05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ДАСТОВАРДҲОИ БОНУВОНИ БАДАХШОН ДАР СОЛИ 2012

            Дар фестивали байналмилалии «Фалак» ҳунарманди ҷавон Муқаддас Элчибекова истеъдоди баланд нишон дода, сазовори диплом гардид.

            Намоишномаи «Парӣ»-и театри шаҳри Хоруғ иштирокдорони фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ дар Қазоқистонро, ки моҳи октябр баргузор шуд, тасхир кард. Ҳунармандони театр Надима Юсуфова ва Шарифа Давлатбекова барои иҷрои беҳтарин нақши зан аз ҷониби ҳайати ҳакамон бо дип­лом ва ҷоизаи моддӣ (1000 доллари амрикоӣ) мукофотонида шуданд.

            Дар театри вилоятӣ ва ансамбли «Навои Бадахшон» 23 нафар истеъдодҳои ҷавон ба кор ҷалб шуданд, ки бештарашон бонувонанд.

            Аз 3200 хатмкунанда қариб 2 ҳазор ба макотиби олӣ дохил шуданд. Аз ин шумора 1458 нафар дар макотиби олии ҷумҳурӣ ва боқимонда дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷ ба таҳсил пардохтанд. Ин натиҷаи заҳмати хуби омӯзгорон арзёбӣ мешавад. Дар макотиби ВМКБ 5298 омӯзгор дарс мегӯяд, ки 3057 нафарро занон ташкил менамоянд.

            Сатҳи хизматрасонӣ ба модару кӯдак беҳтар гардид. Дар ноҳияи Мурғоб 7 бунгоҳи тиббӣ ва маркази саломатӣ пурра таъмир ва муҷаҳҳаз гардиданд. Соли оянда таъмиру таҷҳизонидани 21 бунгоҳи тиббӣ дар навоҳии Шуғнону Дарвоз дар назар аст. Дар вилоят 229 муассисаи ёрии аввалияи тиббиву санитарӣ дар хизмати мардум қарор дорад.

            Дар муассисоти тиббии вилоят дар соли равон 45 нафар мутахассисони ҷавон ба кор қабул гардиданд, ки аксарашон бонувон мебошанд. Мутахассисони бемориҳои занона ба муассисоти тиббии ноҳияҳои Роштқалъа, Ишкошим, Дарвоз ва Шуғнон фиристода шуданд.

            Олими ҷавони Пажуҳишгоҳи биологии Помир Шоиста Мубалиева кори тадқиқотиашро марбут ба афзалияти ғизонокии меваи тут дар симпозиуми байналмилалӣ дар шаҳри Рим муаррифӣ кард. Натоиҷи таҳқиқот дар маҷаллаҳо бо забонҳои итолиёвӣ ва англисӣ интишор гардид.Таҳқиқот собит сохтааст, ки меваи тут аз ангиштоб ва ё углерод бой буда, ин моддаҳои биологӣ дар организми инсон пурра ҳал мешаванд ва барои саломатӣ хеле фоидаоваранд.

            Ҳамчунин олимони бахши хоруғии пажуҳишгоҳи улуми инсонии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Гулнисо Ризвоншоева китобҳои «Афсонаҳои сеҳрангези Бадахшон», Муслима Броимшоева ва Олга Сайфуллоева дар риштаҳои забоншиносӣ ва иқтисод рисолаҳои худро интишор доданд.

            Бино бар маълумоти оморӣ теъдоди занони қобили меҳнат дар Бадахшон ба 50 ҳазор мерасад.Танҳо дар соҳаи маориф ва тандурустӣ зиёда аз 5 ҳазор зан кор мекунад. 1500 бону ба соҳибкорӣ машғул аст. Дар вилоят 770 хизматчии давлатӣ дар мақомоти сатҳи гуногун фаъолият дорад, ки 40 дар садашонро занон ташкил медиҳанд. Дар вилоят бештар аз се ҳазор занони ташаббускор ва ҳунарманд ба қайд гирифта шудаанд, ки дар пешрафти ҳаёти иқтисодӣ саҳми ҷиддӣ мегиранд.

:.  Аз ҳар боб 28.01.2013 10:40 3276

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz