Ин суол дар зеҳни ҳар инсон аст, ки дигарон дар бораи кишвару ҷомеае, ки ӯ дар он ба сар мебарад, чӣ фикру назар доранду чӣ гуна баҳогузорӣ мекунанд?
Чаро назари дигарон дар бораи мо, дар бораи ҷомеае, ки дар он зиндагӣ дорем, инқадар муҳим асту ҳамеша ин саволро аз меҳмонон мепурсем?
Сабаби асосияш ин аст, онҳое, ки аз ҷо ва муҳити дигар меоянд, чизҳоеро мебинанд, ки мо худ онро намебинем. Гоҳо мо чизҳоеро ҳақир мешуморем, ки як хориҷӣ дар ҳасраташ ҳаст ва чизҳоеро арҷ мениҳем, ки дар сарзамину кишварҳои дигар арзише барояш қоил нестанд.
Боре дар шабакаи интернет хотироти як шоири ирониро мехондам, ки раҳоварди сафараш ба Душанберо рӯйи сафҳааш рехта буд. Яке аз чизҳои ҷолиб ин буд, ки рӯзе аз назди пайкари Cомонӣ мегузараду бо нигаҳбонони он ҳамсӯҳбат мешавад. Аз онҳо мепурсад, ки оё шеъре аз ёд медонанд? Нигаҳбонон барояш аз Бедил шеър мехонанд ва ин шоири ирониро моту мабҳут мекунад.
Хотироти бадаш ин вазъияти ташнобу ҳоҷатхонаҳои Душанбе буд. Албатта, ин нуктаро низ бояд ёдовар шавам, ки сафари ӯ дар солҳои нооромиҳои дохилӣ ба вуқӯъ пайваста буд.
Вақте матлаби ирониро мехондам, эҳсос мекардам, ки воқеан ҳам таассуроташро бе ҳеҷ дурӯягӣ навиштааст. Ҳам таърифҳояш ва ҳам танқидҳояш бӯйи ростӣ медод ва навиштаашро хеле хонданӣ ва ҷаззоб намуда буд.
Дар семинаре бо иштироки меҳмонон аз кишварҳои гуногун ширкат доштам. Вақте намояндаҳои дигар давлатҳо суханронӣ мекарданд, ҳатман аз Тоҷикистону меҳмоннавозии халқаш ёдовар мешуданд. Дар ниҳоят, бонуи русиягие суханронӣ кард, ки на исме аз Тоҷикистон гирифту на номе аз халқаш бурд.
Дар ҳошияи семинар бо ӯ ҳамсӯҳбат шудаму пурсидам, ки магар ӯ ранҷиши хотире дорад? Гуфт: «Не, аслан ҳеҷ мушкиле нест». Пурсидам, ки чаро дар баромадаш номе аз Тоҷикистон набурд? Ин ҷо буд, ки ӯ сахт шарм карду рӯяш то баногӯш сурх шуд. Забони ҳолаш мегуфт: «Чӣ иштибоҳи бузурге кардам».
Ба ӯ гуфтам мушкиле нест, ки номе аз мову кишвари мизбон набаред, мунтаҳо мехостам мутмаин шавам, ки шумо ранҷиши хотире аз мо надоред. Ӯ худро ба даст гирифту гуфт: «Не, аслан аввалин бор аст, ки меҳмони Душанбе мешавам ва аз боду ҳавои ин ҷо хушам омад. Дигар аз либоспӯшии бонувони тоҷик. Аз рангорангии пӯшиши хонумҳои тоҷик. Аммо муҳимтарин тафовути Душанбе аз шаҳрҳои мо ин аст, ки шаҳри шумо кӯчаҳои зинда дорад».
Гуфтам «кӯчаҳои зинда»? Манзуратон чист? Гуфт, замоне, ки дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе гашту гузор мекунам, тифлакони зиёдеро мебинам, ки озод аз ҳар хотираву тарсу ваҳме гашту гузор мекунанд. Бозӣ мекунанду бо садои худ маҳаллаҳоро пур мекунанд. Аз ин манзара хеле хушам омад.
«Шаҳри шумо бар хилофи шаҳре, ки ман дар он зиндагӣ дорам, хеле серкӯдак асту тифлакони зебову дӯстрӯяке дорад. Шаҳри ман ободтар асту кӯчаҳои мумфаршу тамизе дорад, вале кӯчаҳояш сарду хомӯшанд».
Аз ҳамаи гуфтаҳои он «моҳи кишвари русӣ» ин нуктааш хеле дар ман асар кард. Аз ҳамон лаҳза ман низ ба «зинда» будани кӯчаҳои Душанбе аҳамият медиҳам. Ин сухан назари маро ба зиндагӣ дар пойтахти кишвар дигар намуд. Ҳамсояе доштам зану шавҳари рӯзноманигор. Хонаашонро фурӯхтанду ҷойи дигари шаҳр рафтанд. Вақте сабаб пурсидам, гуфтанд: «Ин ҷо хеле пурсадост». Ростӣ, маро низ сару садо, овозу ҳаёҳуйи кӯдакони кӯча азият медод, чун банда низ гоҳо қалам ба даст мегираму менависам ва садоҳои бегона тамаркузамро ба ҳам мезанад.
Вале дигар садои шӯхиву бозиҳои кӯдакони Душанбе барои ман озору азиятдиҳанда нест. Кӯдакони мо доим шоду хандонанд. Аз ҳар лаҳзаи ҳаёт барои бозиву шӯхӣ истифода мекунанд. Дар ҷомеаи мо шодтарин табақаи аҳолӣ ва хушбахттарин лояи ҷомеа маҳз кӯдаконанд.
Аз ин ба баъд, ҳар гоҳ сари ноутбукам бинишинам, то чизе бинигорам ва ё китобе ба даст бигирам, то чизе бихонам ва садои шӯхиву хандаи тифлакони Душанбе озорам бидиҳад, таҳаммул мекунам ва онро бо хушӣ харидорам. Чаро бояд сар аз тиреза берун кашам ва онҳоро сарзаниш намоям? Онҳо хушбахттарин табақаи аҳолии ҷумҳурии азизи моанд. Пас бигузор хуш бошанд. Бояд шукр гуфт, ки аз кӯчаҳои Душанбе ба даруни хонаи мо садои шӯхӣ, ханда, бозии тифлакон меояд, зеро маҳз онҳоянд, ки кӯчаҳои шаҳри моро зинда нигоҳ медоранд. Шукри кӯчаҳои зиндаи Душанбе.
Саъдии ЮСУФӢ