Аммо ӯ урфу одат ва анъанаҳои қадимаи халқи худро дӯст медорад. Ҳурмат мекунад.
Зарбулмасалҳоро ба хотир оред: «Зан буз не ки бо алаф сер шавад» ё «Зан дар паҳлуи шавҳар зебост» ва ғайра.
Аммо зарбулмасали дӯсдоштаи Хасмон Пасмонович ин аст: «Зана зан, намурад бо табар зан». Бинед, чи хел зарбулмасали пурмаъно ва аниқ. Вай нагуфтааст, ки бо каланд, бо бел ё бо панҷшох зан. Не, маҳз бо табар.
Яъне ин нишодиҳандаи ғамхорӣ ва меҳрубонии махсус нисбати зан аст. Мисол, агар панҷаи бақуввату табари тез дошта бошед, бо як зарба зан аз ҳама гуна ғаму андуҳ ва мушкилиҳои зиндагӣ халос мешавад. Дидед, ана инро ғамхорӣ мегӯянд.
Вале Хасмон Пасмонович дар занзанӣ табарро истифода намебарад. Чунки вай табар надорад. Аз ҳамин хотир дар ҳолати зарурӣ аз асбобҳои рӯзгор истифода мекунад. Ба монанди пиёла, коса, сатил ва умуман чизе, ки ба дасташ афтад. Мана соли гузашта, сабил монад, аз саросемагӣ бо чойнак ба сари занаш фаровард.
Аз ин зарба, бечора, чойнак майда-майда шуд. Чойнаки қирмизӣ. Ҳайф, ки ҳайф. Дар рӯзи таваллудаш ҳамкорон туҳфа карда буданд.
Муддатҳост, ки ӯ аз 2 рӯзи барои задани занаш таъин шуда, фақат 1 рӯзашро истифода мебарад. Рӯзи шанберо. Бо хоҳиши худ-не! Аз ночорӣ, албатта.
Чунки ӯ аз рӯи расму русуми ҳозира маъшуқадор шуд. Маъшуқааш бошад, санъатро дӯст медорад ва Хасмон Пасмонович маҷбур аст рӯзҳои якшанбе бо вай ба театр равад.
Набошад вай куҷову санъат куҷо.
Лекин ҳисобу ҳасабкунон Хасмон Пасмонович илоҷи корро ёфт.
Бигзор як рӯз занро задан лозим шавад, аммо аз ҷиҳати қувватнокии зарба ва миқдори он ин камбудиро ислоҳ кардан мумкин ку?!
Хасмон Пасмонович ҳамин тавр ҳам кард.
Вай бо ғайрати дучанд занашро рӯзҳои шанбе мезадагӣ шуд.
Бигзор занаш гумон накунад, ки Хасмон Пасмонович ӯро аз маъшуқааш дида камтар дӯст медорад.
Рӯзе бародарони занаш барои хабаргирии хоҳарашон омаданд. Омада бинанд, ки хоҳарашон ҷомашӯӣ карда истодаасту шавҳараш бошад ӯро бо дастаи бел мезанад.
Он қадар сахт не, ҳамту.
Бародарон аз ин меҳрубонии шавҳар нисбати хоҳарашон беҳад хурсанд шуда, барои арзи сипос ӯро ба хона таклиф карданд.
Дар хона чӣ гапҳо гузашт инро касе намедонад, аммо Хасмон Пасмонович аз он ҷо баъд аз 3 моҳ бо асобағал баромад.
Маълум шуд, ки бародарони занаш ӯро низ беҳад «дӯст» медоштаанду вай бошад бехабар.
Ҳозирҳо Хасмон Пасмонович ба театр намеравад. Маъшуқа ҳам надорад. Вай фақат дар хавотир, ки мабодо занаш аз ӯ ибрат гирифта рӯзҳои шанбе ё якшанбе изҳори муҳаббат накунад.
Бо тахтаву тирак ё бо кафгир.
Кучқор Тоҳиров