Соли 2003 муовини сардабири маҷаллаи “Фирӯза” таъин шуд.
Баъдан ба ҳайси муҳаррири масъули ҳафтаномаи “Чархи гардун” фаъолият дошт. Феълан дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” ба ҳайси мудири шуъбаи адабиёти классикӣ кор мекунад. Бо медали “Хизмати шоиста” қадр шудааст.
Соли 1993 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд. Маҷмуаҳои ашъораш бо номҳои “Гаҳвораи сангин”, “Навои найсон”, “Садбарги кӯҳӣ” ва “Мусоҳиби офтоб” ба нашр расидаанд. Китоби тозаи шеърҳояшро таҳти унвони “Лаъли Бадахшон” ҳаводорони каломи бадеъ рӯзҳои наздик хоҳанд хонд. Чакидаҳои хомаи Раъно ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, англисӣ ва чинӣ тарҷума шудаанд.
Дилбар Табарова
Мучалаш мор, соли 1982 мактаби миёнаи №48-и шаҳри Душанбе ва соли 1987 факултаи забон ва адабиёти тоҷики ДМТ-ро хатм намудааст. Фаъолияти журналистиашро соли 1987 дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» оғоз намуда, аз соли 1990 то 1992 ба ҳайси инструктори шуъбаи идеологии КМ Созмони ҷавонони Тоҷикистон фаъолият дошт. Аз соли 1992 то соли 1994 ёвари президенти Иттифоқи кооператорон ва соҳибкорони ҶТ, солҳои 1999 – 2000- ум муовини сармуҳаррири маҷаллаи «Фирӯза», солҳои 2003 –2006 муовини сармуҳаррири маҷаллаи «Гуфтугӯ» буд. Аз соли 2006 то 2007 ба ҳайси мудири осорхонаи ҷумҳуриявии фарҳанги мусиқӣ ба номи З. Шаҳидӣ, солҳои 2009-2011 омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дар филиали Донишгоҳи Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар ш. Душанбе кор кард. Ҳоло сармуҳаррири «Рӯзномаи бинокорон» мебошад.
Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.
Соли 2005 ғолиби озмуни журналистон дар бахши «Мусоҳибаи беҳтарини сол» шуд. Узви Платформаи гуфтугӯи Авруосиё.
Мушаррафа Ҷӯраева
Мучалаш мор. Соли 1982 мактаби миёнаи № 15 – и шаҳри Душанбе ва соли 1987 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуда, солҳои 1987-1993 ба ҳайси муаллимаи забон ва адабиёти тоҷики мактабҳои миёнаи № 15 ва № 55-и пойтахт фаъолият дошт. Аз соли 1993 то соли 1996 аспиранти кафедраи умумидонишгоҳии забон ва адабиёти тоҷик ва алифбои ниёгони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, солҳои 1996-2000 ёвари калони сардори раёсати корҳои байналхалқии Вазорати мудофиаи ҶТ, солҳои 2001-2007 дотсенти кафедраи забонҳои Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ (ҳоло Донишкадаи молия ва иқтисод) буд. Аз соли 2007 ин ҷониб дотсенти кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Соли 1998 рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Роҳҳои ифодаи эҳтиром ва фурӯтанӣ дар забони адабии асри XVI» ҳимоя намуд. Моҳи январи соли 2012 дар Шӯрои олимони факултети журналистика мавзуи рисолаи докториаш бо унвони «Ҳусни баён дар одоби муоширати ВАО» тасдиқ гардид. Муаллифи як монография ва чандин мақолаҳои илмӣ аст.
Оиладор, соҳиби чор фарзанд.
Э. Раҳматов