05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ЭҲЁИ ЧАШМАИ НОСИР


ЧАШМАИ НОСИР

Шуғнон соҳиби марказ мешавад

Зиёрати чашмаи Носир ва нӯши ҷон кардани оби мусаффову хушгувори он барои ҳар нафаре, ки ба маркази вилоят ва ё ноҳияи Шуғнон меояд, анъана шудааст. Чашмаи Носирро намоди Шуғнон меноманд ва ба қавли фарҳангшиносон касе, ки ба ин хитта омада, чашмаро надидаву оби зулоли онро начашида меравад, аз эҳсоси комили дарки зебоӣ ва латофати Шуғнонзамин бебаҳра мемонад. Сабаби дигари маҳбубият пайдо кардани чашма арҷгузорӣ ба Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ мебошад, ки пайдоиши чашмаро ба ӯ рабт медиҳанд.Ривоят мекунанд, ки дар аснои сафар Ҳаким чун ба ин деҳа мерасад, сокинони он ҷамъ омада аз рӯзгори сангин ва беобӣ шикоят мекунанд. Ҳаким даст ба дуо бардошта, нӯги асояшро ба замин мехалонад ва аз қудрати илоҳӣ чашмаи мусаффое падид меояд.

Чашмаҳои зиёде хушк ва аз нав эҳё мешаванд, вале оби зулолу хуштаъми ин чашма тамоми фаслҳои сол, дар серобиву хушксолӣ ба таври яксон ҷорист, на кам мешавад ва на зиёд ва дар гармову сармо ҳарорати он тағйир намеёбад.

Ба тадриҷ чашма ба як маркази фарҳангӣ табдил ёфт. Дар назди он клубу китобхона, мактаби мусиқӣ ва фарҳангӣ арзи вуҷуд кард. Чанд сол қабл ба муносибати 1100- солагии бузургдошти Носири Хусрав бо маблағгузории ҳукумат ва соҳибкорони маҳаллӣ чашма боз ҳам ободу зебо шуда, дар назди он осорхонаи кишваршиносӣ, маркази фарҳангӣ ва ошхона қомат афрохтанд.

Муҷассамаи мармарии Ҳаким Носири Хусрав ҷояшро гирифт. Ҳаким китоби кушодае дар даст дорад, ки рамзи нуру зиё ва дониш аст. Уқоби паркандае, ки аз даҳонаш оби зулоли чашма метаровад, тамсили машҳури шоирро дар бораи ғурури укоби баландпарвоз, ки аз қазо ҳадафи тири хаданги шикорчӣ қарор мегирад, хотирнишон месозад ва ба инсон панд медиҳад, ки аз ҷаҳолат, тамаъ, худписандӣ ва ғуруру худнамоӣ парҳез кунаду хоксор ва накӯкор бошад.

Чашмаи Носир
Чашмаи Носир маркази илму фарҳанг ва маърифати ирфонӣ маҳсуб мешавад ва ду сол қабл дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар назди он ҳодисае рух дод, ки ба назари мардум аз аҳамияти вижаи таърихӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ бархурдор аст. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон хишти нахустини маркази ноҳияи Шуғнонро гузошт ва дар ин маросим изҳор дошт, ки пас аз чанде сокинон шоҳиди бунёди шаҳраки зебои Ваҳдат хоҳанд шуд. Калонтарин ва сераҳолитарин ноҳияи Бадахшон зиёда аз 100 сол марказ надошт. Ба гуфти таърихшинос Элбон Ҳоҷибеков, бо тааҳуди марзии байни Русияву Инглистон дар соли 1895, вақте ки рӯди Панҷ хати марзӣ қарор гирифт, маркази Шуғнон ба ду қисмат ҷудо ва умури идории Помири Ғарбӣ ба дасти сардори қароргоҳи марзбонии рус, ки дар Хоруғ мустақар шуд, гузашт. Аммо интихоби ҷой барои марказ амри тасодуфӣ набуд.Агарчанде дар Шуғнон гӯшаҳои зеботар ва ободтар ҳам ҳаст, вале бо назардошти мавқеи ҷуғрофӣ, имконияти бештари иртиботи нақлиётӣ бо маркази вилоят ва ҷумҳурӣ, таҷаммӯи зиёди аҳолӣ дар ҳудуди муайян, ҷойгоҳи таърихӣ ва фарҳангӣ ва зодгоҳи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шотемуру нахуст генерали тоҷик Мастибек Тошмуҳаммадов ва олиму сиёсатмадори шинохта Моёншо Назаршоев будани мавзеъ ва иқдоми Ҳукумати ҷумҳурӣ барои обод намудани боз як гӯшаи диёр, ин тасмим гирифта шуд.

Дар муддати кӯтоҳ дар шаҳраки оянда бинои бахши «Тоҷиксодиротбонк» ба истифода дода шуд. Сохтмони бинои маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, бахши «Амонатбонк» ва маркази фармасевтӣ дар арафаи анҷомёбӣ мебошанд.

Шодихон Ҷамшедов, раиси ноҳияи Шуғнон, иттилоъ дод, ки дар шаҳрак ба маблағи 11 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом ёфта, мудирияти сохтмони назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар дар соли ҷорӣ ба мақсади вусъат бахшидани бунёдкориҳо дар ин ҷо боз 15 миллион сомонии дигар ихтисос додааст. Интизор меравад, ки то охири сол мақомоти маҳаллӣ бо зерсохторҳои асосиаш ба шаҳраки навбунёд мекӯчанд. Ҳамзамон вазорату кумита ва дигар ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ муваззаф гардиданд, ки барои зерсохторҳои ноҳиявии худ дар ин ҷо биноҳои замонавӣ созанд.

Ба фикри роҳбарияти ноҳия таъсиси марказ ҳамчунин ба рушди инфрасохторҳо, беҳбуди ҳолати нигаҳдории роҳҳои маҳаллӣ, ободонӣ, кабудизоркунӣ ва афзоиши воридоти маблағ ба буҷет мусоидат мекунад ва ба рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия такони бештаре мебахшад.

Барои бунёди ошхонаву чойхона дар ҷойи нав мақомот соҳибкоронро ҷалб кардааст. Дар назар аст, ки дар марказ ҳамчунин бозори ноҳиявӣ бунёд шавад.

Раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи ноҳия ва вакили маҷлиси вилоятӣ Гулғунчамо Саидарабова мегӯяд, ки дар нуқтаҳои хизматрасонии нав бештар аз ҳама бонувон соҳиби ҷойи кор мешаванд. Вай ба ҳайси вакил талош дорад, ки сармоягузорони маҳаллиро барои таъсиси корхонаҳои хурди истеҳсолӣ ташвиқ созад, зеро аз меваву сабзавот ва дигар манобеи фаровон ба таври самаранок истифода бояд кард.

Бунёди маркази ноҳия босуръат идома дорад. Коргарон барои рафъи хастагӣ ва ташнагӣ оби зулоли чашмаро нӯш мекунанд ва ҳар гоҳе, ки ба саҳни чашма қадам мениҳанд, чашмонашон ба варақсанге меафтад, ки хушнависони маҳаллӣ асрҳо қабл рӯйи он ин абёти ҷовидониро ҳаккокӣ кардаанд:

Дар ин равоқи забарҷад навиштаанд ба зар,

Ки ҷуз накӯии аҳли карам нахоҳад монд.

Коршиносон байни ҳа–водисе, ки яке асрҳо қабл ва дигаре дар рӯзҳои мо ба вуқӯъ пайвастанд, шабоҳатеро мебинанд ва мегӯянд, ки агар яке барои ғановати илму фарҳанг ва маърифати ирфонӣ дар минтақа нақши тақдирсоз доштааст, дигаре ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии ноҳия таъсири ҷиддӣ дар пай хоҳад дошт.

Ш. Мирзоҷалол

:.  Аз ҳар боб 22.05.2012 11:18 3401

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz