05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

БӮСА ҲАМ ДОРУСТ!

         Донистан хуб аст

            Коршиносон мегӯянд, ки бе эътирофи расмӣ ҳам бӯса, хоса бӯсаи ошиқона кайҳост, ки объекти омӯзиши ҷиддии антропологҳо (симошиносон), руҳшиносон ва табибони равияҳои гуногун аз қабили: ҷимоъшиносон (сексологҳо), даҳонпизишкон (стоматологҳо), ифрозшиносон (эндокринологҳо) гардида буд.

         Ҳамагонро сари ин мавзӯъ се суоли асосӣ муттаҳид мекунад. «Кай одамон бӯсаро кашф карданд?», «Барои чӣ ин корро мекунанд?» «Оё аз он фоидае ҳаст?»

            Симошинос Во Брайант аз Донишгоҳи аграрӣ ва механикии Техасс тасдиқ мекунад, ки аввалин ёдовариҳои хаттӣ аз бӯса дар матнҳои санскритии соли ҳазору панҷсади то милод дучор меоянд. «Дар ин матнҳо дар бораи ошиқоне, ки «лабҳои худро бо ҳам расонидаанд», гуфта мешавад», мегӯяд, Во Брайант.

            Маҳз кай ошиқон лабҳояшонро бо ҳам пайвастаанд, саволи беҷавоб аст.

            Баъзе тадқиқотчиён бӯсаро хусусияти модарзодии одам меҳисобанд. Барои мисол, Зигмунд Фрейд боварӣ дошт, ки «бӯса –майли табиии (инстинкт) одам аст, ки оғози худро аз майли тифл ба сӯи синаи модар мегирад».

            Соли 1960 зоологи бритонӣ Десмонд Моррис фарзияе пешниҳод намуд, ки бӯса аз одати хоидани ғизо барои бачаи худ ва сипас аз даҳони худ ба даҳони ӯ гузоштан ба вуҷуд омадааст. «Вақте модар ғизо намеёфт, барои ором кардани тифт чунин рафтор мекард», қайд мекунад, Д.Моррис.

            Олими австриягӣ, доктор Улф Беминг бӯсаро як роҳи наҷот аз бемориҳо медонад. Ӯ мегӯяд, ки: «бӯса – ин як намуди усули ваксинатсия аст». Вай барои асоснок кардани фикраш мисоле пеш меорад: «дар оби даҳон бактерияҳои гуногун зиёданд, ки 80 фоизи онҳо дар одамон якхела ва 20 фоизашон фардӣ ҳисобида мешаванд. Ҳангоми бӯса маҳз ҳамин бактерияҳо аз одам ба одам мегузарад ва системаи сироятнопазириву муҳофизатиро дар организм пурқувват месозанд».

Гулноз

:.  Аз ҳар боб 02.10.2012 08:50 2836

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz