Фоҷиае, ки Ева пешгирӣ кард…
Ҳамсӯҳбатам муҳандиси Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ Модавлат Ҷумъабекова дар хусуси ин бонуи зиндаёд бе гиря сухан гуфта натавонист:
– Ман зодаи ноҳияи Мурғобам. Ноҳияи моро аз нигоҳи иқлимиву хокшиносӣ олимони ҷуғрофидону зистшинос ҳам Помири Шарқӣ ва ҳам Биёбони Баландкӯҳи Сард меноманд. Худованд табиат ва марзу буми ноҳияамонро дар баландии аз 3000 то 6000 метр аз иртифои баҳр тарзе офаридааст, ки он мусоид барои нигоҳдошту парвариши қутосу гӯсфандони зоти туркӣ асту носозгор барои ҳаёти одамӣ. Сарфи назар аз душвориҳои маҳал, қарнҳо дар ин сарзамини бостонӣ тоҷикон бо қирғизон аҳлона зиндагӣ доштанду шиква аз рӯзгору ватани аҷдодӣ пеши касе намебурданд. Шояд ҳамон ғурури кӯҳистоние, ки ба қавли адибе «шахсе, ки дар баландӣ мезияд, мисоли самандари баҳрӣ набояд «паст» шиноварӣ бикунад», онҳоро аз гилаву шикоятҳо бозмедошт. Ҳамчунон имтиёзҳои бешуморе сокинонро побанди обу гили ватани бобоӣ мекарданд. Масалан, дар солҳои пеш ҳар тобистон тонна - тонна ҳезуму зуғолсанг аз Душанбе ба ноҳияамон меомаду аз ноҳия ва аз комбинати гӯшти шаҳри Хоруғ ба Душанбеву Хуҷанд ҳазорҳо тонна гӯшти гӯсфанду хашгов содир мешуд. Тавре маълум аст, дар замони шӯравӣ хизматчиёни давлатӣ ва марзбонон ҳангоми фаъолияти худ дар ноҳияи Мурғоб соҳиби маошу нафақаи баландтарин буданд. Афсӯс, ки ҳар афсонаи ширине аз ҳаёт интиҳо дорад. Солҳои мушкил ва тақдирсози миллат, ибтидоан аз соли 1992 табиати ноҳияамонро вожгунаву воруна сохт. Фавҷи гурезаҳои аз шаҳру навоҳии оғӯшта дар ҷанг ба ноҳияи мо ҳам расид. Бар замми камбудии ғизо ва бебарқӣ дар он солҳо мардумон аз набудани маводи сухт азият мекашиданд. Бадбахтона, дар ноҳияи мо ҷангал ба ном ҳам вуҷуд надорад. Аз ин сабаб дар он айёми мушкили иқтисодӣ мардумон бо досу табар ба дашту даман рафта, буттаҳои терескенро канда, ба хона меоварданд. Ин буттаи хушсӯз ягона маводи сӯзишвории он вақт ба ҳисоб мерафт. Оҳиста - оҳиста даштҳои сарсабзу пургиёҳ ба биёбонҳо табдил ёфтанду саршумори хашгов аз набудани ғизои асосиаш - терескен яку якбора рӯ ба нестӣ овард. Хушбахтона, ин вазъи даҳшатбор дар ноҳияамон баъди татбиқу амалӣ гаштани барномаҳои Созмони Олмон оид ба рушд (GIZ) қатъ гаштанд. Нахустин шахсе, ки гоми бузурге дар ҷодаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияамон ниҳода буд, ин Ева Кляйнн буд. Бо бонуи Ева августи соли 2004 шинос шудам. Ин бонуи фидоии касбу кор аз рӯзҳои аввали ба кор омаданаш ба дуртарин қутану хиргоҳҳои чорводорон рафта, бо онҳо семинару омӯзишҳо мегузаронд. Ҳамзамон, ӯ сари мушкилоти умдаи мардумон, ки он коҳиш додани биёбоншавии чарогоҳҳои Помири Шарқӣ ва афзун намудани хӯроки чорво буд, тадқиқоти илмӣ мегузаронд. Бо пиёдасозии барномаҳои таҳти роҳбарии Ева мураттабгашта, табиати ноҳияамон ҷони дубора гирифту саршумори чаҳорпо рӯ ба афзудан намуд. Ҳар замон, ки ба хонаи падарӣ меравам, аз Ева ёд мекунам. Бубинед, ки табиати ноҳияамон дар баъзе мавзеъҳо қисман ва дар ҷамоатҳои дигар пурра барқарор гашту терескензорҳо сабз гаштанд, вале мисоли Ева бонуи мушфиқу ҳалим ва пуркору башардӯст дигар пайдо нашуд.
Ева на танҳо табиатро наҷот дод…
Аввалин бонуи замин номи Ҳавво ё худ Ева дошт. Рамзист, ки Еваи мо ба нахустбонуи башарият шабоҳате дорад....
Олими Пажӯҳишгоҳи зистшиносии Помир, доктори илмҳои биологӣ Худодод Ақназаров аз ҳамкориҳои хеш бо Ева хотираҳои наҷибе дорад:
– Соли 2003, вақте бо Ева шинос шудам, ӯ дар бораи табиати Помири Шарқӣ маълумоти фаровони назарӣ дошт, вале дониши худро ба далели он, ки дар кишварамон будубоши доимӣ надошту ба ҳаёти мардумони мо кам ошно буд, нокифоя медонист. Ӯ бо ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи зистшиносии Помир равобити мустаҳкам пайдо намуду минбаъд барномаҳои тарҳрезишудаи муштараки мо самари хубе доданд. Яке аз ин барномаҳо инкишофи «Рушди улуфаҷот ва коҳиш додани биёбоншавии Помири Шарқӣ» аст. Камина бо Ева то соли 2005 дар робита бо корҳои тадқиқотии афзун кардани гиёҳи терескен дар қитъаҳои таҷрибавӣ ва мамнӯъгоҳҳои давлатӣ дар Мурғоб ҳамкории пурсамар доштем. Чун табиати чарогоҳҳо рӯ ба беҳбудӣ овард, бидуни изофагӯӣ метавон гуфт, ки айни замон нархи гушт дар Бадахшон назар ба дигар манотиқ пасттар аст ва ин далели афзун шудани саршумори чорво ва беҳтаршавии захираи улуфа дар мантиқа аст.
Рустам Зеваршоев, сарвари ширкати «Зиндагӣ» бошад андешаҳои худро чунин баён менамояд:
– Ева зодаи Олмон буд ва бештар ба технологияи ҷадид таваҷҷӯҳ дошт. Боре ӯ дар семинаре дар Мурғоб шикоят аз он кард, ки хонаҳои мардумон қобилияти ҳифзи гармиро надоранд. Пасонтар ӯ ёдовар аз он шуд, ки дар манотиқи сардсери Аврупо дару тирезаҳои хонаҳои мардумон асосан аз чӯби арча сохта шуда, онҳо дорои шишаҳои дуқабатаанд ва соҳибони чунин хонаҳо маводи сӯхтро барои гарм кардани хонаҳо камтар истифода мекунанд. Ҳамин идеяи наҷиби шодравон Ева буд, ки имрӯз ширкати мо солона панҷсад адад дару тирезаҳои герметикии чӯбини дорои шишаҳои дуқабатаи ҳифзкунандаи гармиро дар шакли нимақарза ва қарзҳои дарозмуддат ба сокинон ва мактабу муассисаҳои ВМКБ ба фурӯш мебарорад.
Довудшо Наврӯзшоев, устоди донишгоҳи Хоруғ, бо Ева соли 2003 шино шуда, ҳамон сол бо гурӯҳи олимони тоҷик ва хориҷӣ тамоми ноҳияҳои ВМКБ -ро таҳти омӯзиш қарор медиҳанд ва аз дуртарин нуқоти Бадахшон дидан менамоянд. Дар рафти тадқиқот ва омӯзишҳо олимон бо мушкилоти мардумон аз наздик ошно мешуданд ва баҳри баланд бурдани сатҳи зиндагонии мардумон барномаҳои инкишофиро мураттаб месохтанд. Дар қатори ин олимон шахси масъул ва пурмаҳсул бемуҳобот Ева буд. Ҳайрати ман бештар аз он буд, ки ӯ дар пайроҳаҳои кӯҳистони мошинногузари Бартанг садҳо километр роҳро пои пиёда мегашту ман боре ҳам аз ӯ оҳеву ҳасратеро нашунида будам. Мудом табассум мекард ва ҳамеша меомӯхту пайваста бо маслиҳатҳои пурмӯҳтавояш мададгори соҳибкорону чорводорони маҳаллӣ буд. Кас намегуфт, ки ӯ олмонист. Дар пиндори мардумон ӯ бонуи тоҷик буд бо он сабуриву хоксории беҳадаш.
Набот Додихудоева – раиси МЗО -и «Мадина» ва «Ҳамкорон» лаҳзаҳоеро аз ҳаёти шахсӣ ба ёд оварда, бо ҳасрат чунин гуфт:
– Бо Ева дар семинаре бо номи «Истифодаи оқилонаи манобеи табиии Бадахшон», ки дар шаҳри Хоруғ баргузор гардида буд, шинос шудам. Аз маърӯзаи ӯ дарёфтам, ки ин бонуи хирадманду башардӯст танҳо як ҳадаф дорад ва он ҳадафаш якмаъност: бо кадом роҳ метавон сатҳи зиндагии мардумони ноҳияҳои баландкӯҳро беҳтар гардонид! Хуллас, ӯ тавонист дар он муддати на чандон тӯлоние, ки дар Тоҷикистон кору фаъолият дошт, бо барномаҳои рушди табиат, рӯзгор ва хонаҳои мардумон тағйироти назаррасе ворид кунад. Мисоли равшани ин, барномаи сохтан ва ба истифода додани дару тирезаҳои гарминигоҳдоранда дар ноҳияҳои баландкӯҳи Мурғоб ва Ишкошим аст. Ҳамзамон, хонаҳои собиқаи мардумони камбизоат аз рӯи лоиҳаи пешниҳодшудаи Ева тармим мешуданд ва мардумон тавассути барномаи қарзии яксола сақфу шифт ва деворҳои хонаро мустаҳкаму шамолногузар мекарданд. Ахиран, хонаҳои кӯмакгирандагон равшану барҳаво ва баҳри маскунон гарму роҳатбахш мешуданд. Дар соли 2012 МЗО-и «Мадина» ва «Ҳамкорон» ба 200 хонаводаи ниёзманд ба маблағи 42000 доллари амрикоӣ дару тирезаҳои герметикиро ба фурӯш баровард. Қобили қайд аст, ки табақаи ниёзмандони нодор маблағро кам - кам ва дар муддати як сол ба хазинаи муассисаи мо ирсол мекунанд. Пас аз насб кардани дару тирезаҳои герметикӣ ва бухориҳои каммасраф ҳарорати гармии хонаҳои мардумон дар фасли зимистон нигоҳ дошта шуда, хароҷоти беҳудаи сӯхтани ҳезуму зуғолсанг худ ба худ рафъ мегардад....
Ева умри дароз надид. Бисту нӯҳуми моҳи маи соли 2005 ҳангоми тавлиди нахустдухтари нозодааш - Соро дунёи фониро тарк гуфт. Ҳамсари ӯ Штефан айни ҳол дар бахши ҳифозати ҳайвоноти ваҳшии Тоҷикистон дар Созмони Олмон оид ба рушд фаъолият дорад. Сад афсӯс, ки оилаи навҷавони Штефану Ева дар айни хубиву камолот парешон шуд. Агарчӣ Ева бо мо набошад ҳам, ӯ ҳамеша дар қалбҳои мардумон аст. Ба гумонам табиати Тоҷикистон аз ӯ беҳад шодобу розист ва ҳар санги Бадахшон аз ӯ ёд мекунад...
Довудшоҳи Сулаймоншоҳ