб аз бибиҷони пиронсол табаррукӣ мегирад. Аёми кӯдакӣ, вақти ба аёдати пирони деҳа рафтан, кампиракон аз остинашон қанду ғӯлинг бароварда, ба мо медоданд. Шукронаи неъматҳои парвардигор, ки имрӯз ба наберагону меҳмононам ба иловаи дуои хайру ширинкомӣ китобамро низ ҳадя мекунам.
Бештари шеъру ғазалҳои Бибии эҷодкор ба васфи ҷавонию ишқ, садоқат ба Ватану сарзамини аҷдодӣ бахшида шудааст. Ба гуфти ӯ зиндагиро ишқу муҳаббат, хидмат ба Ватан ва интизории модарону ёрон дар роҳи бозгашти азизон аз хидмати ҳарбӣ рангину ширин месозад.
Оре, дар зиндагии Бибиҷони эҷодкор ишқу муҳаббати поку беолоиш, меҳру муҳаббат ба Ватан ва интизориҳои омадани ёри азиз ширинтарин лаҳзаҳо ба ҳисоб мераванд. Вақте аз ӯ хоҳиш намудам ба ёд биорад, ки кадом лаҳзаҳои овони ҷавонӣ дар хотираш нақш бастаанд, бо табассум гуфт: – Азизони ман, саргузашту қиссаҳои ҷавонии маро аз шеърҳоям ҷустуҷӯ кунед.
Ман китоби «Дилрезаҳо»-и мусоҳибамро, ки рӯи дас-там буд, таваккул кушодам, саҳифаи 20, чашмам ба рубоие уфтоду беихтиёр онро қироат кардам:
Сар то сари ёлаҳо гузар мекардум,
Бо холи бари рӯят назар мекардум.
Очата бигӯ, санги маломат назанад,
Шабро паси боми ту саҳар мекардум.
Муҳаррамаи Давлат имрӯз низ шеър менависаду суҳбаторову ширингуфтор аст. Вақти худоҳофизӣ бо дуои нек моро хайрбод намуда гуфт: «Агар умрам боқӣ бошад, китоби дувумамро ба чоп расонида пешкаши мардум намоям, дар дилам армон намемонад.»
Зебо ДАВЛАТОВА