05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ДАСТОВАРДҲОИ ЗАНҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

            Дар соҳаи маорифи вилоят 48,7% кормандонро бонувон ташкил дода, теъдоди занони роҳбар ба 333 нафар мерасад. Дар соҳаи тандурустии вилояти Хатлон 310 бону дар вазифаҳои роҳбарикунанда кору фаъолият доранд.

            Дар ҳудуди вилояти Хатлон 6140 нафар бону ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, ҳамчунин 2532 нафар бонуи кордон роҳбарии хоҷагиҳои деҳқонӣ –фермериро ба уҳда доранд.

            Дар доираи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми июни соли 2012, №307 «Дар бораи таъсиси грантҳои президентӣ барои рушди соҳибкории хурду миёна» дар вилояти Хатлон баҳри омӯзишу ҷалб намудани занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ аз тарафи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии бонувони Хатлон ба 13 нафари онҳо грантҳои президентӣ ба маблағи 370 ҳазор сомонӣ ҷудо гардиданд. Ин имкон фароҳам овард, ки 121 нафар бонуи корҷӯй бо ҷойи кори доимӣ таъмин шаванд.

 Муҳтарам Саидраҳмонова

            Муҳтарам Саидраҳмонова бо таъсиси коргоҳи дӯзандагӣ 170 нафар бонуи ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахшро ба кор ҷалб намудааст. Дар коргоҳи ин бону тамоми намудҳои либосҳои миллиро медӯзанд.

 

            Тамара ЧориеваТамара Чориева фаъолдухтари Ҷамоати деҳоти Гарди Гулмуроди ноҳияи Ҷиликӯл дар соли 2012 коргоҳи дӯзандагӣ таъсис дода, 30 нафар бонуро ба кори доимӣ таъмин намуд, ки ҳар нафари онҳо дар навбати худ ба ду духтари деҳот ҳунари дӯзандагиро меомӯзонанд.

 

           Маърифат Хидиралиева Маърифат Хидиралиева, масъули Маркази захиравии занони ноҳияи Хуросон, соли 2012-ро соли дастоварду комёбиҳояш дар ҳалли масоили гуногуни бонувони маҳал медонад. Ин марказ дар расонидани кумакҳои ҳуқуқӣ ва маслиҳатҳои равонӣ, ҷалби духтарон ба мактаб корҳои назаррасеро ба сомон расонидааст.

 

           Баҳригул Қосимова Баҳригул Қосимова, директори литсейи «Ориёно»-и шаҳри Қӯрғонтеппа. Аз вақте ин маорифчии асил сарварии гимназияи мазкурро ба уҳда дорад, теъдоди шогирдони ғолиби ин дабистон дар олимпиадаҳои фаннӣ меафзояд.

 

            Парвина ТешаеваПарвина Тешаева, мудири кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш. Парвина яке аз бонувони соҳаи кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон аст, ки соли ҷорӣ аз тарафи Президенти кишвар бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардидааст.

:.  Аз ҳар боб 28.01.2013 07:00 4256

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz