22
Декабр, 2024
Якшанбе
22
Декабр, 2024
Якшанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
“ОЧАҶОН”
.
Бо даъвати дӯстам Давлат чанд маротиб дар маъракаҳои деҳаи Лолазор меҳмон шуда, манзараеро мушоҳида мекардам, ки хело аҷиб буд. Ҳар гоҳ, ки бо мардуми деҳа сари як дастархон менишастем, бо омадани Назар ном сокини деҳа ҳама аз ҷо мехестанд ва ӯро бологузар мекарданд, ҳарчанд ӯ дар сол аз пирони деҳа ба маротиб хурд буд. Назар, ки шояд аз ин эркагиҳо ба қавли мардум бод гирфта буд, бидуни шарм аз боло мегузашт ва ба пиру барно бо салобати ба худ хос сухан мегуфт. Чун маротибаи охирин ин манзараро дидам, аҷабам омад, ки чаро чунин шуда, ки як ҷавонмарди болотар аз чилро ҳатто пирони куҳансол ва мардони солор ин қадар эҳтиром мекунанд? Назар бо хӯрдани шӯрбо иктифо карда, маътали ош нашуд. Бо хестани ӯ анқариб ҳар яке аз ҳоли кадом як Очаҷон пурсон мешуданд. Чун Назар аз дари ҳавлӣ баромад, аз бобои Мирзораҳим сирри эҳтиром ва мартабаи Назарро пурсон шудам.
– Сабаби соҳибэҳтиромии Назар худи ӯ не, балки модараш аст,– гуфт бобои Мирзораҳим ва суханашро идома дод. - Охири солҳои 60-уми асри пешин дар деҳаи мо бемории чашм омад, ки қариб як деҳа ҳама ба ин дард мубтало шудем. Доруву дармон фоида намекард. Озахи чашм аз як одам ба шахси дигар, аз ҳамсоя ба ҳамсоя мегузашт. Деҳа аз маркази ноҳия хело дур буд, зиёда аз ин дар ноҳия табиби чашм намерасид. Барои муолиҷа мебоист ба шаҳри Кӯлоб мерафтем. Хулоса, бо усулҳои бобоӣ ҳарчи, ки мардум даво кард, чизе ҳосил нашуд. Милки чашмҳо пур аз озах, мардум ба қавле ба дарди бедаво гирфтор шуданд. Дар ҳамон шабу рӯз зани Ситами раҳматӣ - Салима ҳамин Назарро зоид. Чун духтари калонияш ба ин касал гирифтор буд, модар аз шири синаи худ ба чашмони ӯ меҷӯшад. Қудрати Худовадро бинед, ки чашмони Гуландом рӯ ба беҳбудӣ меоранд. Баъд аз се маротиба ин амалро такрор кардан, дарди чашмаш сабук мешавад ва баъд аз ду ҳафта комилан сиҳат меёбад. Занаки ҳамсоя ҳам зориву тавалло мекунад, ки ба чашмони писараш –Зайниддин аз шири синааш биҷӯшад. Аз баракати шири ин зан Зайниддин низ шифо ёфт. Ин овоза дар деҳа паҳн шуд ва маризон акнун ҳама назди ин бонуи хайрхоҳ барои табобат меомаданд. Модар аз Назари ширхора гӯё фаромӯш карда буд ва ширашро аз ҳамдеҳагони маризаш дареғ намедошт. Мардум дар ҷавоб барои Назар шири гову бузи худро ҷӯшида, ба хонаи Ситам мебурданд. Назар шири гову буз намехӯрд, аммо модар аз ҳиммати худ даст накашид, то ҳоҷати охирин сироятёфтаро набаровард. Ба қавоқи гирифтаи шавҳараш Ситам нигоҳ накарда, бо шираш чашмони маризи ҳаққу ҳамсояҳоро табобат мекард. Баъд аз ин ҳодиса Салимаро ҳама дар деҳа Очаҷон мегуфтагӣ шудем. Зеро ӯ ба ҳамаи мо ҳукми модарӣ гирифт. Ана, ҳамин аст қиссаи ба эҳтиром мушарраф шудани Назар. Мо ба қавле ҳама акаву додари ӯем.
Аз байн чанде гузашту рӯзе Давлат гуфт: «Ҳафтае пеш Очаҷон яку якбора кӯр шуд. Дигар чизеро намедид. Назар ба бемористон бурдааст, табибон гуфтаанд, ки дар Душанбе бояд ҷарроҳӣ кунед, набошад, кампир абадан оҷиз хоҳад монд. Назари бечора пулу пайсаи ҷарроҳӣ, ки надорад, кампира оварда кунҷи хона партофтааст. Овозаи кӯр шудани кампири Очаҷон зуд дар қишлоқ паҳн шуд. Бачаи бобои Мирзораҳим ҳозир вакили қишлоқ аст. Мардума ҷамъ карда гуфт, ки агар заррае одамгарӣ дошта бошем, бояд ба кампир ёрӣ расонем. Худованд аҷри ҳамаи кора медодаст. Дигар неву нестони Назара гӯш накарда, кампира Душанбе бурдем. Тамоми хароҷотро мардуми деҳа ҷуброн кард. Аҷибаш ин аст, ки дар клиникаи чашм ҳамон Зайниддине, ки кампир баъд аз Гуландоми духтараш чашмоша табобат карда буд, кор мекардаст. Ӯ беҳтарин духтурони ҷарроҳро даъват карда, ҷарроҳӣ гузаронид. Баъд аз табобат дар хонааш меҳмон карда, сару по ҳам пӯшонд. Ҳоло кампир дар деҳа, хоҳӣ ба аёдаташ меравем».
Мо ба хонаи Назар рафтем. Аз он салобату назарбаландияш чизе намонда буд. Моро бо чеҳари кушод пешвоз гирифт. Кампири Очаҷон дар кунҷаке хоб буд. Назар оҳиста «оча, оча»,- гуён кампирро бедор кард. Аз ҳодисаҳои гузашта ва табобати чашмони мардуми деҳа ёд кардем. Кампир докаи сарашро болои абрӯвонаш кашида гуфт: «Раҳмати Худо буд, Худованд шифои ҳами мардума дар шири ма кашида будай, и мардум ай Худо миннатдор шаван, ай ман не. Ма ҳаққи ҳамсоягима кардм, Ҷонм фидои ҳамсояҳом, тобутбардори ма ҳаминҳоан, бачам. Дар бари Назарҷон рост истода мара то Душанбира бурда табобат карда овардан, Худо и мардума баркат бта».
Ман сари як сӯҳбати кӯтоҳ, ҳамагӣ аз чанд ҷумлаи ин модар як ҷаҳон маънӣ, сад ҳикмати зиндагӣ бардоштам.
То назди хона расидан Давлат қисса кард, ки кампири Очаҷон дасти гул дорад, ба бештари занҳои деҳа пухтани хӯрокиҳои миллиро омӯхтааст, чандин кӯдаки ин деҳа болои дастони ӯ ба дунё омадаанд. Мардум барои «дуои дегдон» низ пеши ӯ мераванд ва гӯши духтарчаҳои деҳаро низ ӯ мешикофад.
Дар роҳ аз радиёи мошин Сайидқул Билолов мехонд:
Олучаи латтадор буд модари ман,
Қишлоқии хоксор буд модари ман.
Дар зиндагияш мазор буд модари ман,
Яъне, ки бузургвор буд модари ман .
Ба худ гуфтам, ки ҳаққо, ки ин мисраъҳо дар васфи кампири Очаҷон эҷод шудаанд...
Сӯҳробшоҳи ФАРРУХШОҲ
:.
Аз ҳар боб
30.03.2012 12:09
4151
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz