ҲАМАЛ (21.03 - 20.04) – Барои ҳамалҳо соли МОР соли бисёр ҷиддист. Ҳам дар ҳаёти шахсии шумо ва ҳам дар кору фаъолиятатон дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд меоянд, ки мутаассифона, дар баъзе мавридҳо бароятон қобили қабул нестанд. Шояд зарурати иваз кардани ҷои зист низ ба вуҷуд ояд. Вазъи бади молӣ, ки солҳои зиёде барои беҳ карданаш талош мекардед, бартараф мешавад. Саломатиатон дар ин сол муътадил хоҳад буд. | МИЗОН (24.09 – 23. 10) – Сол соли амалишавии тамоми орзуҳост. Натиҷаи кӯшишу заҳматҳои пайвастаатон аст, ки ба ҳамаи хостаҳои дилатон мерасед. Аммо мағрур набошед. Муносибатро бо дӯстон тағйир надиҳед. Саломатиро дар ҷои аввал гузоред. Беҳтарин ҷои истироҳат барои шумо муҳити оилавист. Дар муносибат бо пул эҳтиёткор бошед. Моҳҳои сентябр-октябр хабари хуше, ки кайҳо интизораш будед, ба шумо мерасад.
|
САВР (21.04 – 21.05) – Соли МОР барои шумо соли имкониятҳост. Метавонед бо диду назари тоза, донишу заковат ва касбияти баланд дар ҷои кор худро ба унвони беҳтарин мутахассис муаррифӣ намоед. Дӯстони наве пайдо мекунед, аммо дар муносибат бо онҳо бояд эҳтиёткор буд. Нафароне, ки ҳоло оиладор нестанд, барояшон имкони издивоҷ вуҷуд дорад. Шикояте аз бад будани вазъи саломатӣ нахоҳед дошт. | АҚРАБ (24.10 – 22.11) – Муҳити ноороми корӣ ба вазъи саломатии шумо таъсири манфӣ мерасонад. Ба ғайбату бадгӯиҳои атрофиён аҳамият надиҳед. Кӣ ҳаққу кӣ ноҳақ аст, вақт нишон медиҳад. Вақти он расидааст, ки бо кори илмӣ машғул гардед. Ба бонувоне, ки зери ин бурҷ таваллуд ёфтаанд, тавсия мешавад, ки бештар ба варзиш машғул шуда, ба зебоиашон аҳамияти хоса диҳанд. |
ҶАВЗО (22.05-21.06) – Муноқиша бо дӯстону наздикон пайваста шуморо дар ин сол думболагир аст. Дар ҳар ҳолат кӯшиш кунед, то дили касеро наранҷонед. Шумо нисбати оила аз ҳад зиёд бетафовут мешавед, ки ин хуб нест. Ба варзиш машғул шуданро фаромӯш насозед. Нимаи дуюми сол имкони дарёфти ҷои кори мувофиқ ва даромади хуб вуҷуд дорад. Дар муносибат бо пул эҳтиёткор бошед. Нимаи дуюми сол вазъи саломатиатон каме тағйир меёбад, аммо ин зудгузар аст.
| ҚАВС (23.11 – 21.12) – Ин сол барои фаъолияти сиёсӣ номувофиқ арзёбӣ мегардад. Дар аввали сол имкони бад шудани вазъи саломатиатон вуҷуд дорад, аммо руҳафтода набошед, он зудгузар аст. Бо тавлиди тифли навзод муҳити хонавода тамоман тағйир мехӯрад. Ҳамаи мушкилиҳо паси сар мешаванд. Дасти афтодагон гирифтан ва хайру сахоро фаромӯш насозед. Корҳоятон бобарор хоҳанд шуд. |
САРАТОН (22.06 – 22.07) – Дар соли МОР нигоҳи шумо ба зиндагӣ тағйир мехурад. Дӯстро аз душман фарқ мекунед. Дар тиҷорат аз ҳамкорӣ бо одамоне, ки ба назаратон шубҳанок менамоянд, даст бикашед. Дар ин сол ба касе пул надиҳед, ки дар баргардониданаш мушкилӣ мекашед. Сафарҳои зиёде шуморо дар пеш аст. Ба саломатии фарзандон аҳамияти ҷиддӣ диҳед. Бо аҳли оила буданро фаромӯш насозед. | ҶАДӢ (22.12 – 20.01) – Аз мушкилиҳо наҳаросед. Дар соли МОР метавонед аз пайи амалӣ кардани нақшаҳои кашидаатон шавед. Мушкили молӣ нахоҳед дошт. Пешниҳодҳои хуби корӣ мешаванд, қабул намоед. Дар ҳаёти шахсӣ низ дигаргуниҳо ба вуҷуд меоянд. Аз бемории яке аз наздиконатон ғамгин мешавед. Дили ранҷидаи дӯстонро ба даст оред. Аз пайи саломатӣ шуданро низ фаромӯш насозед. |
АСАД (23.07 – 23.08) – Дар соли Мор дигар ба тарзи пешинаи зиндагӣ созиш намекунед. Ҳар иқдоми тозаеро, ки барои рафъи мушкили доштаатон пайгирӣ доред, муваффақ мешавед. Шояд дар ин сол соҳиби хона шавед. Ин аз кӯшиши шумо вобастагӣ дорад. Дар хизмати модару падар буданро фаромӯш насозед. Вазъи молиатон беҳбуд меёбад. Шуморо дар ин сол дарди пову миён каме азият медиҳад, ки бояд ҳатман ба табибон муроҷиат кунед. | ДАЛВ (21.01 – 18.02) – Сол барои баъзе аз намояндагони бурҷ соли маъмулист. Аммо барои ҳуқуқшиносон, табибон ва омӯзгороне, ки зери ин бурҷ тавлид шудаанд, соли пур аз ҳаводису воқеоти аҷибу хотирмон аст. Ин сол соли анҷом додани нақшаҳои тарҳрезишуда аст. Бо боварӣ ба пеш ҳаракат кунед, ҳатман муваффақ мешавед. Инро низ фаромӯш насозед, ки оилаи солим муҳимтар аз ҳама аст. |
СУНБУЛА (24.08 – 23. 09) – Бо ҳуҷҷатҳои муҳим эҳтиёткорона муносибат намоед. Хавфи ба мушкили молӣ дучор шудан дар соли МОР вуҷуд дорад. Аз касе қарз нагиред. Беҳтараш аз пайи беҳ кардани кори маъмулии хеш бошед, фикри ба тиҷорат гузаштанро аз сар дур кунед. Бикӯшед, то эҳсоси бовариро ба худ аз даст надиҳед. Ба варзиш машғул шавед. Вазъи саломатиатон дар ин сол хуб хоҳад буд.
| ҲУТ (19.02 – 20.03) – Ин сол барои намояндагони бурҷи ҳут хотирмон хоҳад буд. Мушкилиҳои молии шумо бартараф мешаванд. Имкони то охири сол ба вазифаи баландтар гузаштанатон низ ҳаст. Аз харҷҳои беҳуда канора ҷӯед. Бо наздикон меҳрубон бошед. Моҳҳои апрел-май ба дидори яке аз наздикон, ки солҳо надида будед, мушарраф мешавед. Тавлиди тифлаки нав дар оила бароятон хушбахтиҳо меорад. |
Ҳар нафари ба кори тоза иқдомкарда, дар ин сол, агар дар азмаш устувор бошад, ҳатман ба мақсад мерасад. Ҳамчунин, агар касе дар соли МОР ба танбаливу беаҳамиятӣ роҳ бидиҳад, имкони аз даст додани дастовардҳои чандинсолааш низ мавҷуд аст.
Соли одамони зиндадил, шӯх ва қавиирода аст. Хислати сол поквиҷдонӣ, ростӣ, заковат ва хирадмандӣ дониста мешавад. Рамзи сол бошад, либосҳо бо омезиши ранги сиёҳу тиллоранг, ороишот бо ранги зард, ороиши хона бо мавҷудоти соҳили баҳр муайян шудааст.
Фаромӯш насозед ки МОР шитобкориро дӯст намедорад. Ҳар гуна амали манфӣ дар ин сол нобахшиданист ва поёмади нохуше ҳам дар пай дорад. Кӯшиш намоед аз «заҳри МОР» худро канор бигиред. Аммо инро ҳам бояд донист, ки дар баъзе мавридҳо заҳри МОР беҳтарин давост.
Таҳияи Гулноз