Автобуси шалақу палақи мо дар назди бинои гумрук қарор гирифт. Дар ин ҷо касе аз мо аслиҳа ё маводи нашъа напурсид. Аммо хеле аҷиб: аз борхалтаҳои мо поҷома ва куртаҳои домандор мекофтанд.
Хайрият, ҳамаи бисту чор мусофир ва се нафарашон зан поҷома надоштанд. Се нафари дигар куртаҳои дароздомани худро ба утоқ бурданд. Ва бо ҳуҷҷатҳои расмӣ аз тарафи гумрукчиён мусодира шуданд. Ба онҳо фаҳмонданд, ки дар ин шаҳр бо поҷома гаштан мамнӯъ аст. Тамоми занони ин шаҳр шимпӯш буданд. Мо бо ҳайрат аз сардори гумруки шаҳрӣ қонунро пурсидем:
– Вазифаи ман тафсири қонун не, иҷрои қонун аст! – расмӣ ҷавоб гардонд сардор. Мо ба шаҳр даромадем. Дар ҳақиқат ҳамаи занони шаҳр мисли мардон шимпӯш буданд. Аҷибтараш ин аст, ки дар ин шаҳр таъомро мардҳо мепазанд. Либосшӯӣ, рӯбучин, хонапоӣ, кӯдакпоӣ низ вазифаи мардҳо будааст. Ҳамаи мардҳои ин шаҳр хонашинанд. Занҳо баръакс ронанда, кафшергар, сардор, нозир буданд. Гап байни худамон монад, мо дар ин шаҳр дидем, ки бисёр мардон фаранҷипӯшанд. Ду нафарро дар бозор дида, ҳайрон шудем. Аз роҳгузаре сабаб пурсидем. Вале ӯ даҳон накушод. Мардҳои ин шаҳр бо борхалтахои вазнин мегаштанд. Занон дар қаҳвахонаҳо, истироҳатгоҳҳо, чойхонаҳо шоҳмотбозӣ, нардбозӣ мекарданд. Хайрият расонаҳои ахбори умум дар бораи ин шаҳр наменависанд. Худо накунаду занони дигар шаҳрҳо фаҳманд, ҳоли мо, мардҳо чӣ мешавад? Мардони заҳматкаши ин шаҳр азобу шиканҷаи зиёде доштанд. Ҳисси кунҷкобӣ маро саропо месӯзонад. Наход, ки фаҳмидани асрори ин шаҳр номумкин бошад?
Ҳамсафарони кунҷкоби мо боз як аҷоиботи шаҳрро кашф карданд: занони ин шаҳр гӯшбурида буданд. Не, иштибоҳ намекунем. Бо чашми худ дидам, ки гӯши занон аз бунаш бурида буд. Ҳатто дар поликлиникаи шаҳрӣ шӯъбаи махсуси гӯшбурӣ мавҷуд аст. Дар назди бинои поликлиникаи шаҳрӣ тахтаи фахрии "Беҳтарин гӯшбурони шаҳр" таъсис кардаанд. Маъракаи гӯшбурӣ ба маросими тантанавие мисли тӯи хатнаи мо сурат мегирад. Дар ин маросим фақат занон ширкат мекарданд.
Баръакс, дар ин шаҳри афсонавӣ мардҳо гӯшвораҳо овехта мегарданд. Дар яке аз дӯконҳои шаҳр мардҳоеро дидем, ки гӯшвораро ба гӯшашон овехта, андоза карда гирифтанд.
Асрор аз пайи асрор пайдо мешуд. Шарикам ба ман гӯшакӣ гуфт, ки ба гӯши чапи мардҳо нигоҳ кунам. Ман ба марде наздиктар шуда, нигоҳ кардам. Мард бо карашма аз наздам рафт. "Гӯш будааст-дия!" гуфтам.
– Албатта, гӯши муқаррарӣ. Лекин дар дарунаш пахта тиқондаанд. Дар гӯши чапи ҳамаи мардҳои ин шаҳр пахта, қариб ки чизе намешунаванд.
– Тавба, ё тавба! – тозон омад Хоркаш. – Он тарафро бинед.
Манзараеро дида, мӯи сарам рост шуд. Айнан нақл мекунам:
– Занаки лӯндаи ғафс ба гардани мард савор шуда мерафт. Баъдтар дар се ҷои дигар дидем, ки мардакҳо занҳоро ба пушт бардошта мерафтанд. Сабабашро нарасидани сӯзишворӣ, камбудии нақлиёт нишон доданд. Роҳгузареро занакҳои автобуси мо хеле истинтоқ намуданд. Қанд зананд занако. Ахбороти нави ҷолиб ҷамъ оварданд. Дар ин шаҳр ва деҳоти атрофи он дар мавсими киштукор агар солярка нарасад, ба гардани мардҳо юғу сипор баста шудгор мекарданд. Ва ба мо гуфтанд, ки занҳои ин шаҳр ҳама телохранителҳо доранд. Илова бар ин, занони шаҳр полки зудамали ҷазодиҳии мардҳо ташкил додаанд, ки бо навтарин яроқи қатли ом мусаллаҳ аст. Ду сол пеш ҳатто қонун баровардаанд, ки гаштани мардҳо бо рӯи кушода дар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр қатъиян манъ аст.
Ному насаби мардҳо низ занона буд. Назокатова, Зебоева, Наргисова, Раъноева барин фамилияҳо ба чашм бармехӯрданд.
Занони шаҳр кодекси ҷиноии худро доштанд. Масалан, барои дер партофтани хокрӯбаи хона шавҳар аз рӯи моддаи 25, прим. 2 се ҳафта 65 калтак мехӯрад. Барои саркашӣ кардан аз фармони зан тибқи моддаи 67, прим. 6 мард аз як дасташ маҳрум мешавад. Барои хиёнат мардҳоро пӯст канда, ба пӯсташон коҳ ҷой мекарданд.
Истеҳсолот низ дар ин шаҳр ғайримуқаррарӣ буд. Барои мардҳо омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникии таъомпазӣ, момодоягӣ, ширдӯшӣ, ҷомашӯӣ, дарздӯзӣ кушода шудаанд. Таҳсил дар ин омӯзишгоҳҳо барои мардҳо ҳатмӣ, вале омӯхтани каратэ, таэквондо, кунгфу қатъиян манъ буд.
Дуртар аз автобуси мо издиҳом ҷамъ шуд. Ба назди одамон мошинаи крандор омад. Аз даруни крани он ду сутуноҳани калонро поин фуроварданд.
– Хӯҷаин. Дар ин ҷо ягон маърака мешавад?,–пурсидем аз зан. Баъдтар фаҳмидем, ки дар ин шаҳр занҳо ба саволи мард ҷавоб намедиҳанд. Барои ҳамин Тӯфиямоҳ саволамро такрор кард. Занак бо табассум ҷавоб дод:
– Дар ин ҷо як ҷинояткорро ба дор мекашанд.
– Барои кадом ҷиноят?
– Ин мард муддати зиёд лингосинтезаторро аз даҳонаш гирифта будааст. Ва бо дусаду шаст аудио килофонд ба занаш гап задааст…
Мо аз ин шарҳи занак чизе нафаҳмидем.
– Хола, мебахшед, соддатар фаҳмонед,–хоҳиш кардем мо.
Занак боз ба тарафи Тӯфиямоҳ нигоҳ кард ва гуфт:
– Дар шаҳри мо ба даҳони мардҳо аз даҳсолагӣ асбобе бо номи лингосинтезатор мешинонанд. Ин асбоб ҳамаи суханони нағзро ҷудо карда мешунавонад. Сухани қабеҳ, дашномро ба навозиш табдил медиҳад. Ин асбоб барои даҳони ҳамаи мардҳо ҳатмӣ шинонда мешавад. Ва бо ин асбоб мардҳо дар як шабонарӯз фақат дусад калима гап зада метавонанду халос. Инчунин, дар гардани мардҳо асбоби аудиоклистон овехта мешавад. Ин асбоб баландии овози мардҳоро чен мекунад. Яъне, мард аз панҷ аудиоклистон баландтар гап задан ҳуқуқ надорад. Агар аз ин зиёд гап занад, яъне овозашро саҳле баланд кунад, ба ҳукми қатл маҳкум мешавад.
Эълону рекламаи матбуоти шаҳр низ ғалатӣ ва хеле даҳшатовар буд. Масалан, дар рӯзномае хондем, ки "шавҳари 45-сола, вазнаш 66 килограмм, қадаш 165 см ба ҳамин миқдор (кг) гӯшти гӯсфанд иваз карда мешавад…". Ё худ, дар эълони дигар омадааст: "Марди 42-соларо бо …и ҳангӣ иваз мекунем".
Тӯфиямоҳ ва занони ҳамсафари мо дасти занаки масъулро бӯсида, барои бунёди давлати демократӣ-дунявии занона арзи миннатдорӣ намуданд. Тӯфиямоҳ бо ин зан ҷӯра шуд. Ва бо хоҳиши мо се сирри асосии ин шаҳр, сабаби муборизаи зидди доману поҷома, гӯшҳои буридаи занон ва пахта дар гӯш задани мардонро пурсид:
– Ин сирри зиёде надорад. Занони мо дар гӯши чапи мардон пахта ҷой мекунанд, то ки сухани бонуҳо аз гӯши рост даромада, аз чапаш набарояд. Сабаби гӯшбурии занҳо тадбири худмуҳофизатӣ аст, то мардҳо ба гӯши занҳо "лапша" наовезанд. Мардҳо домани моро бо чормағзи пуч пур карда наметавонанд. Зеро занҳои шаҳри мо доман надоранд, ҳама шим пӯшидаанд.
Мо, мардакҳо, дарақ-дарақ меларзидем. Ва ҳар чӣ зудтар аз ин «Даҳшатобод» ба мулки худамон рафтанро орзу мекардем.
Наҷмиддини Шоҳинбод