01
Ноябр, 2024
Ҷумъа
01
Ноябр, 2024
Ҷумъа
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
СОҲИБҶАШНИ СОЛ
.
Ӯ дар Рӯзи Модар ба дунё омадааст. Модараш ӯро соли 1900 дар домани кӯҳ ба таваллуд кард. Замоне, ки садои марғуладори тифли навзод дар қӯллаҳои ҷомасафеди кӯҳистони Язғулом танинандоз шуд, чӯпонҳо гуфтанд: духтари кӯҳсор аст. Момодоя тифли гирёнро рӯи даст бардошта гуфт: «Бадон аст, Бадон!».
Бадонро дар синни 12 солагӣ ба яке аз паҳлавонони Язғулом Султонвазир ба шавҳар медиҳанд. Баъди 100 соли рӯзи арусӣ Бибӣ-Бадон, гӯё он ҳодиса чанд рӯзе пеш рӯй дода бошад, бо тамоми ҷузъиёташ чунин нақл мекунад: «Дар он замонҳо домоду арӯсро савори аспҳо мебурданду дигар тӯякиҳо пасопеш ба базмгоҳ мешитофтанд. Ман савори асп аз зери чодари гулдӯзӣ ҳамаи он манзараро тамошо мекардам. Домоди кӯҳпайкар, ки савори аспи дигаре мерафт, маро ба фикру андеша мебурд, ки ӯ чӣ хел мард бошад? Нағмаву сурури мутрибону ҳаёҳуи базми онрӯза дар хотирам абадӣ нақш баста аст.
Бибӣ - Бадон 6 писару 3 духтар ба дунё овард. «Бо Султонвазир худро як маликаи хушбахт ҳис мекардам. Зеро ӯ бо ҳама шукӯҳу шаҳомати паҳлавониаш нисбат ба зан иззату эҳтироми баланд дошт. Ман аз рӯзҳои нахустини ҳаёти оилавӣ то охири умри Султонвазир дар симои ӯ соябону такягоҳи боэътимоди хешро медидам. Мо дар кӯҳистони Дарвоз ба ҷамъоварӣ ва хушк кардани себу зардолу машғул будем».
Соли 1954- ум оилаи Султонвазир низ дар қатори садҳо оилаҳои кӯҳистон аз Язғулон ба Хоҷамастон (ноҳияи имрӯзаи Абдураҳмони Ҷомӣ) муҳоҷир шуд. Бибӣ-Бадон нақл мекунад, ки он солҳо водии Хоҷамастон найистон буд. Мо, муҳоҷирон бо зӯри бозу найзорҳоро решакан намуда, дар ин заминҳо кишти пахта ва дигар зироатҳоро ба роҳ мондем. Оҳиста-оҳиста найзорҳои Хоҷамастон ба майдони кишту кор табдил ёфтанду зиндагӣ дар Хоҷамастон ранги дигар гирифт.
Баҳори соли 2012-ум, дар баробари фарорасии фасли баҳор набераву абера ва чабераву кабераҳои Бибӣ-Бадон ба ҷашни 112 солагии сарвари хонадон омодагӣ мебинанд. Бибикалон иброз медорад, ки ӯ имсол ду ҷашн дорад. Зодрузаш 8-уми март ба 100-умин солгарди ҷашни арӯсиаш рост меояд.
Новобаста ба синну соли хеш Бибӣ- Бадон серкор менамояд. Гоҳе машғули ҷӯроббофӣ асту гоҳи дигар барои наварӯсон кӯрпаву болишт медӯзад. Баъзан китобҳои мактабии чабераву кабераҳояшро варақ зада, аз онҳо имтиҳон мегирад. Панҷ пушт насли Бибӣ Бадон - фарзандон, набераву абера ва чабераву кабераҳо бо афсонаву қиссаҳои дилнишину ӯ тарбия ёфта, ба воя расидаанд.
Ӯ нақшаҳои зиёд дорад. «Барои он ки инсон ҳама кору борашро ба анҷом бирасонад, шояд 200 сол умр даркор аст. Алъон шукри Худо танам сиҳату хотираам тоза аст», – мегӯяд вай. Келини калони хона дар ин росто чунин иброз дошт: «Чашм нарасад, тӯли 30-40 соле, ки ман дар ин хонадон зиндагӣ дорам, ба истиснои дарди сабук, бибикалон ягон маротиба бемор нашудааст».
Пайвандонаш мегӯянд, ки хӯроки дӯстдоштаи бибиашон оши палов аст. Ҳамдеҳагон дар ҳама маъракаву чорабиниҳо аввал аз бибикалон дуо гирифта, баъд амали хайрро оғоз мекунанд. Насиҳати бибии 112 сола ба пайвандонаш ин аст, ки вақтеро, ки дар зиндагӣ ба ихтиёр доранд, бефоида нагузаронанд. « Инсон ҳам бояд мисли вақт дар ҳаракат бошад».
Бонуи дарозумри Хоҷамастон мегӯяд: «Ба сӯи қӯллаҳои орзуҳоятон шитоб кунед. Давида натавонед, қадамзанон ба пеш равед. Пойи равон надошта бошед, мисли аскарбачаҳо хазида биравед. Аз ҳаракат ҳам, ки мондед, фикру хаёлатонро аз орзуҳоятон наканед. Сукут накунед, ки аз фурсати дар ихтиёр доштаатон бенасиб мемонед.
Ҷамо
лиддин САЙФИДДИНОВ
:.
Аз ҳар боб
28.03.2012 06:23
2663
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz