Чун ба бозор мебароед, мебинед, ки миёни бозорнишинон муаллим дар бари ронанда, духтур дар паҳлӯи подабон, олим китф ба китфи фаррош зада савдо доранд. Ва бидуни муболиға 90 дар сади онҳоро бонувон ташкил медиҳанд.
Муаллима савдогар шуд?
Махфират ном муаллимае, ки замоне директори як мактаби калон буд ва таҷрибаю дастоварди омӯзгории ӯ дар солхои 80-уми садаи бистум дар сатҳи ноҳиявӣ паҳн мегардид, дар як кӯчаи пурчангу пурсанг дар сар халтаи калон «Марҳамат, ба бори арзон!» гуфта фарёд мезад. Хурду калон «Ана, муаллима омад!» гуфта аз хона ба кӯча мебароянд. Муаллима бо сад забон ба мардуми соддалавҳи деҳа моли чинии худро таъриф мекарду ба қавле «як бало карда маҳсулоти камсифати хешро мегузаронад». Саттор ном муаллими дигар, ки ҳафтае пеш аз ӯ як ҷуфт кафш харида буд, ба попӯши аллакай даридаи хеш ишора карда, бо ҷигари сӯхта мегуфт: «О, муаллима, ин кафши таърифиатон ба як ҳафта тоб наовард-ку?»
–Чӣ кунам, Саттор-ако, ки ман ҳам онро харидаам?,– хиҷолатзада иқрор шуд Махфират.
– Ақаллан, таърифаш накунед!
–Таъриф накунед, ҳеҷ кас онро намехарад!
Воқеан, чунин ҳодисаҳо ҳар рӯз, садҳо маротиба рух медиҳанд. Ҳақиқати талх он аст, ки савдогари замоне муаллим ба хотири фурӯхтани бори пастсифат, мӯҳлаташ гузашта ва ба даст овардани фоида дурӯғ мегуфту мегӯяд. Ва ин дурӯғгӯӣ ба як одати муқаррарӣ табдил ёфтааст.
–Бо он саду панҷоҳ сомонии нафақа магар мешавад, ки донишҷӯ хононд ё фарзандро хонадор кард?,– рози дил мекунад Махфират. – Дар деҳа барои бонувону ҷавонон заводу фабрика, барои парвариши чорпо чарогоҳ нест. Об нест, ки кишоварзӣ кунӣ. Барқ нест, ки кореро анҷом диҳӣ. Чӣ бояд кард? Маҷбур ҳастем бозорнишинӣ кунем. Чун дар деҳа ҳар рӯз бозор нест, маҷбур ҳастем кӯча ба кӯча гардем ва чизҳоямонро фурӯшем. Зеро, патенту иҷозатномаи фаъолияти соҳибкории инфиродӣ қиммат аст ва агар танҳо бо умеди рӯзи якшанбе нишинем, муфлис мешавем.
Чаро бонувон ба кӯчаву бозор «рехтанд»
Сурайё ном бонуе халтаи калон дар китф дар кӯчаҳои як деҳаи дурдаст ҷӯроб мефурӯшад. ӯ то чанд соли охир деҳқон буд ва дар саҳро кор мекард.
– Тақрибан 17-18 сол рангу рӯйи пулро надидам,– гила мекунад Сурайё. –Дар хоҷагӣ маошамонро дар шакли маҳсулоти кишоварзӣ медиҳанд. Ба мисли гандум, пиёз, сабзӣ, шалғам, лаблабу. Ман ҳам мехоҳам орди сафед хӯраму либоси дуруст пӯшам. Охир ман ҳам одамам ва як бор ба дунё меоям. Раҳбарони хоҷагӣ бошанд, ҳамеша мегӯянд: «хоҷагӣ қарздор аст». Вале худашон бе мошинҳои пурқимати хориҷиашон аз кабинет берун намераванд.
Наздик ба даҳ сол аст, ки дар бозорҳои шаҳри Хуҷанд Марҳабо Каримова бо хариду фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ машғул аст. Нӯҳ сол қабл аз ин шавҳари ӯ – Абдумӯъмин Алибоев барои дарёфти луқмаи нон ба Русия рафта буд. Дар ин миён ягон маротиба ба аҳли хонавода, падару модар, зан ва чаҳор нафар фарзандаш пули пучаке нафиристод. Боре ӯ як занги телефонии кӯтоҳаке карда, гуфт, ки дар бемористони шаҳри Пенза аст. Падари Абдумӯъмин барои пайдо кардани писараш ба ин шаҳр рафт. Дар беморхонаи вилоятӣ гуфтанд, ки писараш баъди табобат ният дошт ба ҷониби шимоли Русия роҳ пеш бигирад. Мӯйсафед тамоми вилоятҳои Сибирро давр зад, вале аз ҷигарбандаш дараке наёфт. Бо синаи пур аз ҳасрату доғ ба Тоҷикистон баргашт.
–Дунё бо умед аст. Шояд рӯзе ногаҳон даромада ояд. Шукри тани сиҳати бачагон карда, барои рӯзгузаронӣ ба бозор баромадам. Соати сеи шаб омада, аз дасти яклухтфурӯшон чанд қуттӣ мева мехарам ва кӯшиш мекунам то соатҳои 5-6- и бегоҳ ба назди бачаҳо баргардам. Шукр мегӯям, ки замоне техникуми кооперативии шаҳри Хуҷандро хатм карда, чандин сол ба ҳайси фурӯшандаи мағоза кор кардаам. Имрӯз он донишҳо бароям кор медиҳанд. Мехостам дӯкони хурдакаке дар деҳа дошта бошам, вале барои оғози кор маблағ надорам.
Як нафар зан, ки аз ноҳияи ба номи Бобоҷон Fафуров барои фурӯхтани себи ҳавлияш ба шаҳр омада буд, иброз дошт, ки намедонад дар куҷо савдо кунад. Дар дохили бозори «Панҷшанбе» ҷойҳо ҳама «меросӣ» ва ҳамеша «банд» мебошанд. Ҳарчанд, ҳатто нафаре аз онҳо боре заҳмати парвариши сабзавоту меваро надидааст. Дар беруни бозор бошад, милисаҳо иҷозат намедиҳанд. Хуллас, сарсонем.
Мо худ чандин маротиба шоҳиди ҷанҷолу хархашаи фурӯшандаҳои кӯчабозору кормандони мақомоти қудратӣ будем.
Тартибот бо шатта?
Милисае тағораи пур аз себи зани тахминан 50- солаеро, ки дар раҳрав савдо мекард, чаппа карда (Мутаассифона, дар шаҳри Душанбе низ борҳо ин манзараҳоро шоҳидем, ки милиса «бор»-и занҳоро шатта зада, титу тор мекунаду худи онҳоро ҳақорат. «БТ»), бо ғазаб мегуфт: – Ман туя (туро) чанд бор гуфтам, ки дар сари роҳ савдо накун! Дарун даро! Гапа (гапро) гӯш намекунӣ-а?!
– Камандир, илтимос... Ҳозир меғундорам, – гиряолуд мегуфт он зан.
Як тан бонуи тақрибан 24-25- сола дар даст халтаи пур аз шибиту гашничу пиёз чун мурғи посӯхта беқарор буд ва ба ҳар раҳгузар рӯйи ниёз оварда илтиҷо мекард:
–Гиред, кабудии деҳқонӣ!!! Чун ба наздаш рафтем, бо дили пурҳасрат ва хотири мушавваш мегуфт: «Кӯдаки шашмоҳаамро дар гаҳвора баста омадаам. Аз бачаам хавотирам».
Вай низ мунтазам аз дасти муҳофизони тартиботи ҷамъиятӣ аз як ҷо ба ҷойи дигар мегурехт.
Вале дар тарафи бозори «Панҷшанбе», дар паҳлӯи истгоҳи зеризаминии «Афғонбозор» як нафар марди тахминан шастсола, вале тануманде дар зери дарахтони бузургу серсоя мошинҳоро дар канори роҳи калон «парковка» карда, аз ҳар як соҳиби он як сомонӣ пул меситонд. Хостем, бидонем кӣ бошад он, ки роҳи осони дарёфти пулро пайдо кардааст ва намегузорад, то дар роҳи давлатӣ одамон мошинашонро барои чанд дақиқа ҳам нигоҳ доранд.
– Шумо кистед ва чаро дар роҳи давлатӣ, бе ягон ҳуҷҷат пул ҷамъ мекунед?,- мепурсем аз ӯ.
– Ако, инҷо аз они... (мусоҳиби мо номи як нафар аз мансабдорони давлатии шаҳри Хуҷандро ба забон овард). Он кас ба ман ҷиян мешан (мешаванд).
Ин замон ба ёдам суханони ғамангези як дӯсти даврони ҷавониям омад, ки бо умеди рӯзгори хуш ба шаҳр омада, худаш муаллим ва занаш бозорнишин шуда буданд: «Дирӯз ҳамсарам аз субҳ то шом мева фурӯхта даҳ сомонӣ кор кард! Вале шаб то субҳ дарди сару миёну пойҳо оромаш нагузоштанд. Охир, вай дар зери барфу борон, бе сарпаноҳе, бидуни хӯроки чошт кор карда, қуттиҳои вазнини 40-50 килоиро бардошта, аз як ҷой ба ҷойи дигар ҳамарӯза кӯч медиҳад».
Барои тоҷири воқеӣ маблағи аввалия нест
– Аслан бигирем, ҳар он касе, ки ба хариду фурӯш машғул аст, бояд дар нозироти андоз сабти ном шавад ва аз ҳисоби даромади худ дар як ҳаҷму андозаи муайян андоз супорад, – мегӯяд раиси иттиҳодияи соҳибкорони бозори «Панҷшанбе» Сабоҳат Бобоҷонова.– Вале то ҳол аксарияти ин «бозорнишинон» андоз намесупоранд.Зеро қисме аз онҳо маҳсулоти худашонро ва қисми дигар маҳсулоти кишоварзони дигарро мефурӯшанд. Гузашта аз ин, ин қишри ҷомеа бояд дар ягон муассиса бима ва ҳангоми сар задани фалокат ба онҳо ёрии ройгон дода шавад. Зеро онҳо, дар зери барфу борон ва ё ҳавои тасфон субҳро ба шаб мепайванданд ва дар натиҷаи заҳмату кори сангин саломатии хешро аз даст медиҳанд. Гузашта аз ин, фарзандони онҳо билкулл беназорат мемонанд, ҳарчанд кам чунин иттифоқ афтода, ки бачагони онҳо ҷиноят содир карда бошанд. Теъдоди муайяне аз ин бонувон малака ва таҷрибаи хуби соҳибкорӣ доранд. Вале барои пешбурди фаъолияти хеш маблағи заруриро надоранд. Аз ин рӯ, ҳукумати кишварро лозим аст, то ба чунин қишри ҷомеа, яъне бонувони бозорнишини тиҷораташон кӯчак тавассути бонкҳо қарзҳои имтиёзноки дарозмуддат пешниҳод намояд. Зеро фоизи қарзҳое, ки бонкҳои мо алҳол пешниҳод менамоянд, миёншикан буда, барои рушди фаъолияти соҳибкорон камтар мусоидат мекунад.
Ҳукумат чӣ мегӯяд?
Чунончи дар сӯҳбат раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Ҳукумати вилояти Суғд Раъно Бобоҷонова иброз дошт, иқтисоди бозаргонӣ занонро фаъол ва то як андоза аз нигоҳи иқтисодӣ мустақил сохтааст. Онҳо роҳи халосиро аз бисёр мушкилоти зиндагӣ дар бозорнишинӣ пайдо кардаанд. Акнун бозорнишинӣ ба ҷойи кори доимӣ табдил ёфтааст ва новобаста ба маъқул будан ё набудан ба ину он дороӣ, байнашон мушкилот, рақобат, хурсандӣ, коллективизм ва падидаҳои дигар аст. Вазифаи мо онро чун ҷойи корӣ барои занон нигоҳ доштан, имтиёзҳои иҷтимоӣ фароҳам овардан ва мушкилоти онҳоро дар мавқеъву мавридаш ҳал кардан аст. Имрӯз як зумра занон бинобар бозорнишинӣ ба соҳибкорони комёб табдил ёфтаанд. Теъдоде аз пайи додани таҳсилу маълумоти олӣ ба фарзандонашон ҳастанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки чӣ сон аз меъёр зиёд дар бозор нишастан ба саломатии бонувон ва тарбияи фарзандони онҳо зарар дорад. Мавзӯъи матраҳ имрӯз ин аст, ки чӣ бояд кард, то бозорнишинии бонувону духтаронро таври маданӣ ба роҳ бимонем, онҳо ба як муздури рӯзи худро кӯркунанда табдил наёфта, балки созандаю саодатманди даврони истиқлол бошанд. Охир, ба ин онҳо, воқеан ҳақ ҳам доранд.
Тилав Расулзода
P.S. Ин мушкилоти занонро мо борҳо матраҳ кардаем, вале касеро пинак вайрон накард. То имрӯз бозорнишинон (бонувон) ба киштишикастагрне монанд ҳастанд, ки амвоҷи баҳри зиндагӣ онҳоро аз як соҳил ба соҳили дигар ҳаво медиҳад. Агар гоҳе боди мурод ба соҳили мақсуд ором барадашон, гоҳо тӯфони ҳаводис ғарқашон мекунад, вале нохудое пайдо намешавад, ки киштии бизнеси зани тоҷикро роҳбаладӣ карда, ба соҳили мурод бе шикаст бирасонад. Воқеан, чӣ бояд кард? Кӣ бояд бар ин ҳама биандешад?