Хонандаи азиз, сари масъалаҳои кӯдакон ва шаҳодатномагирӣ, никоҳ ва талоқ, синну соли никоҳӣ, фарзандхондӣ ва масоили амсоли ин бо сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 1, Умарова Равшаной Алиевна сӯҳбати ихтисосие ба анҷом расонидем. Инак, фишурдаи он сӯҳбат пешкаши хонандаи нуктасанҷ мегардад:
– Борҳо шоҳид шудаем, ки баъзе аз кӯдакон, то ба синни мактабӣ расидан ва ё болотар аз он ҳам бе шаҳодатномаи таваллуд мемонанд. Шумо ҳамчун сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ ин ҳолатро чӣ гуна шарҳ медиҳед?
– Воқеан, саволи Шумо мушкили дар ҷомеа ҷойдоштаро матраҳ мекунад. Аммо тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ, баромаду сӯҳбатҳои зиёди кормандони Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ тариқи воситаҳои ахбори умум ва чораҳои андешидаи масъулин вазъият дар ин самт тағйир меёбад. Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масаъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» такони дигаре бахшид, барои пешрафт дар ин самти кор. Мувофиқи маълумоти оморӣ, бақайдгирии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, бахусус сабти таваллуд дар муқоиса ба солҳои пешин афзудааст. Мутаассифона, падару модароне низ ҳастанд, ки дар мӯҳлати се моҳи муқаррарнамудаи қонун барои гирифтани шаҳодатномаи кӯдакашон ба шӯъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муроҷиат намекунанд. Сабаби инро ман пеш аз ҳама дар бемасъулияти волидайн, паст будани маърифати ҳуқуқии онҳо мебинам.
– Шояд яке аз сабабҳо надоштани маблағи лозима барои гирифтани шаҳодатнома бошад?
– Масъалаи молӣ сабаби нагирифтани шаҳодатнома барои кӯдак шуда наметавонад. Зеро бақайдгирии давлатӣ на боҷ дораду на хараҷоту на сарфи зиёдатӣ. Шаҳрванди муроҷиаткунанда танҳо барои варақаи шаҳодатномаи таваллуд, ки он 4 сомонию 09 дирамро ташкил медиҳад, маблағ месупорад. Бо пешниҳоди шаҳодатномаи тиббии таваллуди кӯдак ва нусхаи хуҷҷати ақди никоҳ, волидон ё яке аз онҳо, дар сурати набудан, ё ҳозир шуда натавонистани онҳо бибиву бобо метавонанд бо ин ҳуҷҷатҳо ба шӯъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муроҷиат кунанд ва кӯдаки онҳо соҳиби шаҳодатномаи таваллуд шавад. Бубинед, чӣ қадар сода ва осон аст, аммо боз ҳам бархе аз падару модарон сари ин масъалаи муҳим хунукназарӣ мекунанд.
– Шаҳодатномаи тиббии тасдиқи таваллуди кӯдакро чун яке аз ҳуҷҷатҳои муҳим барои бақайдгирии кӯдак зикр намудед, агар кӯдак дар шароити хона, ҳавопаймо ва ё қатора таваллуд шуда бошад чӣ?
– Дуруст аст, ки қайди таваллуди хонагӣ ҳам ба назар мерасад ва қонунгузорӣ ин ҳолатро низ ба назар гирифтааст. Дар ин вақт аризаи тасдиқкунандаи нафаре, ки дар вақти таваллуд ҳузур дошт, ё маълумотномаи табиб- момоядояе, ки дар вақти таваллуди кӯдак иштирок кардааст, лозим асту халос. Дар сурате, ки кӯдак дар ҳавопаймо, қатораву дигар воситаи нақлиёт, ҳангоми сафар таваллуд мешавад, тибқи моддаи 17-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» бақайдгирии давлатии таваллуд дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи истиқомоти доимии падару модар (яке аз онҳо) ба ҷо оварда мешавад.
– Оё кӯдаки ёфтшуда (партофташуда) ба қайди давлатӣ гирифта мешавад?
– Албатта, ба қайди давлатӣ гирифта мешавад. Мутаассифона, дар ҷомеа ягон-ягон модароне низ ёфт мешаванд, ки кӯдаки навтавлидро мепартоянд. Дар ин ҳолат тибқи моддаи 21-и қонуни дар боло зикршуда, мақомоти корҳои дохилӣ, васоят ва парасторӣ, ё муассисаи тиббӣ вазифадоранд, ки дар муддати на дертар аз ҳафт рӯзи ёфт шудани кӯдаке, ки падару модараш маълум нест, барои ба қайди давлатӣ гирифтан хабар диҳанд. Шахси кӯдакро ёфта, вазифадор аст, ки дар муддати 48 соат ба мақомоти корҳои дохилӣ ё васояту парастории ҷойи ёфт шудани кӯдак хабар диҳад. Таваллуди чунин кӯдакон дар асоси маълумотнома дар бораи аз куҷо ва дар кадом ҳолат ёфт шудани кӯдак, ҷинси кӯдак, рӯзу моҳи таваллуди кӯдак, ки аз тарафи муассисаи тиббӣ дода шудааст, дар ҳузури намояндагони мақомоти васояту парасторӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд.
– Тақдири кӯдаконе, ки бе сабти ақди никоҳи давлатӣ ё аз никоҳи ғайриқонунии ба истилоҳ дуюму сеюм таваллуд шудаанд, чӣ мешавад?
– Дар қонунгузории ҷории мо ҳамон никоҳе эътироф мегардад, ки дар шӯъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ сабт шуда бошад. Дар ин ҳолат никоҳ қонунӣ эътироф карда мешавад ва фарзандони аз ин никоҳ ба дунё омада зери ҳимояи қонун қарор мегиранд. Аммо нафароне низ ҳастанд, ки бе никоҳи давлатӣ зиндагӣ мекунанд ва аз ин ҳамзистӣ кӯдак ба дунё меояд. Дар ин ҳолат ҳам қонун ҳуқуқи кӯдаконро ҳифз менамояд. Замони бақайдгирии давлатии чунин кӯдакон маълумот дар бораи падар дар асоси сабти аснод дар бораи муқаррар намудани падарӣ ва агар падарӣ муқаррар нашуда бошад, насаби кӯдак бо насаби модар ва номи падари кӯдак бо хоҳиши модар, дар асоси аризаи хаттӣ сабт карда мешавад.
– Дар кадом ҳолат қонун иҷозат медиҳад, то кӯдаке, ки бе қайди никоҳи давлатӣ таваллуд шудааст, бо насаби падар ба қайди давлатӣ гирифта шавад?
–Тибқи як намуди амалиёти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки он муқаррар намудани падарӣ унвон дошта, дар моддаҳои 57-65-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» дарҷ ёфтааст, имкон аст, ки ба кӯдак насаби падар дода шавад. Ин амал чунин сурат мегирад: падару модар тавассути аризаи якҷоя ба шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муроҷиат мекунанд ва падар эътироф мекунад, ки воқеан кӯдаки таваллудшуда фарзанди ӯст, баъдан дар натиҷаи ҳуҷҷатҳои мавҷуда ба кӯдак насаби падар дода мешавад. Агар модари кӯдак фавтида, ғайри қобили амал эътироф шуда бошад ва ё аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум гардидааст, бо розигии мақомоти васояту парасторӣ ин амал танҳо бо аризаи падар низ гузаронида мешавад. Вале дар муқаррар намудани падарӣ ҳолатҳои баҳснок ҳам ба вуҷуд меояд, ки дар ин ҳолат тарафи ҳавасманд ба суд муроҷиат менамояд. Дар сурати ҷой доштани асосҳои кофӣ суд оид ба муқаррар намудани падарии кӯдак қарор мебарорад, ки дар асоси он ба сабти таваллуди кӯдак тағйирот ворид карда мешавад.
– Сари масъалаи талоқ ва хафви истиқрори оиладорӣ чӣ мегӯед? Аз рӯйи баъзе маълумот дар муқоиса ба солҳои пешин шумораи талоқ зиёду ташвишовар ба назар мерасад.
– Ҷудо шудани ҳатто як оиларо дар ҷомеа метавон ҳодисаи номатлубу манфӣ унвон кард. Дар ин ҳолат асосан кӯдакон осеб мебинанд, ки ин хеле ногувор аст. Воқеан, аз рӯйи оморе, ки мо дар даст дорем, бекор кардани ақди никоҳ зиёд шудааст. Ҳаминро ҳам бояд қайд кард, ки тайи солҳои охир пешниҳоди ариза оид ба бекор кардани ақди никоҳ аз тарафи зану шавҳаре, ки муддати тӯлонӣ бо ҳамдигар зиндагӣ надоранд ва ё дар даст ҳалномаи суд дар бораи бекор шудани ақди никоҳ доранду ба шӯъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ барои ба қайди давлатӣ гирифтан муроҷиат накарданд, зиёд шудааст, ки ин ваъз ҳам ба зиёдшавии бақайдгирии талоқ таъсир расонидааст. Ин ҳолатро аз як тараф ба боло рафтани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вобаст намоем, тарафи дигари масъала ин аст, ки бархе аз шаҳрвандони мо ба мақомоти давлатӣ танҳо ҳамон вақт муроҷиат мекунанд, ки ин ё он ҳуҷҷат лозим мешавад.
– Дар хусуси зиёд шудани талоқҳои телефониву SMS- и чӣ мегӯед?
– Бубинед, танҳо он никоҳе ҳукми қонунӣ мегирад, ки дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ сабт шудааст. Дар масъалаи талоқ низ танҳо он ақди никоҳ бекоршуда дониста мешавад, ки тавассути ҳалномаи судӣ бекор карда шуда, дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудааст. Инчунин ҳангоми мавҷуд будани розигии мутақобилаи ҳамсарон барои бекор кардани ақди никоҳ, ки аз ҳамин никоҳ фарзандони умумии ноболиғ надоранд, ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бекор карда мешавад. Сари масъалаи талоқи телефониву SMS-ӣ ҳаминро мегӯям, ки он асоси қонунӣ надорад, зеро чунин тартиби бекор кардани никоҳро қонунгузории оилавии Тоҷикистон пешбинӣ накардааст.
– Сабаби зиёд шудани талоқро дар чӣ мебинед?
– Сабаби зиёд шудани талоқро дар ҷомеа пеш аз ҳама дар омода набудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ мебинам. Онҳо аз нозукиҳои ҳаёти оилавӣ бехабаранд, ба мушкилиҳо тоб намеоваранд. Мард бояд масъулияти сарбон буданро дар оила хуб дарк кунад ва бонуи хонадон низ оиладориро дар ҷойи аввал гузорад. Мутаасифона, чӣ ҷавонону чӣ бузургсолон ба арзишҳои миллии тӯли асрҳо ташаккулёфтаи соҳаи оиладорӣ кам таваҷҷӯҳ мекунанд. Оддитарин сухан таҳаммул намешавад. Аз мушоҳидаҳо ҳангоми баррасии парвандаҳо ва сабти ҳалномаи суд оид ба бекор кардани никоҳ бармеояд, ки дахолати шахсони сеюм ба ҳаёти оилавӣ, ба ҳам мувофиқ наомадани хислатҳо, майзадагӣ, нашъамандӣ ва бефарзандӣ низ сабабҳои оилавайронианд.
– Барои ба қайди давлатӣ гирифтани кӯдаки ба фарзандӣ қабулкардашуда, чӣ ҳуҷҷатҳо лозим аст?
– Ин масъала ҳам нозук ҳасту ҳам мураккаб. Кӯдакеро аз хонаҳои кӯдакон ё ба истилоҳ хона-интернатҳо гирифтану тарбия кардан, аз шахси нияткарда масъулияти зиёдеро талаб менамояд. Мо ҳама огоҳ ҳастем, ки ин кӯдакон зери ҳимои давлат қарор доранд. Шукри Худо имрӯзҳо онҳо бо тамоми шароити лозима таъминанд. Ва ҳар нафаре, ки кӯдакеро ба фарзандхондӣ гирифтаниаст, аввал бояд хуб биандешад, ки шароити зисту зиндагии арзандаро барои ин кӯдак қодир аст муҳайё созад ва дар тарбияи ӯ мисли волидони аслӣ саҳм гузошта метавонад? Ман бисьёр хоҳиш менамудам, ки танҳо баъди дарёфти посух ба ин суол тасмим гирифта шавад. Бақайдгирии фарзандхондии кӯдак бошад, замоне амалӣ мешавад, ки аризаи хаттии ба фарзандӣ қабулкунандагон, хабарномаи мақомоти васояту парасторӣ, ҳалномаи суд дар бораи ба фарзандӣ қабул кардан ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ба фарзандӣ қабулкунандагон пешниҳод карда шавад.
– Ташаккур!
«бонувони Тоҷикистон»