21
Декабр, 2024
Шанбе
21
Декабр, 2024
Шанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
ТОҶИРОН МЕТАРСАНД?
.
Мусоҳибаи вижаи хабарнигори «Бонувони Тоҷикистон» Тилав Расулзода бо сарвар,
олим ва соҳибкори муваффақ ГулбаҳорМаҳкамова
Сӯҳбати мо бо Гулбаҳор Мақсудовна ба рӯзе иттифоқ афтод, ки ӯ дар садади бозгашт ба шаҳри Миннеаполиси Иёлати Муттаҳидаи Амрико, ба назди шавҳар ва се тан кӯдаконаш буд. Чун ӯро кор бисёр, вале фурсат маҳдуд буд, тасмим шуд, то ин бор сӯҳбатро танҳо перомуни мавзӯи соҳибкории бонувон ва мушкилоти мавҷудаи он оғоз ва идома бидиҳем.
– Мӯҳтарам Гулбаҳор Мақсудовна. Шумо аз камтарин инсонҳое маҳсуб мешавед, ки илм, сарварӣ ва соҳибкориро ба ҳам пайвастаед ва таври муваффақ ба пеш мебаред. Шумо раиси садорати Маркази бонувони «Гулрухсор», раиси Анҷумани миллии бонувони соҳибкори Тоҷикистон, муовини раиси Бунёди байналмилалии қарздиҳии хурди «ИМОН-Интернешнл» мебошед. Ҳанӯз ҳафт сол қабл рисолаи номзадии хешро дифоъ намуда, унвони номзади илми таърихро ба даст овардаед.Пайваста аз пайи пажӯҳиш ва таҳқиқот ҳастед. Бигӯед, ки фаъолияти муштарак дар якчанд бахш орзуи наврасии Шумо буд ё амри тақдир?
– Ман соли 1989 риштаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуровро хатм намудаам. Бисёр фикр мерондам, ки чӣ бояд кард, то зиндагиям пурмаънӣ бигзарад. Ба факултаи мазкур ба он хотир дохил гаштам, ки мехостам ба фаъолияти ҷамъиятӣ шуғл варзам. Он замон донистани забони русӣ калиди муваффақиятҳо ва факултаи мазкур дорои обрӯю нуфузи вижа буд. Соли хатм ба замоне тасодуф омад, ки сохти ҷамъиятӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми кишварҳои собиқ шӯравӣ таҳаввулоти куллиро паси сар мекард. То соли 1994 ман ба ҳайси омӯзгор дар факултаи худ адои вазифа намудам. Акнун Тоҷикистон тамоман дигар буд. Авлавиятҳо ва арзишҳо тағйир ёфтанд. Дар кишвар иқтисоди бозаргонӣ, моликияти хусусӣ, падидаҳои навини дигар ҷорӣ мешуданд. Ман тасмим гирифтам, то ба дигар ҳамандешагонам бипайвандам ва ба фаъолияти ҷамъиятӣ оғоз бахшам. Соли 1995 бо Санавбар Шарифова Анҷумани миллии бонувони соҳибкори Тоҷикистон (АМБАСТ) - ро чун бахше аз шабакаҳои Анҷумани бонувони соҳибкори Осиёи Марказӣ таъсис додем. Рисолати созмон ворид кардани бонувон ба сохти иқтисоди бозаргонӣ буд. Зеро корхонаҳо аз фаъолият бозистода, одамон бекор буданд. Ягона соҳае, ки мардумро ба фаъолияти иқтисодӣ водор месохт, тиҷорат буд. Зарур буд, то бонувонро малакаи соҳибкорӣ биёмӯзем. Барои ин моро лозим омад, то озими шаҳри Тошканд шавем ва тайи шаш моҳ донишҳои худро дар бахши соҳибкорӣ мукаммал созем. Ҳанӯз дар соли аввал беш аз 3,5 ҳазор бонуро алифбои тиҷорат омӯхтем. Зеро ҳар лаҳза асосу заминаи ҳуқуқии соҳибкорӣ, андозситонӣ, муҳити тиҷорат дигаргун мешуд ва доштани ин донишҳо танҳо ба манфиати бонувон буд. Сипас, маро зарурате пеш омад, то донишҳои хешро дар бахши молия ва иқтисод такмил диҳам. Соли 2001соҳиби маълумоти олӣ дар ин бахш шудам. Баъдан барномаи дусолаи маърифатии « Сарварӣ ва рушди устувор»-ро, ки аз ҷониби Бунёди Рокфеллер дастгирӣ меёфт, хатм намудам. Ин як барномаи басо ҷолибу аҷоиб буд. Дар муддати ду сол 16 дарси омӯзиширо дар 16 кишвари олам фаро гирифтем. Ҳар як дарс аз як то се моҳ идома меёфт. Ба мо беҳтарин устодони бонуфузтарин донишгоҳҳои олам роҷеъ ба равандҳои ҷаҳонишавӣ, иттиҳоди иқтисодиёт ва кишварҳо, асосҳои рушди устувор дарс гуфтанд. Бояд гуфт, ки хатмкардагони ин барнома ба Маркази маълумотҳои «Сарварони асри 21» шомил мешаванд. Соли 2003 маро муяссар гашт, то тибқи барномаи табодул наздик ба як сол дар Донишгоҳи Колумбияи ИМА, дар донишкадаи Ҳарриман оид ба масоили гендерӣ таҳсил намоям. Маро имкон фароҳам омад, то захираҳои иттилоотии АМБСТ ва маркази бонувони «Гулрухсор»-ро дар як таҳқиқот ҷамъбаст созам. Баъди бозгашт ба Ватан рисолаи хешро дар назди АУҶТ ҳимоя намуда, сазовори унвони номзади илм шудам. Ҳамин ҳоло мехоҳам сертификати меъёрҳои байналмилалии муҳосибиро ба даст орам ва соҳиби САР шавам.
– Шумо дар бахши дастгирии тиҷорати хурду миёна фаъолият доред ва ба бонувони соҳибкор мадад мерасонед. Бахши соҳибкории хурду миёнаро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Бонувон то чӣ андоза ба тиҷорат фаро гирифта шудаанд?
– Соҳибкории хурду миёна метавонад, фарогири теъдоди бузурги шаҳрвандони кишвар гардад. Лиҳозо, мутмаинем, ки АМБСТ нақши муассире дар кори басо муҳим, яъне рушди соҳибкории хурду миёна ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дар маҷмӯъ паст кардани сатҳи камбизоатӣ дорад. Соҳибкорӣ ин на танҳо тиҷорат, балки хидматрасонӣ ва фаъолияти фермерӣ низ ҳаст. Бонувон ҳоло бештар машғул ба соҳибкории хурду миёна ҳастанд, зеро он малакаи зиёд, технологияи нав, хароҷоти калони молиро талаб намекунад. Кофист, то талаботу ниёзи бозорро бидонӣ ва сари вақт ба он аксуламал нишон бидиҳӣ. Нимаи аввали солҳои 90-ум ворид шудан ба тиҷорат нисбат ба ҳоли ҳозир осонтар буд. Зеро он замон убури марзҳо саҳлтар буд. Ва ман бисёр бонувонеро медонам, ки тавассути тиҷорати хурд ба бахши хидматрасонӣ гузаштаанд. Ҳоло онҳо қаҳвахонаю тарабхона бунёд мекунанд ва ё ба коркарди маҳсулот машғул ҳастанд. Соли 1999, вақте ҳамагон танҳо бо ашхоси ҳуқуқӣ сарукор доштанд, мо барномаи додани қарзҳои хурдро ба соҳибкорони инфиродӣ дар ҳудуди то 1000$ бидуни гузоштани гарав, пиёда намудем. Дар ҳоли ҳозир теъдоди ашхосе, ки барояшон созмони «ИМОН-Интернэшнл» қарзҳои хурд медиҳад, ба беш аз 45 ҳазор нафар расидааст. Беш аз 40 ҳазор нафари онро бонувон ташкил медиҳанд. Бисёр бонувон бахши агробизнесро фаро мегиранд. Теъдоди зиёде ба ҳунармандӣ машғул ҳастанд. Мо саъй дорем он ҳунарҳоеро,ки дар ҳоли аз байн рафтан қарор доранд, эҳё кунем. Яке аз он ҳунарҳо сӯзанӣ ё зардӯзӣ аст. Устоҳои зардӯзро ба кор даъват кардем, то онҳо ҳунарашонро ба ҷавонон биёмӯзонанд. Мо ба бонувони зардӯз барои фурӯхтани маҳсулоташон дар бозори кишварҳои Амрико ва Аврупо тавассути Интернет-мағозаҳо кӯмак менамоем.
– Шумо таҷрибаи бузурге дар пешбурди кори тиҷорат доред ва,бешак, ҳама паҳлуҳои онро хуб омӯхтаед. Оё мушкилоте дар муҳити соҳибкорӣ мавҷуд аст, ки ҳаллу фасли оҷили хешро мехоҳад?
– Фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ба заминаи хуби ҳуқуқии мададрасон ниёз дорад. Мо таври пайваста дар мавриди мавонеи мавҷуда ба Ҳукумат иттилоъ медиҳем. Бояд одилона иқрор шуд, ки Ҳукумат ба хотири рушди соҳибкорӣ як силсила ислоҳотеро пиёда намуда истодааст ва мехоҳад вазъиятро хубтару беҳтар созад. Қоидаву қонунҳои наверо дар ин росто қабул ва ҷорӣ карда истодааст. Вале дар кишвари мо то ҳол дастгирии қавии давлатии соҳибкорӣ дида намешавад ва ё он то ҳанӯз камтар аст. Масалан, дар кишварҳои пешрафта давлат соҳибкорони навкорро дастгирӣ мекунад. Онҳоро барои се соли аввал аз ҳама гуна андозҳо озод менамоянд. Тавассути додани қарзҳои имтиёзнок ва тазмину кафолатҳо мадади молиявӣ мерасонад. Ба як сухан, барои онҳо барномаҳои гуногуни мададрасоне мавҷуд ҳастанд, ки дар мо нест. Дар ИМА шахсе, ки даст ба соҳибкорӣ мезанад, аз обрӯю эҳтироми хоса бархурдор аст. Вай як шахси мӯҳтарам ва шарафманд аст. Зеро ки ин шахс бар дӯши худ масъулият мегирад. Дувум, тиҷорат ин як навъ кори таваккалӣ аст, ки метавонад, ба ҷойи фоида зарар биёрад. Савум, ӯ одамонро бо кор таъмин месозад. Билохира, вай маҳсулоте истеҳсол мекунад, ки барои ҳамватанонаш муҳим аст. Дар кишвари мо бошад, агар кори маошаш хуб бошад, касе ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудан намехоҳад. Барои онҳо тиҷорат иқдоми охирин аст. Вақте касе мехоҳад, тиҷорати хешро оғоз бахшад, ба гуна-гуна мушкилот рӯ ба рӯ мешавад. Чун як институти мададрасон нест, соҳибкори тозакор бо таваккали худаш тани танҳо мемонад. Баъдан, онҳо ба қарзҳои дарозмуддат дастрасӣ надоранд. Мушкилоти муайяне бо мақомоти тафтишкунанда мавҷуд аст. Мушкили бебарқӣ низ монеаи пешравии ин соҳа аст. Чанде қабл ба мо як гурӯҳ одамон муроҷиат карда, аз зуд-зуд қатъ шудани хати интиқоли барқ шикоят карданд. Гуфтанд, ки маҳсулоташон талафу вайрон ва боиси хисороти молӣ мешаванд. Гузашта аз ин, миёни мо рақобати солим мавҷуд нест. Чун сухан дар бораи соҳибкории бонувон меравад, ба он ҳама тафаккури қолабӣ, яъне стереотипҳо зам мешаванд.
Имрӯз дар ҷомеаи мо «бонуи соҳибкор» симои мусбат нест. То кунун мо симоҳои дурахшони тоҷир қариб, ки надорем. На миёни бонувон ва на миёни мардҳо. Тиҷорати бузург дар мо маъмулан зери сарпарастии ниҳодҳои алоҳида сурат мегирад. Чунин шахсе, ки тавассути саъю заҳамоти хеш, ба олами тиҷорати бузург ворид шуда бошад, то кунун мавҷуд нест. Одамон аз маблағгузорӣ дар тиҷорати бузург меҳаросанд. Дар ин маврид мададу дастгирии ВАО бисёр муҳим аст. Чанде қабл мо хостем миёни бонувон озмун баргузор намоем. Онҳо розӣ нашуданд то номашон ифшо шавад. Онҳо метарсанд, ки минбаъд мавриди таъқиби мақомоти андоз ва дигар сохторҳои танзимкунанда қарор мегиранд. Ин ҳама дар маҷмӯъ боиси коҳиши рушди тиҷорат мегардад. Аксар имрӯз муҳоҷиратро нисбат ба тиҷорат афзал мешуморанд. Мушкилоти зиёде дар мавриди салоҳиятнокии онҳо низ мавҷуд аст. Дар ИМА ва кишварҳои дигари мутараққӣ, ҳанӯз дар кӯдакистон дарси «Иқтисоди бозорӣ» меомӯзанд. Вале дар мамлакати мо чунин фан на танҳо дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, балки ба ҷуз донишкадаву факултаҳои ҳирфаӣ дар дигар мактабҳои олӣ низ таълим дода намешавад. Моро қоидаҳоеро намеомӯзанд, ки тибқи онҳо зиндагӣ менамоем. Мо ҳанӯз мавқеи интизориро пеш гирифтаем ва ҳанӯз мунтазири он ҳастем, ки касе меояду бароямон корхонаҳои нав бунёд мекунад ва мо он ҷо кор мекунем.
– Чӣ бояд кард, то бонувон ҳарчӣ бештар ва ҷасуронатар ба соҳибкорӣ машғул шаванд? Чӣ бояд кард, то бонувонро аз корҳои пурмашаққати саҳроӣ озод намуда, онҳоро дар пешбурди тиҷорат фаъолтар созем?
– Бонуи соҳибкор будан чандон кори осон нест. Зеро зан боз ҳам посбони оташи хонадон, мураббӣ, модар ва кадбону аст. Муҳим аз ҳама вай идомадиҳандаи наслҳост. Вале ӯ то кунун аз нигоҳи иҷтимоиву иқтисодӣ беҳимоя аст. Барои он ки соҳибкори муваффақ шавӣ, бояд тафаккури қолабиро бишканӣ, аз садду монеаҳо бигзарӣ, ки маншааш табиати миллии мост. Дидани бонувони мардикор бароям аламнок аст. Онҳо корҳои сангинеро бар ивази музди ночиз иҷро мекунанд. Онҳоро эҳтиёҷ ба ин иқдом водор намудааст. Зеро аксар вақт роҳи дигар нест. Бонувон ба хона баргашта, ҳамчунин корҳои сангинро иҷро мекунанд. Ин сахтгирӣ ва бӯҳрони воқеӣ аст. Ман як духтареро медонам, ки дар донишгоҳ таҳсил мекард. Дар соли чаҳоруми таҳсилаш ӯро ба шавҳар доданд. Хонаводаи шавҳараш ба ӯ ваъда додааст, ки баъди ба шавҳар баромаданаш низ, ӯ таҳсилро идома хоҳад дод. Баъдан бо ину он баҳонаҳои ночиз ӯро аз таҳсил боздоштаанд. Ҳоло соли савум аст, ки духтарак аз дарсҳо дур мондааст. Маро мавқеи ректор ва муаллимоне, ки ба ин духтарак дарс медоданд, ба ҳайрат меорад. Онҳо ба сарнавишти донишҷӯи худ билкул бефарқ менигаранд. Ҳоло на танҳо дар деҳот, балки дар шаҳрҳо волидон чандон моили он нестанд, ки духтаронашон соҳибмаълумот шаванд. Ин ҳама ғалат андар ғалат пас аз гузашти панҷ ва ё даҳ сол натиҷаҳои хешро хоҳад дод. Зеро рӯзе агар, Худо нохоста, онҳо аз кӯмаки шавҳару волидайни худ маҳрум шаванд, дар чорраҳаи зиндагӣ саргардон хоҳанд монд.
Ҳоло институтҳои мададрасони бонувон ё фалаҷ шудаанд, ё таври дилхоҳ амал намекунанд. Пештар кӯдакистон, мактаб, донишкада, хадамоти тиббӣ ройгон буданд, ки ҳоло чунин нест.
Ба як сухан, танҳо маърифатнокӣ, ҳадафмандӣ,устуворӣ, таваккал ва ҷасорат ба бонувон дар роҳи расидан ба комёбиҳои мушаххас на танҳо дар бахши соҳибкорӣ , балки, умуман, дар зиндагӣ кӯмак хоҳанд кард.
– Ташаккур, барои сӯҳбати пурмӯҳтаво.
Тилав Расулзода
:.
Аз ҳар боб
23.02.2012 11:52
2424
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz