Дар Тоҷикистон ба касби пешхидматӣ аксари мардум назари нек надорад. Ба пешхидмат чӣ муҳим аст: дониш, чолокӣ ё чеҳраи назаррабо? Ба хотири посух ёфтан ба ин суол дар чанд тарабхона муддате ҳамчун пешхидмат кор карда, мушоҳидаҳоямро рӯи саҳфа меорам.
Кӯшиши аввал: шумораҳои телефони қаҳвахонаи «И»-ро дар телефонам чидам ва бо масъуле ҳамсӯҳбат шудам. Ӯ пешниҳод кард, ки ба макони кор биёяму сӯҳбат бикунем.
Фикр кардам аз ман сертификат ё маълумоти касбиро мепурсанд ё ҳадди ақал имтиҳон мегиранд. Ё саволҳое мисли: одоби пешвозу гуселкунии мизоҷон, ёрӣ додани мизоҷ дар баровардани палто ё аз кадом паҳлӯи мизоҷ истода ба ӯ шароб рехтанро хоҳад дод, ё аз ман хоҳад пурсид кадом забонҳоро балад ҳастам. Зеро ин оддитарин меъёрҳои қабули пешхидматҳо ба кор аст. Вале, ғайриинтизори ман сӯҳбати мо бо роҳбари тарабхона аз синну сол ва собиқаи кориам дар ин ҷода оғоз гардид. Ҳамин тавр, сарфи назар аз надоштани таҷрибаи корӣ, синну соли ҷавони маро ба инобат гирифта, ба кор қабулам намуданд.
Рӯзи аввали кори ман аз 13 то 1-и шаб давом кард. Маълум шуд, ки дар сурати намоиши ягон барномаи варзишӣ аз тариқи телевизион вақти кории пешхидматҳо то соатҳои 3-4-и субҳ идома меёфтааст. Музди кор дар ин тарабхона 10% аз фармоиш аз миҷозон қабулгардида аст. Ягона имтиёзи пешхидматҳо ин аст, ки баъди кор онҳоро бо мошини масъули тарабхона то манзилҳояшон бурда мерасонанд. Муҳит ва муносибати «ҳамкорон» бароям писанд наомаду баъди як рӯзи корӣ ба суроғи дигар тарабхона роҳ гирифтам. Менеҷери тарабхонаи навбатӣ маро зуд ба кор қабул карду бе ҳеҷ имтиҳоне «сиру асрор»-и корашро фаҳмонд. Пешниҳод шуд, ки худи ҳамин шом ҳамроҳи Оля- пешхизмати таҷрибадор кор кунам.
Шурӯъ аз лаҳзаҳои аввалин дар ҷойи кор табъи маро муҳити ифлоси ошхона хира сохт. Акнун фаҳмидам, ки дар тарабхонае, ки қаблан бо сад ҳавас барои хӯрокхӯрӣ меомадам, ғизои фармудаам дар кадом шароит таҳия мешудааст. Новобаста ба он ки дар ошхонаи ин тарабхона оддитарин меъёри тозагӣ риоя намешуд, эътирозе накардам, зеро ин боиси норозигии роҳбарият ва аз кор ронданам мегардид. Бояд 3 рӯз ҳамаро таҳаммул кард, то муҳити ин ҷоро хубтар омӯзам.
Дар ҷараёни кор маъмур ҳар лаҳза ба таъкид мегуфт: «Вақте клиент омад, ту бо табассуму муомилаи хуш қабулаш кун ва агар маст бошаду рақами телефонатро ҳам пурсад, «не» нагӯй. Аммо гӯй, ки дар вақти кор занг задан мумкин нест...». Ӯ барои бовар кунонидани ман аз саргузашташ чунин қисса кард: «Замони дар Тошканду Алма-Ато ба сифати пешхидмат кор карданам ба занҳо хушгӯиҳо намуда, пул мекандам».
– Вақте клиент (мизоҷ) маст меояд, бояд бо муомилаи хуб табъашро хуш кунӣ. Масалан, агар 1 бокал оби ҷаву «кириешки» фармоиш диҳад, ту метавонӣ бо дилёбӣ 8 бокал пиваро бо 6 «кириешки» ба савдо занӣ. Тавре рафтор намо, ки клиентат доимӣ шавад. Вазифаи ту хуб хизмат кардан ва бо ин роҳ пул кандан аст. Маст аз тарабхона мебарояду фаромӯш мекунад, ки дар куҷо буду бо кӣ. «Хитрый подход» лозим, – такрор кард маъмур. Бештари мизоҷони мо мансабдоронанд. Бо онҳо эҳтиёткорона муносибат намо. Бо «ҳидояту раҳнамоии» ӯ ман кор оғоз кардам.
Он нисфирӯзӣ зиёфати калон буду бегоҳаш тӯй. Имрӯз рӯзи пулкоркунист. Аз рамузи Оля пай мебарам, ки аз омадани ман, ки ба синну сол аз ӯ ҷавон менамоям, хушаш наомадааст. Ҳол он ки ӯ намедонист ман дар ин тарабхона «шартнома»-и кори якрӯза дорам.
Рӯзи дигар ман корро дар тарабхонаи навбатӣ – «А…» воқеъ дар Қарияи Боло оғоз кардам. Дар инҷо барои ба кор қабул шуданам худи роҳбари тарабхона «имтиҳон» гирифт. Баръакси нафароне, ки фақат ному насаб ва таҷрибаи кориамро мепурсиданд, «роҳбари нав»-ам нишонии хона, кадом донишгоҳу кадом факултаро хатм карданамро низ дар дафтараш қайд намуд. Аммо таҷрибаи корӣ надоштанам барои ӯ шарт набудааст. Барои кор дар тарабхонаҳо меъёри асосӣ ҳусни зебову синну соли ҷавон аст.
Дар ин тарабхона кор аз соати 20-00 бо мусиқии «зинда» оғоз гардида, пешхидматҳо то рафтани охирин мизоҷ дар ҷойи кор мемонанд. Бартар аз дигар тарабхонаҳо пешхидматҳои ин ҷо сару либоси сафеду тоза ба бар доранд. Шарти ба кор қабул кардани пешхидматҳо ин аст, ки онҳо 3 рӯзи аввал ба пешхизматҳо кӯмак расонида, таҷрибаи корӣ аз худ мекунанд.
Дар ин давра коргари навомад рӯзе 30 сомонӣ музди меҳнат мегирад. Боз ҳам аз кордонии худи кас вобаста будааст, агар дар давраи таҷрибаомӯзӣ ягон мизоҷро қабул кардӣ, фоидааш аз худат мешудааст.
Шароити кор дар тарабхонаи «А» нисбатан беҳтар аст. Шоми аввали корӣ то омадани мизоҷон гурӯҳи сарояндагону раққосон тамрин мекарданд. Раққосае, ки тахминан 30-35 сол дошт, сихкабобу коняк фармоиш дод. Вақте фармудаашро овардам, ӯ сигоркашон аз рӯзгораш ба ман нақл кард:
– Кӯдаки бепадарамро дар хонаи модар монда, бо пули аз тарабхонаҳо ёфтаам зиндагиамро пеш мебарам. Ба тӯйҳо ҳам меравам.
Мизоҷони нахустинам омаданду сӯҳбати мо нотамом монд. Се марди хитоӣ ва як ҷавони тоҷик ба ман шаробу сихкабоб фармоиш доданд. Мусиқӣ дар авҷ буд.
Вақте барои мизоҷони навбатиам, ки марде бо дӯстдухтараш буд, оби ҷаву сигори фармудаашонро оварда, аз набудани чӯҷакабоб огоҳашон кардам, марди машғули бӯсу канор ба сарам шӯрид:
–Чӣ мардума фиреб мекунен, ҳаму хӯрока, ки надорен чӣ менависен?!
Кӯшиш мекардам, ки мизоҷамро ором намоям, ҳарчанд дар он лаҳза мафҳуми «Клиент всегда прав» ба назар аблаҳона менамуд. Зеро дар тамом шудани чӯҷакабоб гунаҳгор набошам ҳам, эътирози муштарӣ камбудию ноӯҳдабароии ман дар кори пешхидматӣ дониста мешуд.
Ба назар чунин менамуд, ки ҳар гурӯҳе аз муштариёнам бароям як мушкилоти аз пештара вазнинтар эҷод мекарданд. Ба хусус, гурӯҳи ҷавонписарони ширакайф, ки маблағи тановулкардаашонро пардохт кардан намехостанд. Хушбахтона, раиси тарабхона вазъияти маро дида ба кӯмакам омаду аз як нафари онҳо телефон, ҳуҷҷатҳо ва калиди мошинашро гарав гирифт. Акнун фаҳмидам, ки «шеф»-и тарабхона бародари як мансабдори баландмақом будааст.
Мизоҷи дигарам як мансабдори хушсару либос буд, баъди нӯшидани коняки зиёд маст шуда, аз ҳар тараф суолам мекард. Вақте рақами телефонамро пурсид, дурӯғаш гуфтам, ки «шавҳар дорам».
– Шӯ дошта бошӣ, дар рестаран чӣ кор мекунӣ?–изҳори норозигӣ кард ӯ.
– Шавҳарам дар Русия асту барои нигоҳубини фарзандам маҷбурам кор кунам, – гуфтам ба хотири халосӣ аз ӯ.
– Биё дар сари зонуям бишин, – ногаҳон талаб кард ӯ. Хун ба сарам зад, вале зуд худро ором нишон дода, гуфтам, ки моро сабт карда истодаанд.
– Хайр, пеш кунанд, ман худам маошатро медиҳам, чанд пул маош мегирӣ? Ду баробар зиёд медиҳам, биё бо ман рав,– муштарии маст гӯиё ҳамеша «ҳақ» бошад, бериё маро пешниҳоди ҳамхоба шудан кард. Вақте ӯ саддолараеро бароварда «доля»-и туст, гуфта болои миз гузошт, ман дигар худро идора карда натавонистам.
Вақте ба худ омадам, кор аз ҳад гузашта буд. Шефи тарабхона аз меҳмони ман, ки тарелкаи ба сӯяш ҳавододаам сару рӯяшро ифлос карда буд, узрхоҳӣ мекард.
Дар назди мардуми зиёд ҷамъомада муштарӣ худро ҳақ гирифта маро тӯҳмат мекарду раиси тарабхона бошад, барои аз даст надодани як мизоҷ ҳозир, ки маро, ба қавли худаш, «бо статя» аз кор озод намояд.
Вақте барои гирифтани анҷомҳоям ба ҳуҷраи пешхизматҳо рафтам, Шабнам (номи шартӣ)- пешхизмати хушахлоқе насиҳатам мекард, ки «Хоҳарҷон, номи официантка (пешхизмат) худ бад аст. Ба ин тавр муносибатҳои мардон одат карданат лозим. Вагарна пешхизмат шуда наметавонӣ. Мардони пулдор ҳамин тавр моро «издеваться» карда, аз ин таҳқирҳояшон ҳатто лаззат мебаранд.
Ба тарабхонаи «Ш.Д», ки як шиносам кор мекард, роҳ гирифтам. Ин бор тасмим гирифтам, ки бо касе ҷанҷол накунам. Баръакси тарабхонаи қаблӣ дар ин ҷо низому тартиб роиҷ буд. Шурӯъ аз раис то «бармен»-у муҳофизон ва мизоҷон бо ман чун як хоҳарашон муомила мекарданд. Аммо ба қавле ҳамтоёни ман- пешхизматҳои тарабхона рафтори бад доштанд. Онҳо аз мизоҷон бо ҳар роҳе «пул меканданд». Масалан, агар мизоҷ ба маблағи 80 сомонӣ хӯрок хӯрд, аз ӯ 100 сомонӣ ё зиёдтар маблағ меситониданд.
Баъди ин ҳама «таҷрибаи корӣ» дар чандин тарабхонаҳо суолҳои пайдарҳаме дар зеҳнам пайдо мешуд: чаро дар пойтахти кишвари мо дар соҳаи хизматрасонӣ ва кори пешхизматҳо як тартибу низоми дуруст вуҷуд надорад. Назорат аз рӯи фаъолияти пешхизматҳо ва таълиму омода намудани онҳо масъулияти кист? «Тоҷикстандарт», Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва ё Вазорати маориф?
Маълум шуд, ки ҳар сеи ин сохтор курсҳои омодакунии пешхизматҳоро доранд. Ба гуфтаи Парвиз Муҳибов, муовини сардори раёсати сертификатсиякунонӣ ва шаҳодатномадиҳии кору хизмати Агентии Тоҷикстандарт, аз соли 2008 дар ҳамҷоягӣ бо Ассосиатсияи тарабхонадорону меҳмонхонадорон ва мактаби миллии туризм курсҳои кӯтоҳмуддати «Пешхизмати тарабхона»-ро ташкил доданд, ки то имрӯз зиёда аз 400 бону курсҳои мазкурро хатм намудаанд. Мавсуф иброз дошт, ки ҳамчунин то имрӯз дар тарабхонаҳои «Престиж», «Ёқут», ошхонаҳои «Лаззат», «Бохтариён», «Ҳоҷиён», «Фаввора», «Тайга» ва чойхонаи «Дилкушо» курсҳо гузаронида шуда, кормандони онҳо соҳиби сертификатҳои касбӣ шудаанд.
Аз сӯҳбат бо масъулини ниҳодҳои марбута маълум шуд, ки айни ҳол дар зерсохторҳои таркиби се вазорати номбаршуда курсҳои тайёр намудани пешхизматҳо фаъолият менамоянд, ки солона садҳо нафар ҷавонон ин курсҳоро хатм мекунад. Аммо, то кунун теъдоди пешхидматҳои касбӣ дар ошхонаю тарабхонаҳо чашмарс нест ва меъёри ба кор қабулкунии пешхизматҳо синну соли ҷавону ҳусни зоҳирӣ аст. Ҳарчанд ба қавли Парвиз Муҳибов, чунин тарзи кор ба имиҷи тарабхона латма ворид мекунад.
– Сифати хизматрасонии пешхидматон дар сатҳи паст қарор дорад, дар тарбхонаҳо мебинем, ки онҳо ба садҳо хато роҳ медиҳанд. Масалан, вақти ороиши миз набояд лаълӣ ё қадаҳи шикаста гузошта шавад, вале ин ҳолат аксаран мушоҳида мегардад.
Дар дастурамали омодакардаи Агентии «Тоҷикстандарт» омадааст, ки дар муқоиса ба малакаи кориву сатҳи хизматрасонӣ пешхизматҳо дорои дараҷаҳои 3-4 ва 5 -ум мешаванд. Масалан, пешхидмати дараҷаи 3 –юм бояд аз рӯи роҳхатҳо, чекҳои махсус ва пулҳои нақд, яъне бидуни дастгоҳи кассавӣ ҳисоб карда тавонад. Пешхидмати дараҷаи 4 –ум имкони дарёфти кор дар тарабхонаҳову барҳои дараҷаи «ЛЮКС» -ро дорад. Пешхидмати дараҷаи 5-ум бояд аз ӯҳдаи ҷозибанок оро додани мӯй ва истифодаи косметика баромада, ҳамзамон забонҳои англисиву русиро балад бошад.
Бо ин ҳама омори пешниҳоднамудаи сохторҳои марбут оид ба тайёр намудани пешхизматҳо ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар ошхонаю тарабхонаҳо имрӯз дар бештари тарабхонаҳои пойтахти кишвар қабули пешхизматҳо ва сатҳи хизматрасонии онҳо ҷавобгӯи меъёрҳои лозима нест. Ин эроди як мушоҳидакор ё андешаи ду се нафар муштариён нест, балки таҷрибаи чанд рӯзи фаъолияти шахсиам ба сифати пешхизмат дар тарабхонаҳо аст, ки бо сабаби шикоятҳои зиёди мардум маро ба ин ҷоҳо бурд. Мутаассифона, аз интихоби касби муваққатиам он қадар хотираҳои хуш надорам. На аз барои он ки нақши пешхизмати ҳақиқиро бозида натавонистам, балки аз он озурдаам, ки бештари муштариён, ба хусус мардон дар симои пешхизмати тарабхона қонеъкунандаи талаботи шаҳвонии худро мебинанд. На як бонуеро, ки мисли ронандаву фурӯшандаҳо, дӯзандаву китобхонадору дигар касбу ҳунарҳо пешхизматӣ аз барои он мекунад, ки коре барои таъмини рӯзғори худ пайдо кунад. Пас, барои солимии ин касб бояд шуури ҷомеаи шаҳрнишинро аз андешаҳои носолим тоза кард. Мебояд нахуст мардум пиндори нек дошта бошаду баъд аз он масъулин дар баланд бардоштани донишу малакаи пешхизматон корҳоеро, ки талабот аст, иҷро намоянд.
Раҳимаи Аъзам