Нигораро садои гиряи тифлаш бедор кард. Осемасар бархост ва гаҳвора ҷунбонд, аммо Умедааш ором нагирифт. Болопӯши гаҳвораро як тараф кард. Кӯдак бедор буду баробари дидани модар бо чашмони зебо сӯяш нигарист ва бо алфози тифлонааш чизе гуфту табассум кард.
- Ӯ беқарораке, боз дастаконашро ҳам кушодааст. Нигора ба духтарчааш ҳарф зад ва навозиш кард.
- Гурусна мондӣ, нозҷони ман? Ҳозир шир медиҳам.
Нигора бари гаҳвора нишаст ва чӣ қадар нишаст, ёд надорад, ғанабаш бурдааст. Садое ӯро бедор кард. Осемасар боло шуд. «Хушдоманам боз ҷанҷолу гапҳои ганда мегуфтагист. Дар хоб мондаам…», - аз дил гузаронд Нигора ва аз тиреза ба берун нигарист. Рӯз шудааст. Ба Умедааш назар афканд. Хоб аст оромакак. Болои гаҳвораро пӯшонду ҷомаеро ба бар гирифта берун баромад. Ҳаво сард. Хушдоманаш ғур-ғуркунон сӯйи оғил мерафт. Нигора лаҳзае ба долу дарахти рӯи ҳавлӣ чашм дӯхт. Ҳама якранг. Хазон шудаанд. Дилаш танг гашт. Қафаси синаашро дарде фишор дод. Қоматашро рост карду каме истод.
«Чӣ рӯзгори якрангу бемаъние… Чӣ танҳоиву бесоҳибие… Оҳ, худоҷон, то кай ин аҳвол идома меёфта бошад?» Банди ин андешаҳо буд, ки боз хушдоманаш дар бехи гӯшаш бонг зад:
- Чӣ хода барин рост истодаӣ?! Рӯз нисф шудаасту ту ҳоло ҳам хобӣ! Гир, ҷорӯбро, ҳавлию хонаҳоро рӯб!
Нигора ҷорӯбро аз замин бардошт ва ба хона даромад.
«Не, ин хел намешавад. Ман бояд, бояд…» Боз ҳамон андешаҳои мағшушаш ба сараш омаданд. «Имрӯз ҳат-ман мекунам…»
Хонаҳоро рӯфт, тоза кард ва вақти чойхӯрӣ хушдоман ӯро сари дастархон даъват ҳам накард. Либосҳояшро пӯшиду «як ба хонаи дугонаам рафта биёям…» гуфту рафт хушдоман.
Нигора бари гаҳвораи тифлаш омад. Даст зери болинчаи сари духтарчааш халонду даст-даст карда чизеро кофт ва ҳамон ресмони ҳалқабастаро гирифт. Лаҳзае истод ресмон дар даст…Ин бори чандум аст, ки мехоҳад сӯи оғил равад бо ин ресмони ҳалқабаста… Чаро ба ин қарор омад, худаш ҳам намедонад, аммо ин ҳама таҳқиру таҳдиду берӯзиҳояш ӯро водор месозанд, ки бас аст, чунин зиндагӣ! Бас!!!
…Нигора дар мактаб аъло мехонд. Падари раҳматиаш ҳамеша мегуфт, ки духтарамро мехононам, соҳиби маълумоти олӣ мекунам, аммо ногаҳон фавтид. Бо вуҷуди ин Нигора умед дошт, ки баъди хатми мактаб таҳсилашро давом медиҳад. Меравад ба шаҳри калон, мехонаду соҳиби касбе мешавад, аммо модар монеъ шуд. Чанд дугонааш рафтанд ва ҳоло таҳсил доранд, аммо ӯро бо маслиҳати аммаҳову холаҳо ба як хешашон ба шавҳар доданд. Ҳарчанд пофишорӣ кард, нашуд. Модар, аммаҳо ва холаҳо ба майлу хоҳишаш парвое надоштанд. Гӯё «ба орзуяшон расиданд». Аммо чаро садои дили ӯро гӯш накарданд, чаро аз нияту орзуҳояш пурсон нашуданд ва мисли як моле ба дигаре доданд? Чаро? Шояд ин ҳамаро мисли садҳо духтарони дигар чун сарнавишт қабул мекард, агар миёни ӯву шавҳар муҳаббату эҳтироме пайдо мешуд ва дар хонаводаи дигаре ӯро чун фарзанд мепазируфтанд. Ба ин аз ноилоҷӣ умед ҳам дошт, аммо… Ҷавоне, ки шавҳараш шуд, дар ҷойе кор намекард. Рӯзҳои аввал гӯё меҳрубон буд, аммо баъд дағал шуд. Ҳатто ба сараш мушт мебардошт. Ҳақорату дашном поён надошт. Хушдоманаш доимо тарафи писарашро мегирифт. Баъди чанде шавҳараш ба мардикорӣ, ба Россия рафт… Соле як бор, ё меояд, ё не. Ҳатто боре ба ӯ занг ҳам намезанад ва аз аҳволи ӯ намепурсад. Духтарчаашро то ҳоло надидааст. Хайр, ин ҳам мегузаштагист, аммо муносибати хушдоман бо ӯ чун канизаки берӯзӣ то кай идома меёфта бошад? Чаро тақдир чунин сарнавиштро барояш пеш овард? Чаро? Охир ӯ хушбахт будан мехост! Мехост, ки хонаду касберо ёд гирад. Агар падараш зинда мебуд, шояд ӯро насибаи дигаре интизор буд? Чанд маротиба ба модар арзи дил кард, ки зиндагиаш хуб нест, аммо модар «сабр кун, ҳамааш хуб мешавад» гуфту дигар раҳнамоию маслиҳате ҳам надод…
…Ресмони ҳалқабаста дар даст Нигора беҳаракат банди хаёлу андешаҳо буд. Аз чашмонаш донаҳои ашк рӯи рухсораҳои зебояш рехтанд. Сӯйи гаҳвораи тифлаш нигарист. Болопӯши гаҳвораро бардошт. Умедааш ором хоб буд. «Ман чӣ кор карда истодам? Ӯро ба кӣ мегузорам? Ба кӣ?» Нишаст бари гаҳвора ва аз рухсораҳои дилбандаш оҳиста бӯсид, то бедор нашавад ва сипас… «Не, рӯзашро мебинад. Калон мешавад. Ман дигар наметавонам…» Ин андешаҳо аз дилаш гузаштанду болои гаҳвораро пӯшид ва ресмони ҳалқабаста дар даст сӯйи дар рафт. Аз остона бурун шуду аз ҳавлӣ гузашт. Ҳуш надошт Нигора… Қарораш қатъист. Қариби расидан ба дари оғил гиряи тифлаш ба гӯшаш расид. Истод лаҳзае, аммо боз қадам гузошт сӯйи дари оғил. Гиря сахттар шуд. Боз истод ва сӯйи хонаи хоб нигарист… ва давид ба хона…Умедаро дид даруни гаҳвора, ки аз гиря чашму гунаҳои зебояш пур аз ашк. Боз ҳам дастакони нозуки худро аз банд кушодааст. Баробари дидани модар ором шуд ва бо чашмони пурашк сӯйи ӯ нигаристу хандид. Нигора ҳам хандид ва:
- Чи ин қадар беқарорӣ, бачаҷон? Чаро хоб накардӣ? - гуфт.
Ҷигарбандаш дастонашро сӯйи модар боло кард.
- Кушоям, Умедаҷон-а? Аз гаҳвора гирам? Нигора болои кӯдакаш хам шуд. Духтарча гӯё суханони ӯро фаҳмида бошад, бо алфози ширини худаш чизе гуфт. Нигора хандид ва ӯро аз гаҳвора кушоду рӯйи кӯрпачаи хона монд ва либосҳои гармашро пӯшонд. Дилбандаш дасту по зада шодӣ мекард. Нигора ба ӯ нигариста ба хаёл рафт… «Худоё, ҳар боре ман қасди ин кор мекунам, тифлам аз пасам гиря мекунад. Гӯё хабар меёбад аз ин рафтори бемаъниям. Ӯ намехоҳад, аммо ман мехоҳам. Тоқатам намонд дигар…» Боз ағу буғи кӯдак варо ба худ овард ва ӯро ба бағал гирифту рӯйи ҳавлӣ баромад…
Нигора рӯзи дароз худро ба корҳои хона ва тифлаш андармон карда соатҳо фикр мекард: «Шояд ҳамааш хуб мешавад? Мисли ман боз ҳастанд дигарон. Тоқат карда зиндагӣ доранд-ку?» Ба қароре омад, ки дигар ресмони халқабастаро ба даст намегирад ва зиндагӣ мекунад барои Умедааш…
Хушдоман қариби бегоҳ омад. Боз ҳамон ғур-ғурашро сар кард:
«То ҳол ҳеҷ кора накардаӣ! Чаро ба молҳо алаф надодӣ! Барои чӣ ҳезум ношикаста?» Боз ҳамин гуна саволу гапҳои пасту баланд ва дуои бади хушдоман кайфияти Нигораро ноҷӯр сохт. Суҳбати телефонии хушдоманашро бо писараш аз хонаи дигар шунида, тамоман аз зиндагӣ дилсард шуд. Хушдоман мегуфт: «Ин занат нокора, аз дасташ ҳеҷ чӣ намеояд. Кораш хӯрдану хоб рафтан. Маро писанд намекунад. Гапама намегирад. Ин дафъа, ки омадӣ, масъалаша ҳал кун!» Гӯшҳои Нигора аз шунидани ин туҳмату носазоҳо қулф заданд. Ба исрори хушдоманаш, ки «Биё, заҳру зуқум ягон чиз хӯр!» сари дастархони шом омаду аммо аз гулӯяш чизе нагузашт. Гурусна бари гаҳвора дар хонаи сард рӯйи болин сар монд. Боз пеши чашмонаш ресмони ҳалқабаста омад. Имшаб баъди хоби ҳама меравад ба оғил ва ҳалқа ба гардан мезанад. Ба тифлаш дида дӯхт. Дар торикии шаб рӯйи ӯ чун ширмаҳтоб нур дошт ва ором хоб буд. Аз чашмонаш ашк рехтанд рӯйи рухсораҳои аз сардии хона сардгашта ва гармии ин ашкҳоро эҳсос кард. То лабонаш расиданд ашкҳо. Шӯр буданд ашкҳои чашм… Лабонашро, чашмонашро бо нӯги остинаш пок карду оҳе кашид ва рӯйи ҷогаҳ афтид. «Соате хоб равам, баъд мехезаму меравам ба оғил…» Бо ин андешаҳо Нигораро хоб бурд. Дар хобаш падарашро дид, ки бо пироҳани сафед сӯйи ӯ аз баландие даст меафшонад ва чизе мегӯяд. Нигора хост сӯйи падар давад. Давид, афтид , бархост ва дид, ки падар сӯйи ӯ ишораи «наё!»-ро мекунад. Чаро? Боз хост,ки давад тарафи падар, аммо падар боз «наё» гуфту нопадид гашт. Нигора «дадаҷон!» гуфта фарёд зад ва аз ин ниҳеб бедор шуд. Ҳама ҷо хомӯшӣ, хона сарду торик. Сӯйи гаҳвора нигарист. Тифлаш ором хоб аст. Лаҳзае хоби дидаашро таъбир кард… Баъд ба ёдаш боз ресмони ҳалқабаста расид. Зери болинчаи дӯстрӯякашро даст-даст кард. Ресмони ҳалқабаста ба дасташ хӯрд. Оҳиста гирифт, то духтаракаш бедор нашавад. Гоҳе ба тифлу гоҳе ба ресмон менигарист… Ду қувва ӯро ба ду самт мекашиданд. Яке ресмони ҳалкабаста сӯи дар, дигаре кӯдаки ширхорааш сӯи худ, сӯи зиндагӣ… Боз чӣ қадар рӯйи ҷогаҳ ресмон дар даст бо хаёлу андешаҳои мағшуш нишаст, ёд надорад…
Садои саги ҳамсоя ӯро ба худ овард. Аз тиреза ба берун дида дӯхт. Субҳ медамид. Саросема бархост. «Дер кардам. Ҳозир рӯз мешавад. Рафтан лозим. Дигар наметавонам…». Бо ин андешаҳо Нигора ресмон дар даст сӯйи дар рафт. Оҳиста берун омад. Ғиҷирроси дар дар ин субҳи сокит гӯё садои гӯшхароше баровард. Лаҳзае истод, сӯйи гаҳвораи тифлакаш нигарист ва хост аз рухсораҳои Умедаҷонаш охирин бор бӯсаду бо ӯ видоъ кунад. Бисёр мехост, аммо андешаи «боз бедор нашавад» ӯро аз роҳ боздошт. Нигора оҳиста дари хонаро аз пасаш пӯшид ва ба рӯйи ҳавли баромад. Шаб барф боридааст, барфи аввал ва зиёд. Чашмонашро сафедии барф бурд. Бо дастонаш чашмонашро дошту сипас боз кард ва сӯйи оғил қадам монд. Аз чӣ сабаб бошад, сардиро эҳсос намекард. Дар сараш танҳо як андеша буд. Тезтар дари оғилро боз кунаду ҳалқаи ин ресмонро ба гардан овезад. Чанд қадам монда буд то дари оғил ва ин вақт садои гиряи тифлаш ба гӯшаш расид. Истод. «Не, меравам… Гиря кардан гир!» Боз қадаме монд. Боз гиря баладтар шуд. Боз қадаме монд ва даст ба дастаки дари оғил зад. Ин лаҳза тифлаш як фиғон карду хомӯш шуд. Нигора дари оғилро нимроғ карда буд, аммо аз гиря бозмондани кӯдакаш ӯро боздошт. «Боз аз гаҳвора наафтода бошад?» Ӯ пас гашт ва давид сӯйи хона. Болопӯши гаҳвораро бардошт. Духтарчааш бо чашмони бозу дастони кушода сӯйи модар менигарист. Чашму рӯяш аз ашк олуда. Нигора рӯйи ҷигарбандашро пок карда ӯро ҳарисона бӯсид. Нури чашмонаш бо дастони нозукаш ба мӯю рӯйи модар панҷа мезад ва ресмони ҳалқабастаи дасти ӯро дошта мекашид. Нигораро ин амалҳои тифлаш ба худ овард:
- Мани беақлу беиродаро бубахш, бачаҷон, ту аз ман боақлтар будаӣ. Ту намехоҳӣ, ки ман ин ҳалқаро ба гарданам андозам? Намехоҳӣ?
Тифлаш дар ҷавоб бо забони худ чизе мегуфту табассум мекард ва ресмони ҳалқабастаро аз панҷаҳои нозукаш сар намедод.
- Сар деҳ, Умедаҷон, сар деҳ. Ман ин ресмонро ме-партоям. Ҳозира худаш ба берун мебарояму мепартоям ва бармегардам ба наздат. Ту розӣ?
Ӯ ин матлаби модарро фаҳмид магар, ки панҷаҳояшро боз кард. Нигора сӯйи дар давид ва ба рӯйи ҳавлӣ баромад. Ҳама ҷо барфпӯш. Ҳаво сард ва орому сокит. Ресмони ҳалқабаста дар даст боз қадаме ба пеш гузошт. Ин дафъа на тарафи оғил, балки ҷониби дарахтони боғ. Боз нигарист ба ресмон. Ҳалқааш печхӯрда. Дудила буд, вале пайи панҷаҳои гарми тифлакашро дар ресмони ҳалқабаста эҳсос карду онро ҳаво дод. Ресмон болои барф афтод. Аз зарби он барфҳо аз шохчаҳо поён рехтанд. Чашми Нигора ба гули садбарг афтод. «Аҷиб, то ҳанӯз ин гул шукуфон будааст ва ман онро надида будаам…» Бо ин андеша сӯйи гул қадам монд. Гули садбарг аз сардӣ пажмурда шуда тира гаштааст. «Хунук задаст гулро» аз дил гузаронд Нигора ва барфҳои болои онро тоза намуда хост онро рост кунад. Рост шуд, аммо боз руйи барф афтод. Гули садбаргро барфи аввал ва сардӣ нобуд карда буд. Нигораро хоби дидааш ба ёд омад ва ҳамин лаҳза дар умқи ақлу дил хобашро тафсир кард: «Падар ҳам аз ин қасди ман огаҳ будаасту ба хобам омад, то маро аз ин раҳ боздорад. Худоё, имону иродаамро қавӣ гардон…» Боз чашми Нигора ба ресмон афтод. Ресмони ҳалқабастаи барфолударо гирди буттаи садбарг зери барф гӯр кард ва сӯйи тифлаш ба хона рафт. Ӯ бо Умедааш баҳорро, гулҳои дигарро интизор хоҳад шуд…
Нилуфар