«Вақте мо соҳиби фарзанд шудем, шодиамонро ҳадду канор набуд. Аммо бо гузашти як-ду моҳ эҳсос кардам, ки муносибати шавҳарам тағйир меёбад. Дигар меҳрубониҳои пешинааш нисбати ман камтар зоҳир мешуданд. Пас аз кор ба хона омада, баъд аз хӯроки шом каме бо кӯдак бозӣ мекард, бо ҳамин ба ҳуҷраи дигар гузашта бештари вақташро ба тамошои телевизион, ё «сайр»-и Инренет мегузаронид. Ман, ки ӯро сахт дӯст медоштам, аз тағйири рафтораш ба андеша меафтодам. Метарсидам, ки дилаш аз ман сард шудаву эҳтимол аст дигар дӯстам надорад…»
Нигора, 22 сола
Кӯдак ғамхориву диққати махсусро талаб мекунад ва дар натиҷа зиндагии муқаррарии зану шавҳар, ки то ин дам танҳо барои хурсанд кардани якдигар, хуш гузаронидани ҳаёти якҷояашон кӯшиш мекарданд, тағйир меёбад. Онҳо дигар вақти каме барои бо ҳам буданро доранд. Дар ин айём, модари ҷавон ҳамеша аз пайи нигоҳубини тифл мешавад ва ба шавҳар каме бе тафовут менамояд.
Бузургсолон мегӯянд, ки зан бояд ҳам аз ӯҳдаи нигоҳубини тифлак барояду ҳам муносибату меҳрубониҳои пешинаро нисбати шавҳар фаромӯш насозад. Шавҳар бошад, дар ин вақт ба хотири мӯътадил нигоҳ доштани вазъ ва пойдории хушбахтии оилавӣ метавонад ба ҳамсараш ёрӣ расонад.
– Сайру гашти якҷоя бо оила, дар назди кӯдак нишастан ҳангоме, ки модар кореро ба анҷом мерасонад, муҳайё намудани шароити истироҳат ва каме хоб дар лаҳзаҳои оромии тифл, аз амалҳои камтаринанд, ки бояд аз ҷониби шавҳар сурат бигиранд, мегӯяд омӯзгори собиқадор, Роҳатой Эшалиева.
«Хуб мешуд агар падару модар, мушкилоти нигоҳубини кӯдакро дар якҷоягӣ паси сар намоянд. Ҳаминро бояд донист, ки ин мушкил муваққатист, бо баробари каме бузург шудани тифлак, нағмагару сухангӯй шудани ӯ ҳаёти падару модар боз ҳам ширинтар мешавад» - мегӯяд модари ҷавон Насиба Ғиёсова.
Шамсиддин Қурбонов, директори пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки кӯдак бояд ҳамеша дар канори падару модар бошад:
– Оилаҳое, ки соҳиби кӯдак мешаванд, ниҳоят хушбахтанд. Кӯдак ҳаёти волидонро рангин намуда, зиндагиро барояшон гуворотар месозад. Ба падару модар тавсия дода мешавад, ки кӯдаки хурдсолашонро бештар ба оғӯш гирифта, бо ӯ суҳбат кунанд. Вақти оғӯш кардани тифл табъи хуш доштан ҳатмист. Дуруст аст, ки зиндагӣ бе камбудӣ намешавад, аммо дилсардиву рӯҳафтодагии волидайн метавонад ҳолати кӯдакро бад сохта, ба вазъи саломативу инкишофи минбаъдааш таъсири манфӣ расонад. Навзод ҳолати рӯҳии волидонро зуд эҳсос мекунад.
Модарони ҷавон бояд ҳамеша аз вазъи саломатии худ бохабар бошанд. Баъди таваллуди кӯдак сари вақт аз муоинаи тиббӣ гузаштани модар ҳатмист. Фарзандон дар сурате худро комилан хушбахт меҳисобанд, ки падару модари солим дошта бошанд.
Гулноза БОБОМУРОДОВА