05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

БОНУВОНЕ, КИ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД СОЛИ 2012 БА ДАСТОВАРДҲОИ БЕҲТАРИН НОИЛ ШУДААНД:

 

Бишарифа Юсуфова

            ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии сол». Дар кӯдакистони рақами 8-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кор мекунад.

 

Нигора Шарифова

            Барандаи ҷойи дувум дар озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими сол». Муаллимаи фанни риёзии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

 

Замира Қаҳҳорова

            Соҳибкори ноҳияи Ашт. Ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Фараҳ-2012». 24 гектар замини ноободро сарсабз намуда, дар он дарахтони шафтолу ва зардолу шинон­да, дар майдони ду гектар юнучқа кишт кардааст. Ба содироти меваи хушк машғул аст. Дар маркази ноҳия ошхонаи «Баҳри Баҳром»-ро бунёд намуда, дар маҷмуъ 31 нафарро бо кори доимӣ таъмин кардааст.

 

Муяссара Солиева

            ҷоизадори озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии сол». Дар кӯдакистони рақами 36-и шаҳри Хуҷанд фаъолият дорад.

 

Шоира Қосимова

            «Беҳтарин хизматчии соли 2012» эътироф шудааст. Ба ҳайси муовини раиси Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият менамояд.

 

Зан нигаҳдорандаи нори ҳаёт,
Фитрати ӯ лавҳи асрори ҳаёт.

                                                                     Муҳаммад Иқбол

 

Дилбар Султонова

            ҷоизадори чемпионати Осиё оид ба самбо дар шаҳри Тошканд , қаҳрамони чандинкаратаи Тоҷикистон оид ба самбо.

 

Гулсара Темурова

            Нотариуси калони Идораи нотариалии давлатии шаҳри Исфара. Дар озмуни вилоятӣ «Беҳтарин ҳуқуқшиноси соли 2012» эътироф гардид.

 

Муяссара Бобохонова

            Сарвари созмони ҷамъиятии «Зан ва ҷомеа». Барои ташкили ҷойҳои корӣ беҳтарин сарвар миёни созмонҳои ҷамъиятӣ шинохта шудааст.

 

Мақсуда Тошматова

            Пизишки таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд, барои силсилаи ҷарроҳиҳои муваффақаш дар бахши амрози занона беҳтарин пизишки момодояи соли 2012 эътироф шудааст.

 

Парвина Раҳматова

            Донишҷӯйи Коллеҷи тарбияи ҷисмонии шаҳри Чкалов. Ҳашт карат қаҳрамони ҷумҳурӣ оид ба тенниси рӯйи миз. Мураббии мактаби варзишии вилояти Суғд буда, 6 нафар датпарваронаш соҳиби унвони устоди варзиш мебошанд. Барои роҳхат гирифтан ба мусобиқаи ҷаҳонии тенниси рӯйи мизи «Бразилия-2013» талош меварзад.

 

Зулфинисо Саидолимова

            16 карат қаҳрамони ҷумҳурӣ оид ба тенниси рӯйи миз аст. Соли 2012 низ ин дастоварди худро такрор кард.

:.  Аз ҳар боб 23.01.2013 11:10 4649

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz