Занги телефонӣ
Матлаби «Соҳибҷашни сол» дар шумораи наврӯзии маҷалла чоп шуду ба идора аз ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон занг зада, хабар доданд, ки Сарпиной Тошева, сокини Ҷамоати деҳоти Даҳанакиик, 122 сол дорад. Ба суоли «оё ин иттилоъ дақиқ аст?» посухи мусбат гирифта, рӯзи дигар ҷониби ноҳияи мазкур роҳ пеш гирифтам.
Роҳи хароб
Субх мошини кирокаш ҷониби ағбаи Фахробод ба кундӣ мерафт. Роҳ нисбат ба дохили шаҳр беҳтар бошад ҳам, ҷо – ҷо чуқуриҳо дошт. Берун аз пойтахт талу теппаҳо каме ранги сабз гирифта, чашмро чандон фараҳ намебахшид. Мисле, ки баъд аз зимистони тӯлонӣ баҳор ноустувор қадам мениҳод. Ронанда ба дастгоҳи аккосии омодаи кор нигариста гуфт: «Манзараи ҷолибе барои сурат гирифтан нест, беҳтараш онро як сӯ гузошта, аз ҳавои фораму тоза нафас кашед».
Зан ва оина
То хоҷагии деҳқонии «Асадулло» -и Ҷамоати деҳоти Даҳанакиики ноҳияи Хуросон роҳ чандон дур набудааст. Бо роҳбаладии Ҳамид Азизов, роҳбари хоҷагии мазкур, ба хонаи Сарпиной Тошева рафтем. Барфи зиёди зимистони имсола деворҳои ҳавлиҳои зиёдеро хароб кардааст. Девори ҳавлии қаҳрамони мо низ пурра ба замин яксон шудааст. Дар саҳни ҳавлӣ бо арӯси набераи момои Сарпиной вохӯрда, иҷозаи вуруд шудан хостем. Ӯ бо табассуми шармогине посух дод, ки каме сабр кунем, то хушдоманкалонаш омода шавад. Вақти ворид гардидан ба хона дар дасти момои Сарпиной оинаро дида, бори дигар эътимод ҳосил кардам, ки зани шоиста ҳатто дар 122- солагӣ ба зебоӣ таваҷҷуҳ дораду оинаро аз даст намегузорад (дарси ибратест барои ҷавонон).
Ҳикмат аз се қарн
Ӯ аз се аср сухан мегуфт. Ба ёд меовард, ки дар 9 – солагӣ шавҳар кардаву дар синни 12 нахустин фарзандаш ба дунё омадааст. Савори асп ҳамроҳ бо модараш ба хонаи шавҳар омадаву танҳо баъд аз ду сол хушдоманаш ӯро ба утоқи хоби писараш фиристодааст. Ончунон шармгин буда, ки баъд аз таваллуди нахустфарзанд падар барои табрикаш омадаву ӯ аз шарм якшабонарӯз ба тифлаш шир надодааст. Вақте падар меравад, рӯи гаҳвораро мекушояду мебинад, ки кӯдак аз гуруснагӣ мурдааст. Хушдоман тифли мурдаро рӯи даст гирифта, дуояш мекунад, ки ҳаргиз дигар фарзандро набинад. «Ба бахти баду баргаштаи ман дуояш мустаҷоб шуду чаҳор фарзандам дар тифлӣ вафот кард. Аз 5 фарзанд танҳо як духтарам зинда монд ва ҳама набераву чабераҳоям наслҳои ӯянд», – мегӯяд ҳамсӯҳбатам. – Набояд духтарро дар ин синну сол ба шавҳар дод, зеро ӯ ҳанӯз худаш кӯдак аст, на меҳри модарӣ дораду на ақлу фаросати занӣ. Ҳадди ақал баъд аз 18- солагӣ бояд духтар шавҳар гирад.
«Урус омад»
Замони инқилобро ба ёд меорему момои Сарпиной гӯё дар ҳамон вақт бошад, ки бо таҳлука ва тарс ба сухан меояд: «Урус омад- урус омад» – гуфта, гурӯҳе савори аспҳо ба деҳа ворид шуд. Аз тарс тамоми занону духтарҳо савору пиёда ҷониби талу теппа ва кӯҳҳо давидем. Дар он ҷо бо чӯбу дастҳоямон хокро канда, чуқур мекардему даруни он даромада мехобидем. Рӯзона алаф ғундошта мехӯрдем. Дар наздикӣ об набуд, ташнагӣ мардумро беҳол мекард. Мардуми бисёре аз гуруснагиву ташнагӣ ҳалок шуд. Баъд аз чанд моҳ намояндаи давлати шӯро бо чанд марди деҳа омада, моро ба ҷойи зист баргардониданд.
«Немис мурд»
Шавҳари Сарпиной як сол қабл аз Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ ба беморие гирифтор шуда мемирад. «Се соли аввали ҷанг чӯпонӣ карда, рӯз мегузаронидам. Барои колхоз ошпаз даркор шуду маро ба кор даъват намуданд. Се соли дигар ошпаз будам. Мардум дар ин ҷанг фарзандони худро аз даст дода, аз дарду алам шеъру таронаҳо месуруданду дар он аз далериву шуҷоати мардони маҳал ва бадиву хунрезиҳои немисҳо сухан мегуфтанд. Дигар дар афсонаҳо ҷойи деву аҷинаро немис гирифта буд. Кӯдакҳо ҳам ба ҷойи бозиҳои бачагона «шамшерзаниву тирпаронӣ» мекарданд. Қариб ҳар рӯз аз хонае садои гиряву нола баланд мешуд. Бо шунидани «хати сиёҳ» занҳо беҳуш, ба замин меафтиданд. Рӯзе барои пухтани хӯрок дар теппа ҳезум мечидем, ки бачае харсавор омаду «немис мурд» гӯён хушхабар расонд. Аз хурсандӣ ӯро бӯсаборон кардем.
Вақт ва хотира
Эҳтимол дар зиндагии инсон вақт ҳам дӯст ва ҳам душмани қаттолаш бошад. Вақт агар хуш гузарад, ҳатто 122 –сол ба мисли як нафас аст, агар зиндагӣ сахт бошад, як рӯзи он шабеҳи сад сол аст. Дар ҳама ҳолат, вақт аз инсон бисёр чизҳоро мерабояд: ҳусн мекоҳад, саломатӣ бад мешавад, дӯстону пайвандон мемиранд ва ниҳоят хотира коста мешавад. Хотираи ҳамсӯҳбатам хеле коста шудааст. Ҳодисаеро чунон нақл менамояд, ки гӯё дирӯз рух дода бошад. Аммо ҳар коре мекунад, номи фарзандонашро ба ёд намеорад. Ин ҳол азияташ медиҳад. Аз ҷониби дигар, шояд ин чандон бад ҳам нест. Зеро баду неки зиндагии 122 – соларо ҳифз намудан чандон кори саҳл нест. Эҳтимол коста шудани хотира сабаб шудаву қаҳрамони мо ин умрро дидааст, шояд ҳам баръакс, хотира пурарзиштарин ҷузъи ҳаёт бошад?
Ӯ бо дастонаш мӯи сари чабераашро шона мезанаду ман дар чашмони камнураш хира мешавам. Хеле суолҳо дорам: мехоҳам ҳикмати зиндагиро бипурсам, аз ишқ сухан гӯяд, зиндагии инсонҳои се қарнро қиёс созад ва ғайраву ҳоказо, аммо пурсишҳо бепосух мемонанд. Аз костагии хотира ва маризиии чанде қабл пушти саркарда, зуд хаста мешавад…
Маро назди Президент бубаред
Қабл аз анҷоми суҳбат лаҳзае хеле ҷиддӣ шуду гуфт:
– Маро ба назди Президент бубаред!
– Чӣ ҳарфи гуфтанӣ доред? - мепурсам аз ӯ.
– Мехоҳам ба ӯ бигӯям, ки ман шахси калонсолтарини ҷумҳурӣ мебошам. Нафақаам ба рӯзгор намерасад. Нигоҳубинам ба абераву чабераҳоям мушкил шудааст. Каме ёрӣ расонад.
Андеша ва пешниҳод
Бо дуои момои Сарпиной аз дар берун мешаваму арӯси наберааш ёдовар мешавад, ки вақти омадани Президент ба ноҳия, ӯ хеле пофишорӣ намуд, то ба мулоқоти Раиси ҷумҳур бубаремаш, аммо ҷуръат накардем. «Магар ба оилаи шумо ҷамоат ёрӣ намерасонад», – мепурсам раҳораҳ аз ӯ. «Солҳои пеш кӯмак намекарданд, аммо чанде қабл 50 кило гандум доданд», – посух медиҳад вай.
Бо дуои бонуи 122-сола роҳии пойтахт шуда, меандешам, ки дар матбуоти даврии ҷаҳон танҳо дар бораи дарозумрии мардуми Қафқоз менависанд. Хуб мешуд, агар аз ҷониби Ҳукумат барномае ба тасвиб мерасиду тибқи он ҳаёти ашхоси аз 80 –сола боло таҳти назорат ва муроқибат гирифта мешуд. Он вақт онҳо баракати пирӣ медиданду мамлакати мо ҳам ҳамчун кишвари мардуми умри дароз дошта, ба ҷаҳониён муаррифӣ мешуд. Дар ин сурат ҳам мо қарзи фарзандиамонро анҷом медодему ҳам сайёҳон ба ҷумҳуриамон ҷалб мешуданд.
Охирсухан
Вақте тифл ба дунё меояд, мардум аз шодӣ суруд мехонанд, аммо ҳангоми мурдан дуо мегӯянд. Оҳ, умр он қадр кӯтоҳ аст, ки суруди зиндагӣ ба дуои марг бахшида мешавад…
Эмомалӣ Сайидамирзод