Раҷабмоҳ духтари паҳлавонҷуссае буд, ки аз волидон дар хурдӣ сағир монда, дар хонаи бародар мезист. Ӯ дар ин нишеман ҳам хидматгор буду ҳам чӯпон, ҳам кори занонаву ҳам мардона бори дасту бозувони мардсурат ва қаду қомати таҳамтани ин зани муваффақ буд.
Мегӯянд, ки ӯ хеле мардхислату мардсират ҳам буда ва дар авоили асри 20 дар деҳаи Дараи Калони ноҳияи Даштиҷум чун паҳлавонзане шинохта будааст. Бо меҳнатдӯстию ҷасоратмандиаш дар миёни аҳли деҳа маҳбубияти зиёде дошт. Агар паҳлавоне ӯро ба гӯштин даъват мекард, аз мағлубият натарсида, ба майдон мебаромад. Аксаран ин тасмимгириҳояш бехато буду ҳар дафъа аз майдон ғолиб берун мерафт.
Қиссаи аҷибу боварнокардание номи ин паҳлавонзанро барои асри баъдӣ низ фаромӯшношуданӣ карду имрӯз як пораи кӯҳистони ин минтақа бо номи ӯ шинохта мешавад.
Мегӯянд солҳои аввали баъд аз инқилоб, ки айни камолоти Раҷабмоҳ буд, чун ҳамаи мардуми кӯҳистон занони Дараи Калон низ ҷомашӯии хешро назди чашмаи деҳа, болои тахтасанги бузургҷусса мекардаанд. Занҳо аз хокистар ишқороб омода сохта, либосҳоро ба он тар ва бо ҷомакӯб то тоза шудан мекӯфтанд. Хоса бо ин тарз шустани ҷомаҳои пахтаноки деҳотиён ё намаду гилемҳои пашмин одат гашта буд. Мардум ҷомакӯбро аз чӯби хеле сахти дарахтони кӯҳӣ метарошиданд, ки солиёни зиёд кор меомад.
Албатта, ба домони кӯҳ баромада, чунин кори сангинро иҷро намудан на кори зани танҳо буд, зеро хатари зиёде дошт. Маъмулан дар чунин ҳолат чандин аврат бо ҳам мерафтанду мададгори ҳамдигар мешуданд. Вале дар он шабу рӯз касеро парвои сағираи бесоҳибе чун Раҷабмоҳ набуд. Ӯ ҳамеша пайи корҳои вазнини рӯзгори бародар танҳо мерафт. Боре, ҳангоми ҷомашӯйӣ Раҷабмоҳ хирси азимҷуссаеро мебинад, ки «рақскунон» сӯяш мешитофт. Масофа хеле кӯтоҳ буду гурехтан ғайриимкон. Ҳарчанд мавқеи қарордоштаи зан каме бартарӣ дошт, вале тарси сахт дар як он вуҷудашро мисли санг карахт сохту аз ҷояш наҷунбид.
Деҳа дар масофаи овозрас ҷойгир бошад ҳам, касе ба чашм наменамуд. Раҷабмоҳро илоҷи дигаре набуд ба ҷуз муҳофизати ҷони хеш. Хирс то рафт наздик мешуду хатар яқинтар. Ӯ пайти мувофиқро дарёфта, бо ҷомакӯб зарбаи нахустину ҷонкоҳеро ба фарқи сари хирс зад. Хирс, ба истилоҳи муштзанҳои имрӯза, «нокаут» гирифта, лаҳзае бо таҳайюр ба чашмони Раҷабмоҳ нигоҳи чуқуре кард. Раҷабмоҳ дигар чизеро ёд надорад. Зарбаҳои пай дар паяш хирсро аз пой афтонд. Замоне, ки хун аз сари хирс фаввора мезаду хасм беҳаракат мехобид, паҳлавонзан дарёфт, ки рақиб дигар барояш безарар аст. Ӯ болои харсанг баромада бо охирин қуввату мадор мардумро ба ёрӣ хонду аз ҳуш рафт.
Чанд марди ҷасури Дараи Калон бо сарварии бобои Ҳотамбек ба сӯи чашма давида, ҳолати мутаҳайиркунандаеро диданд. Раҷабмоҳ болои тахтасанг мехобиду хирс рӯйи замин. Ҳар ду ноҷунбон. Мардҳо аввал нафаҳмиданд, ки киро кушта?
Онҳо аз навдаҳои дарахтони кӯҳӣ занбаре сохта Раҷабмоҳро ба деҳа фароварданд. Вақте ӯ ба ҳуш меояд, нахустин суолаш ин буд, ки: «Оё хирс зинда аст?»
Бо ишораи бобои Ҳотамбек мардони деҳа бо ҳамон занбар хирси куштаи Раҷабмоҳро оварда, пеши пояш гузоштанд. Ва аз ҳамон лаҳза то охири умр номи ӯ чун «Раҷабмоҳи хирскуш» вирди забонҳо гашту эҳтиромаш миёни паҳлавонон зиёдтар шуд.
Кӯҳистони тоҷик қиссаҳои зиёди паҳлавонии занонро дар қалби худ нуҳуфтааст, ки агар иншо мешуданд, қиссагари қудрати бонувон мешуданд.
Ҳ.Ализода