Унвони қисмат
Барои мо, рӯзноманигорон, одат шудааст ҳамеша аз муваффақияту пешравиҳои бонувон сухан карда, қаҳрамонҳоямонро аз байни занҳое ҷустуҷӯ намоем, ки оилаи ободу орому осудае доранд. Ин хеле хуб аст, вале фаромӯш набояд кард, ки бахту саодат байни ҳама як сон тақсим нашудаанд. Дар ҷодаи ноҳамвори тақдир бонувонеро вохӯрдан мумкин аст, ки қисмат ба эшон унвони зани танҳоро лоиқ дидааст. Ба назари ман, ин гуна занҳо дар ҳақиқат ҳам қаҳрамонанд, болотар аз он, ки мо тасаввур мекунем, чунки дар набарди ҳаёт ва зиндагии хонаводагӣ бе такягоҳе чун сутуни қомати мард, хеле гарон аст. Ман дар ҷустуҷӯи чунин як зан азоб накашидам, ҳатто имкони интихоб низ доштам, зеро «Хиёбони зани танҳо» нафари зиёде дорад. Интихоби ман сари зане қарор гирифт, ки дар баробари модар будан омӯзгор ҳам ҳаст. Ин зани бахирад Марямбӣ Саъдуллоева, муаллимаи фанни риёзии мактаби рақами 92-и пойтахт аст.
Ғалабаи ишқ
Ишқ бузургтарин эҳсос аст, вақте он панҷа ба даричаи қалби инсон мезанад, барояш миллат, мазҳаб, дурии роҳ ва дигар арзишҳои зиндагӣ бегонаанд.
Зулмиддину Марямбиро ишқ ба ҳам овард. Волидони ҳар ду тараф муқобили ин ишқи зебою афсонавӣ буданд, зеро урфу одати ин минтақаҳои кишвар аз ҳам фарқ доранду онҳо мехостанд фарзандонашон «бегона» нашаванд. Вале ду ҷавон ба аҳди худ содиқ буданду волидон низ ноилоҷ розӣ шуданд. Оқибат Марямбӣ арӯси ин ҷавонмарди зебою паҳлавони дарвозӣ гашта ба деҳаи хушманзараи Нулванди ин ноҳия рафт. Зулмиддин корманди ҳарбӣ буду арӯси ҷавонаш муаллима, аҳли деҳа ба ин ҷуфти зебо бо ҳавас менигаристанд. Кӯлобидухтари кушодчеҳраи софдил тавонист дар муддати кӯтоҳ дили пайвандони шавҳар ва ҳақу ҳамсояро ба даст биёрад.
Шикасти тақдир
Дарёи зиндагӣ дар маҷрои худ равон буду Зулмиддину Марямбӣ соҳиби 7 фарзанд гаштанд. Панҷ писару ду духтар зиндагии онҳоро ширинтар гардонид. Гузашти солҳо меҳри ин ҷавонмарди дарёдилро нисбати ҳамсараш зиёдтар карда буд. Онҳо аз ноҳияи Дарвоз ба шаҳри Кӯлоб ва баъдтар ба пойтахти кишвар омада, зиндагиашонро давом доданд. Аммо тақдири бераҳм ба сари ин оилаи обод фоҷиаи хунине овард. Зулмиддин, ки аз фишори хун азоб мекашид, ба Маскав барои табобат рафту аз он сӯ ҷасадашро оварданд… Дунё ба назари Марямбӣ чун шоми зимистон сарду торик гашт, бе ёри меҳрубонаш хона дар назараш мисли зиндон метофт, аммо шикасти тақдирро ба хотири фарзандонаш мардонавор таҳаммул кард…
Хотире бузургтар аз хотири фарзанд нест
Дар яке аз шеърҳои Эраҷ Мирзо омадааст, ки фарзанди носипосе ба гапи завҷаи бераҳмаш рафта, модарашро азоб медиҳад. Ин ҳама ҷафои фарзанд ба назари арӯс кам менамояд ва ба шавҳараш амр мекунад, ки дили модаратро барканда ба ман биёр ва ҷавони аз муҳаббати ҳамсар кӯр гашта ин амри ӯро иҷро мекунад. Дили хунини модар дар дасти писари қотил чун мурғаки нимбисмил метапиду ӯ назди маҳбубааш мешитофт. Ҳамин вақт фарзанди бехудо пешпо мехӯраду пояш харош меёбад ва нидое аз дилаки хуншори модар бармехезад: - Оҳ, пойи писарам ёфт харош, оҳ пойи писарам хӯрд ба санг… Ин ривоят тимсоли бузургии дили модар аст ва қаҳрамони матлаби мо Марямбӣ ҳам чун як зани покмаҳзар ҷавонияшро қурбони фарзандонаш сохт. Имрӯз писаронаш Беҳрӯз, Фирӯз, Наврӯз, Меҳроҷ ва Меҳроб соҳиби касбу ҳунар буда, дар соҳаҳои гуногун ифои вазифа менамоянд. Духтаронаш Дилафрӯзу Дилнавоз бошанд, касби модарро пеша намуда ба атфол илми риёзиёт ва асосҳои технологияи навинро меомӯзонанд. Чаро дубора шавҳар накардед, мепурсам аз апаи Марямбӣ ва ӯ андешаманд ба дуриҳо назар дӯхта мегӯяд: Хотири фарзандҳо ва хотири муҳаббати беандозаи шавҳарам. Дар домони чилсолагӣ бе такягоҳ мондани зан хеле душвор аст, талабгорони зиёде низ доштам, аммо касе ҷойи Зулмиддинро дар қалбам гирифта натавонист. Эҳтироми фарзандон, ки имрӯз ба воя расида, дастгири модаранд, панҷараи танҳоии ин зани зеборо шикаста бошад ҳам, ҷойи султони қалбашро дар байни азизонаш холӣ дида самои хотироташро абри сиёҳи ғусса мепӯшонад.
Сабр беҳтарин зевари бонуст
Бо тақозои касби бар дӯш доштаам, чандин бор бо бонувоне ҳамсуҳбат гаштаам, ки дар селоби мурдори фисқу фуҷур афтода, дар пешонааашон тамғаи нангини фоҳишаро задаанд. Чун аз онҳо сабаби ба ин роҳи хато рафтанашонро мепурсидам, дар аксар ҳолатҳо як ҷавоб доштанд: «Аз шавҳарам ҷудо шудаам, шавҳарам фавтидааст, танҳо фарзандонро калон кардан гарон афтод ва ғайра…». Тақдири апаи Марямбӣ ва даҳҳо нафар занони дигаре, ки бо сабри азалию иродаи оҳанин ҳама садҳои зиндагиро бартараф намуда, имрӯз дар ҷомеа мақоми шоиста доранд, бояд барои ин тоифаи сабукандеш сабақи зиндагӣ гардад. Зан бояд фаромӯш накунад, ки шинохту эҳтироми шахсияти худ аз тамоми мушкилоту ғаму андуҳ ва талхиҳои зиндагӣ боло меистад. Тарбияи шахси худ инсонро ботинан покиза месозад, албатта, дарёфти ин неъмат вобаста ба иродаи мустаҳкам аст.
Ҷавҳари Саидназар