Вазъи ҳаво ва саломатӣ
Мусаллам аст, ки ҳар фасл хусусияти худро дошта, ба ҷисм таъсири муайян мерасонад. Бо фаро расидани фасли зимистон, яъне зуд-зуд иваз шудани ҳарорати хона ва кӯча «ҳуҷум»-и баъзе бемориҳо, аз ҷумла бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, зуком, бемориҳои илтиҳобӣ, варами шуш, сил ва илтиҳоби буғумҳо ба ҷисми инсон мушоҳида мешавад. Сафедии барф ва нури сӯзони офтоб дар ин фасл сабабгори хуруҷи бемориҳои чашм шуда метавонанд.
Барои бемор нашудан ва бардаму солим нигоҳ доштани ҷисм Ҷамила Байдуллоева, сардори Маркази обу ҳавосанҷии Муассисаи давлатии обу ҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист, тавсия медиҳад, ки бонувон қабл аз хона баромадан мутобиқ ба вазъи ҳаво либос ба бар кунанд.
- Вақте вазъи ҳаво якбора тағйир ёфта, аз 40 дараҷа боло меравад, ин ҳолат ба беморони фишори хундошта таъсир манфӣ мерасонад. Махсусан кӯдакон дар ҳавои гарм ба бемории дарунрав гирифтор шуда, калонсолон ба баландшавии фишори хун дучор мегарданд. Вазъи номуътадили ҳаво, масалан, чангу ғубори зиёд нафаскашии одамро душвор карда, ба роҳҳои хунгард ҳам таъсири бад мерасонад. Дар ҳавои сард бештар кӯдакон аз беаҳамиятӣ гирифтори бемориҳои зуком мешаванд.
Яхбандӣ низ аз он ҷиҳат хатарнок аст, ки боиси лағжидани одам ва шикастани устухонҳои бадан мегардад. Хулоса, таъсири ҳаво ба ҳама чиз мушоҳида мешавад.
Ҳавои сард хусусан ба бонувон таъсири манфӣ дошта, ба бемориҳои гуногуни занона сабаб шуда метавонад. Зеро занҳо дар хона бештар кор мекунанд ва ба саломатияшон аҳамият намедиҳанд, меафзояд Ҷамила Байдуллоева.
Ғизои зимистона
Ба гуфтаи хонум Байдуллоева, ҳавои сард ба ҷисми инсон таъсири худро дорад ва барои аз таъсири манфии он эмин мондан табибон тавсия медиҳанд, ки ҷисмро бо ғизои солиму зарурӣ таъмин намоем. Ғизои зимистона бояд ҷисмро бо нерӯи зарурӣ ва худгармидиҳӣ таъмин намояд. Дар ин ҳол бештар ғизоҳои серравған ва ғизои дар таркибаш сафедадошта мувофиқ аст. Аз ин хотир, пеш аз хона баромадан ҳатман субҳонаи серғизо бо хуришҳои витаминдор истеъмол намоед.
Либоси бонувон дар фасли зимистон
Ҷамила Байдуллоева тавсия медиҳад, ки:
- Бонувони гиромӣ! Ба муд ва сифати либосатон нигоҳ накарда ба ҳама фасли сол омода бошед, чунки ҳар фасл либоси махсуси худашро дорад, ба ҳар сурат мувофиқ ба фасли сол либос пӯшед.
Шумо, ки бештари вақтатонро дар назди радио ва телевизион мегузаронед, аз пешгӯиҳои мо, ки дақиқанд, истифода намуда, саломатиятонро ҳифз намоед.
Масалан, ман ҳамчун бону ҳатман пеш аз он ки аз хона бароям, вазъи ҳаворо ба назар гирифта либос мепӯшам.
Вазъи ҳаво дар моҳи январ
Тавре пешгӯиҳои Маркази обу ҳавосанҷӣ нишон медиҳанд, ҳарорати миёна дар моҳи январи соли 2013 як дараҷа хунуктар ва дар муқоиса ба соли 2012 нисбатан гармтар хоҳад буд. Дар ин давра ҳарорати миёнаи ҳаво дар водиҳо аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гармиро ташкил дода, дар минтақаҳои кӯҳӣ, 5-7 дараҷа хунукӣ дар назар аст. Дар минтақаҳои баландкӯҳ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 12 то 17 дараҷа сард хоҳад буд. Дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд боридани барф ба қайд гирифта шудааст. Эҳтимол аст боришот дар қисми зиёди ҷумҳурӣ ба меъёр наздик бошад, аммо дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ аз меъёр каму зиёд дар назар аст.
Бонувони солим бошед!
Таманнои обуҳавошинос ба бонувон:
- Новобаста ба вазъи обу ҳаво ҳамеша дар хонаводаатон ҳавои муътадил ҳукмфармо бошад. Саломатии шумову фарзандонатонро орзу дорам ва мехоҳам ҳаргиз бемор нашавед, зеро модар асоси хонавода аст. Ҳама чиз бастагӣ ба модар дорад. Аз ин рӯ, бонувони азиз, новобаста аз барфу борон, тӯфону бодҳои тунд ҳамеша худатонро эҳтиёт кунед.
Орзуи онро дорам, ки дар фасли зимистон, ҳам дилу дидаи шумо гарму муҳити хонадонатон ҳамеша муътадил бошад.
Раҳимаи Аъзам