Соли 2001 шавҳарам дар Амрико буд. Рӯзи бозгашт бо фарзандон ба пешвоз шитофтам. Яке аз лаҳзаҳои хотирмону романтики умрам маҳз дар ҳамин ҷо иттифоқ уфтод. Шавҳарам дар фурудгоҳ ангуштарини зебоеро ба дастам андохт. Ҳарчанд то ин дам аз ӯ тӯҳфаҳои зиёде гирифта будам, аммо чун макон ва тарзи супоридан аҷибу ногаҳонӣ буд, эҳсосе, ки он лаҳзаҳо доштам, ҳеҷ гоҳ аз хотирам намеравад.
Лоиқ будан ба муҳаббати зан пурарзиштарин тӯҳфа дар ҷаҳон аст. Беҳтарин тӯҳфаи ман ба ҳамсарам ин хушбахтии оилавист, ки барои фароҳам оварданаш ҳамеша кӯшидаам. Тӯли ин солҳо барои завҷаам дар Рӯзи Модар тӯҳфаҳои зиёде омода кардаам ва ҳар дафъа мекӯшам чизи барояш хушояндро ҳадя бикунам.
Беҳтарин тӯҳфа барои ман меҳри инсонист. Дӯстдориву муҳаббат, ҳурмату этиром, қадрдониро тӯҳфа меҳисобам. Мутаассифона, ин фаҳмиш дар асри 21 каме кӯҳнаву хандаовар менамояд. Ҳама чиз бо пулу дороӣ ҳисоб мешавад. Ман аз ин ҳама сарватпарастиҳо азият мекашам».
Тавлиди духтари дӯстрӯякам дар зиндагӣ тӯҳфаи беҳтарини ман ба ҳамсарам ва ҳамсарам ба ман аст.
Беҳтарин тӯҳфа барои зан аз нигоҳи ман гул аст. Бонувон, ки худ шабеҳи гул зебову муаттаранд, гулро ба ҳайси тӯҳфа бештар меписанданд.