05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

7 ШАРТИ ДАР КОЛЛЕКТИВИ ЗАНОНА БУДАНИ МАРД

  1. Ҳангоми кор дар коллективи занона мард ҳатман лаҳзаҳои хуби кориро мегузаронад. Масалан,  бонувони хушандом ва хушсурат нисбати мардон муҳити кориро ҷазоб менамоянд. Аз ин рӯ, бо онҳо кор кардан осонтар аст. Ин гуна ҷамъият ба ҳар кас писанд меояд.
  2. Кор дар коллективи занона паҳлуҳои манфии худро ҳам дорад. Аз ҷумла, бӯи хуши атру упо, ки бонувонро боз ҳам дилкаштар мекунад, метавонад боиси аз кор фориғ гардидани мардон шавад.
  3. Дар коллективи занона бештар ғайбат ва ҳар гуна ҳангомаҳо ба вуҷуд меоянд. Дар ин ҳолат, мард набояд бо онҳо ҳамфикр бошад ва ё гуфтаи онҳоро тасдиқ намояд. Зеро ин боис ба он мегардад, ки рӯзе онҳо мардро низ «занмиҷоз» гуфта, ғайбат хоҳанд кард.
  4. Бонувон лутф ва хушгӯиро дӯст медоранд. Барои ҳамин мардро зарур аст, ки бо ҳар як ҳамкораш  ҳамарӯза хушсухан бошад. Вале дар ин сурат ҳеҷ гоҳ «азизтарин»-ро ҷудо накунед, вагарна ҳамкорони аз чунин амал ранҷида, дар бораатон қиссаҳои ошиқона мебофанд.
  5. Аз ҳама муҳим он аст, ки мард ҳама бонувони ҳамкорро бо сабаб ва бе сабаб бояд таъриф кунад.  Метавон сифати корӣ ё хулқу атвор, ҳатто агар онҳо кори назаррасеро ҳам анҷом надода бошанд, баҳои аъло додан, занҳоро тамоми рӯз рӯҳбаланд мегардонад.
  6. Ҳамчунин, сӯҳбатҳои хонумҳоро набояд фаромӯш кард. Мард дар ҳама ҳолат бояд аз ҳама хабарҳои заруру нозарур огоҳӣ дошта бошад, зеро ҳамкорон ҳатто метавонанд дар масъалаҳои шахсӣ  низ аз ӯ ҳамчун мард маслиҳат пурсанд.  Дар ин ҳолат мардро лозим аст, ки ҳамкорашро то охир гӯш карда, ӯро дарк карда тавонад  ва ё ҳеҷ набошад, сарашро бо ишораи тасдиқ ҷунбонад.
  7. Мард бояд дар ҳолати ҷанги байни занон бодиққаттар бошад, вале хеле хуб мешуд, ки дар чунин ҳолат ӯ бетарафӣ нишон дода, ҷониби касеро нагирад. Ҳамкордухтарон ба ҳар ҳол рӯзе оштӣ мешаванд, вале бонуи ранҷида «хиёнат»-и мардро фаромӯш намекунад ва ҳатман қасд мегирад.

Таҳияи С. ҚУРБОНОВА
:.  Аз ҳар боб 16.03.2012 06:32 3022

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz