Хонуми аҷиб – Жанна Калмон ба китоби рекордҳои Гиннес ворид шуд. Зеро ӯ 122 солу 164 рӯз умр дид. Хонандаи азизи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» низ аз ҳаёти хуш ва дуру дарози ду бонуи тоҷикистонӣ Бадони 112-сола ва Сарпиной Тошеваи 122-сола, ки то имрӯз сиҳату саломатанд, мақолаҳо мутолиа кардаанд. Агентии омори кишвар иттилоъ дод, ки аз ин ҳар ду бону ҳам Зайнаб Толибова калонсолтар будаву 124 сол умр дида, шукри Парвардгор сиҳату саломат дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зиндагӣ дорад. Вале мутахассисоне низ ёфт шуданд, ки ба воқеияти соли таваллуди ин бону бо шубҳа нигаристанду далел низ доранд.
10 бонуи умрдарози ҷаҳон:
Сара Кнаусс – 119 сола;
Люси Ханна – 117 сола;
Мария Луиза Мейлер – 117 сола;
Мария Эстер де Каповиля – 116 сола;
Танэ Икаи – 116 сола;
Элизабет Болден – 116 сола;
Кэрри Уайт – 116 сола;
Камато Хонго – 116 сола;
Мегги Барнс – 115 сола;
Бесс Купер – 115 сола.
Дарозумрии Жанна Калмон ба рекордҳо шомил гаштаву имрӯз завқи хонандагони Интернет аз ҳаёти ҷолиби ӯ равнақ мегирад.
Агар ба шиносномаҳои давлати шӯравӣ, ки баъдан, дар синну солҳои гуногун бе таҳқиқи аниқи рӯзу солу моҳ ба аксари шаҳрвандони давлатҳои тобеи собиқи ин кишвар додаанд, эътимод карда мешуд, шояд бонувони дарозумри моро ҳам ҷаҳониён мешинохтанд.
Аммо дар ин ҳол набояд нодида гирифт, ки дар ҳоли аз рӯйи қаду қомат ва ҷусса додани шаҳодатномаи таваллуд ё шиноснома ашхоси майдаҷуссаву харобак шояд аз синни худ чанд сол хурдтар ҳам ба ҳисоб гирифта шудаанду ин касеро ба ташвиш наоварда. Ёд дорам, баъзе аз он бечораҳо то 80-90-солагӣ ҳам кор карда ба нафақа набаромаданд.
Вале дар ҳар сурат барои мо на таҳайюр аз умри дарози Жанна, балки ҳаёт ва хислатҳои аҷоиби ӯ боиси таваҷҷуҳ гашта, ки бархе аз онҳоро ба бонувони тоҷик барои омӯзиш пешниҳод карданием.
Шояд барои тақдир хеле мақбул буд, ки Жанна чӣ тавр зиндагӣ мекунад, ки барояш чунон имкони фарохи замонӣ муҳайё сохта. Ӯ дар шаҳри Орлии кишвари Фаронса таваллуд ёфтааст. Дар синни 14-солагии ӯ, Манораи Эйфелевои машҳури оламро сохтаанд. Дар як мусоҳибааш, ки ба муносибати 100-солагии Жанна Калмон доир гардида буд, соҳибҷашн ёдовар мешавад, ки дар чаҳордаҳсолагиаш, замони сохтани ин манораи шуҳратёр, аллакай ӯ бо рассом Ван Гог ишқварзӣ мекардааст.
Дар 85-солагӣ Жанна ба шамшербозӣ машғул буд, дар 100-солагиаш велосипедронӣ шуғли дӯстдоштааш маҳсуб мегаштааст.
Дар синни 114-солагӣ ӯ дар филме нақш офарида, дар 115-солагӣ ҷарроҳии ронро аз сар гузаронидааст. Дар 117-солагӣ тарки тамокукашӣ намудааст. На аз сабаби бад ҳис кардани саломатӣ. Балки аз он ки биноии қариб батамом аз даст рафтааш ӯро маҷбур мекардааст, ҳар замон сигордаргирониро аз дигарон хоҳиш намояд.Танҳо ин нороҳатӣ Жаннаро ба тарки сигор водор намудааст.
Дар синни 90 - солагӣ, вақте ки аллакай пайвандон ва ҳама хешу таборон ё меросхуронашро аз даст дода буд, ин бону бо ҳуқуқшинос Раффии 47-сола шартномаи аҷоиб мебандад. Раффи бояд тӯли 30 сол ҳар моҳ ба Жанна маблағи хонаашро мепардохту бо анҷоми рента соҳиби хонаи кампир мешуд. Вале тақдир шӯхиҳои аҷоиб дорад. Раффи на танҳо 30 сол ба Жанна пул дод, балки пеш аз ин хонуми хушбахти умрдароз дар синни 77 - солагӣ фавтид ва идомаи қарз ба гардани занаш бор шуд.
Жаннаи дарозумр, ки ҳамаи авлодашро пушти сар гузоштаву харидори хонаашро низ дар умрдарозӣ гузашт, хислатҳои аҷоибе дошта такрори чунин ҳарфҳоро дӯст медоштааст: «Худо маро фаромӯш кардааст!» ,«Ман ошиқи май ҳастам», « Ман ягона ожанге, ки дорам, дар болояш мешинам», «Ман ҳанӯз 100 сол пеш ҳам ҷавон набудам».
Дар синни 120- солагӣ аз Жанна пурсиданд, ки ояндаат ба фикри худат чӣ хел аст? Посухи ин зани хеле аҷоибу мутаассир чунин буд: «Хеле кӯтоҳ!»
Ҳаёти аҷоиби ин бонуи дарозумр аз он лиҳоз ҷолиб аст, ки ба пирӣ тан надодааст. Мутаассифона, мардуми мо, ҳатто зани 40-45 соларо, ки соҳиби як набера мешавад, ба қавле «списать» мекунанд. Доимо таъкидан хотиррасонаш мекунанд, ки: «Акнун пир шудаиву фалону бисмадон корҳо бароят айбанд.» Ва бо ин як вожаи «айб» барои занон ҳазорон маҳдудиятҳоро офаридаанд.
Дар ҳоле, ки имкониятҳои ҷисми инсон ва ақли вай беҳудуданд. Инсонҳоро мебояд дар ҳама синну сол аз зиндагӣ лаззат бурданро биёмӯзанд ва бикӯшанд, ки умрашон хуш гузарад. Хушии умр як сабаби дарозумрист.
Шояд хислатҳои аҷиб ва ҳамин фазилатҳоро ба назар гирифта, на Сарпинои 122-солаи зинда, балки Жаннаи 122 - солаи фаронсавии фавтидаро ба Китоби Гиннес чун бонуи дарозумртарин дохил карда бошанд?
Таҳияи Ҳ. Юсуфӣ