05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ХАТОҲОИ МУҲАББАТКУШ

.

     Хонандаи азиз, зери ин сарунвон матлабҳое пешниҳодат мегардад, ки хислати тавсиявӣ дошта, ба ҳар ду ҷинс мутааллиқанд. Шояд таҷрибаи талхи яке дар беҳтар шудани ҳаёти дигаре ибрат гардад.

Хасисӣ

     Ҳеҷ гоҳ ба шахсе, ки даъвои дӯстдорияш мекунед, дурӯғҳое нагӯед, ки агар каме андеша кунад, тангдастии шумо собит бигардад. Масалан, нагӯед, ки: «Дар зодрӯзат хостам сад гули садбарг фармоиш бидиҳам. Вале андеша кардам, ки мардум бубинад, чӣ мегӯяд. Фармоишро пас гардондам». Охир, дар ҳолати 25-30 сомонӣ будани як дона гули садбарг маҳбубаи шумо медонад, ки 100 гул чи нархе дораду ин маблағро ҳеҷ гоҳ барояш сарф намекунед. Ӯ чизе намегӯяд, вале медонад, ки ин таърифест барояш таҳқиромез. Ҳарчанд хомӯш мемонад, вале дилаш каме сард мегардад, ки чаро барои як зани олмонӣ, фаронсавӣ, амрикоӣ, эронӣ, ҷопонӣ, испонӣ, афғон ва ё қирғизу русу қазоқ чунин як амали ошиқ як кори оддиву як лаҳзаи хушбахтӣ ҳадя кардан аст, вале барои як бонуи тоҷик ин ҳанӯз афсонаест, ки ба гӯшаш «мехонанд».
     «Ман бароят либоси таг гирифтанӣ шудаму андозаатро намедонистам» ё «як куртаи зеборо дидаму хостам онро бихарамат, намедонистам маъқулат мешуд ё не». «Бароят ҷавоҳироте харидан хостаму боз фикр кардам, ки агар писандат нагардад...», «Орзу дорам як рӯз туро ба сайри кӯҳ бараму…», «Як фикр кардам, ки ба тарабхонае даъват намоям, аммо…», «Баъзан фикр мекунам, ки ба хориҷа барамат, дар кӯчаҳои Порис қадам бизанему ту шодӣ кунӣ», «Мехостам SMS-ат бинависаму бигӯям, ки туро аз ҷон дӯсттар медорам, вале пули телефонам тамом шуд», «Хостам шоколади беҳтаринро биёрамат…» (ва баъд чупа-чупсеро сӯяш дароз бикунӣ) «Дирӯз хостам ба мулоқот биёям, вале маршруткаҳо дигар намегаштанд», «Як торти калонро хуш кардаму… боз фикр кардам, ки ба танҳоӣ онро хӯрда наметавонию ҳайф мешавад ва ғайраву ғайраҳо». Дар ин ҳол «маҳбуба»-ро ҷумлае ба забонаш меояд, ки: «Маро ба кайҳон бурдани шудиву аз қиматии «бензин» андеша кардӣ» … ё не? Дар ҳоли ба такрор аз ҳадяҳои ҳеҷ гоҳ намекардаат ва бахшишҳои бадтар аз гунаҳҳоят, ки собитгари «Барон Мюнхаузен» (ду­рӯғ­гуйтарин ода­ми дунё) буданат ҳаст, дил сард мегардаду маъшуқа хешро таҳқиршуда меҳисобад. Хасисӣ хислати ошиқон нест, зеро пайванд бо дурӯғ дорад. Он меҳрро мекушад. Агар ҳадяе доред, аз самими қалб эҳдо кунед. Вагарна ишқ ба ҳадяҳо ниёз надорад. Ҳадя дар ошиқӣ ба хотири лаҳзае шод кардани маҳбуби дил аст. Агар бо моле шодаш натавонӣ кард, боке нест, қиматтарин моли бозори ишқ муҳаббат аст, ки онро бедареғ ба ҳамдигар бояд бахшид. Дӯст бидоред, то дӯстдошта бошед.

СИМИН

:.  Аз ҳар боб 16.03.2012 06:09 2747

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz